Аз рӯйи натиҷаҳои соли 2024 Тоҷикистон аз лиҳози сатҳи озодиҳои сиёсӣ ва ҳуқуқҳои маданӣ (шаҳрвандӣ) аз 100 балли имконпазир ҳамагӣ 5 балл гирифт ва ба рӯйхати кишварҳо бо нишондиҳандаҳои бадтарини озодӣ дар ҷаҳон тайи 10 соли охир шомил шуд. Дар ин бора дар гузориши "Хонаи Озодӣ" ё Freedom House хабар дода мешавад.
Аз 67 кишвару қаламрав дар саросари ҷаҳон, ки ба онҳо мақоми “ноозод” дода шудааст, вазъи бадтарин дар 17 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон зикр шудааст.
Чунин маълумотро муаллифони гузориши “Freedom in the World 2025” овардаанд, ки ҳамасола аз ҷониби созмони байнулмилалии ғайриҳукуматии Freedom House нашр мешавад.
Дар ин кишварҳо таҳлилгарон коҳиши сатҳи ҳуқуқҳои сиёсӣ ва озодиҳои шаҳрвандиро дар давоми даҳсолаи охир ба қайд гирифтаанд.
Ба ин тариқ, соли 2005 Тоҷикистон аз лиҳози сатҳи озодӣ 30 балл баҳогузорӣ шуда, дар соли 2024 ин нишондиҳанда то 5 балл поин рафтааст. Ҳуқуқҳои сиёсӣ дар кишвар имсол аз 40 балли имконпазир сифр (0) ва озодиҳои шаҳрвандӣ - 5 балл аз 60 балли имконпазир баҳогузорӣ шудаанд.

Аз лиҳози ҳуқуқҳои сиёсӣ баҳои Тоҷикистон тайи 7 соли охир сифр боқӣ монда, сатҳи озодиҳои шаҳрвандӣ сол то сол бадтар мешавад.
Ба рӯйхати “бадтаринҳо” инчунин Туркманистон, Афғонистон, Озарбойҷон, Беларус, Кореяи Шимолӣ, Сурия, Эритрея ва дигар кишварҳо низ шомил шудаанд.
Муаллифони гузориш зикр мекунанд, ки ба зинаи паст дар радабандӣ сатҳи баланди фасод, фишор болои волоияти қонун ва афзоиши таъқиби мухолифон таъсир мерасонад. Ғайр аз ин, таъқиби рӯзноманигорон ва ҳуқуқшиносон ба як шеваи маъмулӣ табдил ёфтааст.
Дар гузориш гуфта мешавад, дар даҳсолаи охир дар камаш 78 кишвар додрасҳо, додситонҳо ва адвокатҳо бо иттиҳомҳои сиёсӣ боздошт, ҳабс ё айбдор шудаанд.
Дар мавриди ҳолатҳои шадидтарини чунин таъқибҳо дар соли гузашта Русия ва Беларус зикр шудаанд.
Бузургтарин коҳиши 10-сола
Ба рӯйхати кишварҳое, ки дар даҳсолаи охир сатҳи озодиашон бештар коҳиш ёфтааст, 38 давлат аз саросари ҷаҳон шомил шудаанд. Аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, ғайр аз Тоҷикистон, ба ин рӯйхат Қирғизистон ва Афғонистон зикр шудаанд. Ҳамчунин дар он Русия, Украина, Покистон ва Озарбойҷон қарор доранд. Дар зинаҳои аввали рӯйхат Никарагуа ва Тунис ҷойгир шудаанд.
Бар асоси натиҷаҳои соли 2024, беҳтарин нишондиҳанда аз нигоҳи сатҳи озодӣ дар минтақа ба Қирғизистон тааллуқ дорад (26 балл аз 100), дар ҳоле ки бадтарин вазъ дар Туркманистон аст (1 балл).
Казоқистон 23 балл, Ӯзбекистон – 12, Афғонистон – 6 балл гирифтаанд.

Коршиносон зикр мекунанд, ки соли гузашта дар дар интихоботи президентии Ӯзбекистон дасткориҳо сабт шудаанд, аз ҷумла назорат аз болои номзадҳо, тағйири қоидаҳои интихобот ва истифодаи васеи захираҳои давлатӣ.
Русия 12 балл гирифта, вазъияташ нисбат ба соли гузашта 1 балл бадтар шудааст. Зинаи паст дар радабандӣ инчунин ҷанг бо Украина таъсир расонидааст.
Ҳеҷ яке аз кишварҳои минтақа, аз ҷумла Русия, ба рӯйхати давлатҳое, ки сатҳи ҳуқуқҳои сиёсӣ ва озодиҳои маданиро беҳтар кардаанд, дохил нашудаанд.
Сатҳи озодӣ 19 сол пайиҳам коҳиш меёбад
Гузориши "Freedom in the World 2025" вазъи озодӣ дар 195 кишвар ва 13 қаламравро фаро мегирад. Сатҳи озодӣ дар радабандӣ бар асоси 25 нишондиҳанда таҳия мешавад, ки ҳар яке аз 0 то 4 балл баҳогузорӣ мешавад.
Бадтарин вазъ дар соли 2024 дар манотиқи ғасбкардаи Русия дар Украина мушоҳида шудааст – таҳлилгарон ҳисоб кардаанд, ки сатҳи озодӣ дар ин минтақаҳо ҳатто ба манфӣ расидааст. Вазъ дар Тибет (0 балл), Судони Ҷанубӣ ва Туркманистон (1 балл) низ аз ҷумлаи бадтаринҳо номбар шудааст.
Финландия бо 100 балл аз 100 озодтарин кишвар эътироф шудааст. Норвегия, Шветсия ва Зеландияи Нав 1 балл камтар - 99 балл гирифтаанд.
Ба иттилои Freedom House, вазъи озодӣ дар ҷаҳон ҳарчи камтар хушбинона буда, сатҳи он 19 сол пайиҳам коҳиш меёбад.
Дар соли 2024 муноқишаҳои мусаллаҳона, ҳамлаҳо ба ниҳодҳои демократӣ,густариши худкомагӣ (авторитаризм) аз ҷониби роҳбарони интихобшуда сабабҳои асосии ин раванд дониста мешаванд.

Бар асоси натиҷаҳои соли гузашта, дар 60 кишвар сатҳи ҳуқуқҳои сиёсӣ ва озодиҳои шаҳрвандӣ бадтар шуда, танҳо дар 34 кишвар беҳбудӣ ба мушоҳида расидааст.
Таҳлилгарон зикр мекунанд, ки 80% аҳолии ҷаҳон дар кишварҳои ғайриозод ё қисман озод зиндагӣ мекунанд. Дар соли 2024 беш аз 170 млн нафар дар кишварҳое зиндагӣ мекарданд, ки мақоми онҳо аз "қисман озод" ба "ғайриозод" гузаштааст.
Дар маҷмуъ, 15%-и аҳолии ҷаҳон беҳбудии сатҳи озодиро эҳсос карда, аммо барои 42% вазъ бадтар шудааст.
Муаллифони гузориш таъкид мекунанд, ки агар барои ҳалли мушкилоти кӯҳна роҳу воситаҳои нав истифода шаванд, вазъро метавон тағйир дод. Ҳамаи онҳое, ки арзиши ҳуқуқҳои сиёсӣ ва озодиҳои шаҳрвандиро дарк мекунанд, бояд дастаҷамъона барои ҳифзи демократия амал кунанд ва ба истифодаи имконот ҷиҳати пешрафт омода бошанд.
Чӣ гуна метавон фаҳмид, ки бонк мушкил дорад ва боэътимод нест?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 апрели соли 2025
Таркиш дар як бандари Эрон. Расонаҳо аз 4 кушта ва беш аз 500 захмӣ хабар медиҳанд
Русия бори аввал эътироф кард, ки дар Курск низомиёни Куриёи Шимолӣ меҷанганд
Медали нуқраи Сомон Маҳмадбеков ва биринҷии Абубакр Шеров. Натиҷаи рӯзи дуюми мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё
Қаҳрамонии як тоҷик дар Маскав. Ӯ сӯхтори мошинро хомӯш кардааст
Дар Душанбе ва Хатлон сохтмонҳои "худсарона сохта"-ро тахриб мекунанд. Қонунгузорӣ дар ин бора чӣ мегӯяд?
Қоҳир Расулзода дар Маскав бо Михаил Мишустин ҳамкории тиҷоратии Тоҷикистону Русияро баррасӣ кард
Филми “Сарчашма” аз Тоҷикистон дар Қирғизистон соҳиби ҷоизаи “Таваҷҷуҳи тамошобин” шуд
Аз 1 май меъёри аксиз барои бензину газ боло меравад. Ин ба нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо чӣ таъсир мерасонад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста