Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ҷараёни сафари корӣ ба Эрон бо Алии Хоманаӣ раҳбари олӣ, Масъуди Пизишкиён, раисҷумҳури тозаинтихоб ва Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон вохӯрӣ анҷом дод.
Дидор бо Хоманаӣ
Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Ҷумҳурии исломии Эрон доир ба таҳким ва густариши бемайлони робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Эрон гуфтугӯй кардааст.
Эмомалӣ Раҳмон баргузории муваффақонаи интихоботи раисиҷумҳури Эронро ба Алии Хоманаӣ табрик гуфта, изҳори бовар кардааст, ки “ҷониби Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ҳукумати нави Эрон муносибатҳои ду кишварро боз ҳам рушд хоҳанд дод”.
Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон аз муштаракоти таърихию фарҳангии мардумони дӯсту бародари ду кишвар ва алоқамандии ҷонибҳо ба тавсеаи робитаҳо дар рӯҳияи ҳусни тафоҳум, ҳамёрӣ, эҳтиром ва эътимоди байниҳамдигарӣ ёдовар шуда, “азму иродаи устувори ҷониби Тоҷикистонро ба идомаи ин раванд” таъкид доштааст.
Расонаҳои Эрон аз ин мулоқот менависанд, ки Алии Хоманаӣ гуфтааст, ки барои ҳифзу густариши забони форсӣ ва ҷилавгирӣ аз инзивои он бояд ҳамкории бештар анҷом шавад.
Хоманаӣ дар идома таъкид кардааст, ки Ҷумҳурии исломӣ ҳамчун гузашта омодаи ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар заминаҳои мухталиф аст.
“Густариши равобити Эрон ва Тоҷикистон мухолифине дорад, ки бояд барои муқобила бо онҳо барнома вуҷуд дошта бошад”, - гуфтааст Хоманаӣ.
Аммо дар бораи “мухолифин”-и мавриди назари Хоманаӣ ва “барнома”-и оянда муфассал чизе гуфта нашудааст.
Вохӯрӣ бо Пизишкиён
Дар мулоқот бо Масъуди Пизишкиён, раисҷумҳури тозаинтихоби Эрон Эмомалӣ Раҳмон ӯро ба муносибати оғози фаъолияташ ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон табрик гуфт ва хоҳони комёбиҳо шуд.
Ӯ аз Масъуди Пизишкиён даъват намуд, ки дар фурсати барояш муносиб ба Тоҷикистон бо боздиди расмӣ ташриф орад.
“Зимни суҳбат ҳарду ҷониб аз вазъи кунунии ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷорат, энергетика, саноат, ҳамлу нақл, кишоварзӣ ва тандурустӣ, илму маориф ва фарҳанг изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид доштанд, ки ин раванди судбахш дар оянда низ бояд идома ёбад”, - зикр мешавад дар хабари дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон.
Ҳамчунин, зимни мулоқот ба андозаи панҷ маротиб афзоиш ёфтани табодули мол, ки тайи солҳои ахир ба назар мерасад, бозгӯй аз иқтидори бузурги ҳамкории иқтисодию тиҷоратии ду кишвари бародар номида шуд.
Илова бар ин, ҳарду ҷониб иқдоми лағви низоми раводидро барои рафтуомад миёни ду кишвар ба муҳлати то 30 рӯз рӯйдоди муҳим номида, изҳори бовар намуданд, ки он ба рушди сайёҳӣ ва умуман робитаҳои дуҷонибаи мардумони ду кишвар мусоидати фаъол хоҳад дошт.
Масъуди Пизишкиён дар сӯҳбат бо Эмомалӣ Раҳмон аз густариши ҳамкориҳо сухан карда, изҳор доштааст, ки бояд талош кунем марзҳои сиёсиро камранг ва муносибатҳоро пурранг кунем.
“Дидор ва муомила бо шумо барои мо мутафовит ва гуфтугӯ бо забони муштарак бисёр ширин ва дӯстдоштанӣ аст ва бояд аз ин бистар ва зарфиятҳои гуногуни мавҷуд барои таъмини манофеи мутақобил баҳра бигирем”, - афзудааст Пизишкиён.
Дидор бо Қолибоф
Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон доир ба ҷанбаҳои мухталифи муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судбахши ду кишвари бародар гуфтугӯй кардааст.
Зикр гардидааст, ки арзишҳои муштараки таърихиву фарҳангӣ ва тамаддунии ду кишвари ҳамзабон заминаи устувори муносиботи дуҷонибаро ташкил медиҳанд.
“Зимнан аз раванди таҳкиму густариши робитаҳои парлумонӣ ва фаъолияти Гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ изҳори қаноат карда шуд”, - таъкид мешавад дар хабари дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон.
Инчунин, Эмомалӣ Раҳмон аз Муҳаммад Боқири Қолибоф даъват намудааст, ки ба Тоҷикистон дар фурсати барояш муносиб ташриф орад.
“Шавҳаратро ёфта биёр, пулатро мерӯёнем”. Саргардонии як зан барои рӯёнидани ҳаққи кӯдаконаш аз падарашон
Боздошти як мард бо гумони фиреби хоҳишмандони кор дар Аврупо
“Хабари паҳнгардида асос надорад!”. Милитсияи пойтахт гуфт, ба аҳолӣ тавассути “WhatsApp” паём нафиристодааст
Раиси як ҷамоатро барои “ҳоҷиошӣ” беш аз 57 ҳазор сомонӣ ҷарима ва аз вазифа барканор карданд
Бекор шудани маҳдудият дар фурӯши гази моеъ нархи онро каме поин кард
Дар Ховалинг мактаберо ба номи як қурбонии низои марзии Тоҷикистону Қирғизистон гузоштанд
Ӯзбекистон расмиёти дохилии тартиби соддакунии боркашонӣ бо Тоҷикистонро ба анҷом расонид
Шаҳрвандии Русия дореду дар қайди ҳарбӣ нестед. Метавонед аз шаҳрвандӣ маҳрум шавед
Оё электромобилҳо метавонанд камбуди мавсимии неруи барқро дар Тоҷикистон зиёдтар кунанд?
Зиндагии маъмулӣ пас аз зиндон. Маҳбусони собиқ чӣ гуна ба он бармегарданд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста