Аз гуфтгузори Эмомалӣ Раҳмон ва Масъуди Пизишкиён, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва Эрон дар робита ба лағви раводид чунин бардошт ҳосил мешавад, ки ду кишвар раводид байни ҳамдигарро пурра лағв кардаанд. Ҳарчанд аз ВКХ Тоҷикистон расман ин хабарро тасдиқ ё рад накарданд, вале чанд рӯз пеш як гурӯҳ шаҳрвандони Тоҷикистон тариқи Туркия бидуни раводид ба Эрон ворид шудаанд.

Дар вохӯрии охирини намояндагони Тоҷикистону Эрон, ки рӯзи 16-уми январ бо ҳузури сарони ду кишвар дар Душанбе баргузор шуд, Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки худаш аввалин шуда қарори бекор кардани раводид байни ду кишварро қабул кардааст ва “ҳоло шаҳрвандони Эрон метавонанд ҳар вақт ки хоҳанд, бо аҳли оилаашон ба Тоҷикистон сафар кунанд”.

Ҳамчунин, Масъуд Пизишкиён ҳам дар як мулоқоташ бо эрониёни муқими Тоҷикистон дар Душанбе гуфт, қабл аз сафар ба Тоҷикистон низоми раводидро миёни ҳама шаҳрҳо бекор кардаанд.

“Баҳси раводид қабл аз омадани мо ҳал шуд. То ҷое, ки битавонем, раванди рафту омад байни Эрон ва Тоҷикистонро соддатар мекунем. Ин барои ҳарду кишвар судманд хоҳад буд”, - гуфт Пизишкиён.

Дар ҳамин ҳол, як гурӯҳ шаҳрвандони Тоҷикистон дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфтанд, ки се рӯзи пеш аз тариқи Туркия бидуни раводид, ба Эрон ворид шуданд.

“Азия-Плюс” барои дарёфти шарҳи лағви пурраи раводид байни ду кишвар ба ВКХ Тоҷикистон расман муроҷиат кард ва интизори шарҳ аст.

 

Сайёҳон дар яке аз шаҳрҳои Эрон
Акс аз сомонаи bigasia.ru

Дар санади лағви раводид байни ду кишвар ҷониби Тоҷикистон бекор кардани виза ба тамоми шаҳрҳои Эронро хоста буд, вале ҷониби Эрон шарт гузошт, ки дар навбати аввал танҳо парвоз байни Душанбеву Теҳрон ва баръакс бераводид анҷом дода шавад.

Ҳамин тариқ, шаҳрвандони ду кишвар ба ҷуз хатсайри ҳавоии Душанбе–Теҳрон–Душанбе ба дигар шаҳрҳо наметавонистанд, ки бераводид ворид шаванд.

Бояд гуфт, ки дар пайи сафари Иброҳим Раисӣ, раисҷумҳури пешини Эрон ба Тоҷикистон дар моҳи ноябри соли 2023 байни ду кишвар ёддошти тафоҳум дар мавриди лағви раводид ба имзо расид.

Пас аз қариб 10 моҳ мақомоти масъули ду кишвар санадҳои лозимаро тартиб дода, дар парлумони кишварҳо тасдиқ карда, аз 10-уми августи соли 2024 низоми раводидро миёни Тоҷикистону Эрон бекор карданд.

Аммо Эрон низоми раводидро бо шартҳои зерин лағв кард:

- давомнокии будубош: 30 рӯз;

- намуди сафар: танҳо сафари ҳавоӣ;

- масир: аз Душанбе ба Теҳрон ва баръакс;

Ҳоло маълум нест, ки сафари шаҳрвандони ду кишвар ба ҳама зайл – бо роҳи заминӣ ва ҳавоӣ – бекор шудааст ва ё боз қайду шартҳое дорад.

Ҷузъиёти дигари сафари бидуни раводидро дар ин матлаби “Азия-Плюс” мутолиа кунед: “Аз А то Я-и сафари бидуни раводид барои шаҳрвандони Тоҷикистон ба Эрон”. Инчунин, сабабу баҳонаҳои сафари шаҳрвандони Тоҷикистон ба Эронро дар ин матлаб бихонед.

Ёдовар мешавем, ки баъди чандин соли сарди миёни ду кишвар, бо ба сари қудрат омадани Иброҳим Раисӣ, раисҷумҳури пешини Эрон дар моҳи августи соли 2021 гарм шудани равобит оғоз шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.