Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон зимни мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар, ки имрӯз, 30-юми май, доир шуд, вазъи кунунии рушди илм, баланд бардоштани сатҳи омӯзиши илмҳои табиӣ ва риёзӣ, ташаккули тафаккури техникӣ, дастгирии ташаббусҳо дар самти ихтироъкорӣ, инчунин, сифат ва самаранокии тарбияи кадрҳои илмиро баррасӣ кард.

Президенти кишвар зимни суханронӣ таъкид намуд, ки дар кишвар қариб 5900 нафар кадрҳои дорои дараҷа ва унвони илмӣ ҳастанд, ки 886 нафар онҳо доктори илм, 4800 нафар номзади илм ва 158 нафар доктор аз рӯйи ихтисос мебошанд.

“Дар кишвар вазъи тайёр кардани олимони ҷавон аз рӯи ихтисосҳои зилзилашиносӣ, энергетика, геология, меъморӣ, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, металлургия, биологияи молекулӣ, генетика, селексия, биотехнология, биохимия ва экология ба тақозои замона ҷавобгӯй нест”, ‑ гуфтааст Эмомалӣ Раҳмон.

Ӯ ҳамчунин зикр кардааст, ки ба олимону мутахассисони илмҳои вирусология, иммунология, генетикаи тиббӣ, мантиқ ва методологияи илм, сотсиология, ҳуқуқи байналмилалӣ, таърих ва назарияи забоншиносӣ, демография, ҷуғрофия дигар илмҳо ниёз ҳаст.

Эмомалӣ Раҳмон дар идома зикр кардааст, ки дар соҳаи маориф якчанд омили нигаронкунанда вуҷуд дорад. Ӯ гуфтааст, ки ҷавонон аз ҷониби олимону донишмандони калонсол кам дастгирӣ мешаванд.

“Дар ин ҷо саволе ба миён меояд, ки барои чӣ баъзе устодону олимони номдори мо дар муддати беш аз панҷоҳ соли фаъолияти илмии худ ақаллан чор – панҷ шогирди сазовор тарбия накардаанд?”, ‑ пурсидааст раиси ҷумҳур.

Акс аз хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон аз вазъи тайёр кардани кадрҳои илмӣ дар Пажӯҳишгоҳи математикаи Академияи миллии илмҳо, ки дар соли 2018 то 2023, 19 нафар ба докторантура аз рӯйи ихтисос қабул шудааст, аз натиҷаи кори хатмкунандагони ин муассиса изҳори нигаронӣ кардааст. Зикр шудааст, ки аз шумораи умумии хатмкардагон танҳо 2 нафар докторант рисолаи илмии ҳимоя кардаанд.

Эмомалӣ Раҳмон сабаби ҳимоя нагардидани рисолаҳои илмии докторантҳоро, ба таври самаранок фаъолият накардани худи докторантҳо ва бемасъулиятии роҳбарони илмии рабт додааст. Ҳамчунин зикр кардааст, дар ин самт ҳолатҳои суиистифода аз вазифа низ ҳастанд.

Ӯ гуфтааст, аз 19 нафар докторанти қабулгардида роҳбарии 8 нафари онҳоро собиқ директори Пажӯҳишгоҳи математика ба зимма гирифтааст, вале ягон нафари онҳо рисолаи илмии худро ҳимоя накардааст.

Чунин муносибат нисбат ба тайёр кардани кадрҳои илмӣ дар дигар пажӯҳишгоҳҳо ва марказҳои Академияи миллии илмҳо ва Академияи илмҳои кишоварзӣ низ дида мешавад.

Масалан, дар Пажӯҳишгоҳи чорводорӣ ва чарогоҳи Академияи илмҳои кишоварзӣ аз соли 2019 то имрӯз 16 нафар докторант аз рӯйи ихтисос аз ҳисоби буҷет қабул карда шудааст. Аммо то имрӯз ягон нафар рисолаи илмии худро ҳимоя накардааст.

Ӯ зикр кардааст, ки дар даҳ соли охир ба Пажӯҳишгоҳи масоили амнияти биологӣ ва биотехнологияи Академияи илмҳои кишоварзӣ 28 нафар аспирант ва 10 нафар унвонҷӯ дохил шудааст, аммо аз 38 нафар ҳамагӣ 3 нафар рисолаи илмии худро ҳимоя кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон ин вазъро ташвишовар арзёбӣ намуда гуфтааст, ки Пажӯҳишгоҳи хокшиносӣ давоми даҳ соли охир 13 нафар докторант аз рӯйи ихтисос қабул кардааст, ки то ҳол ягон нафар рисолаи илмии худро ҳимоя накардаанд.

Эмомалӣ Раҳмон ба намояндагон, кормандони муассисаҳои илмӣ, роҳбарони илмии унвонҷуёну аспирантҳову докторантҳо муроҷиат карда гуфтааст, ки “ман аз шумо мепурсам, ки чунин муносибат илми тоҷикро ба куҷо мебарад?”.

Раисҷумҳури Тоҷикистон аз роҳбарони муассисаҳо ва роҳбарони илмӣ қатъӣ талаб кардааст, ки “ба фориғболиву бемасъулиятӣ, хусумати шахсӣ, рӯйихотирбинӣ, нотавонбинӣ нисбат ба якдигар ва рақобати носолим миёни муассисаҳои илмии кишвар ҳарчи зудтар хотима бахшанд”.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.