Нимаи дуюми рӯзи 28-уми май нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода директори иҷроияи Бонки ҷаҳонӣ Йорг Фриденро ба ҳузур пазируфт.

Тавре сармушовири хадамоти матуботи президенти Тоҷикистон Субҳиддин Муҳиддинов хабар дод, дар вохӯрӣ масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва стратегияи муносибатҳои минбаъдаи Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд.

«Ба масъалаи амалисозии лоиҳаи CASA-1000, ки дар он таъмини интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ва Афғонистону Покистон пешбинӣ мешавад, таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд», - гуфт манбаъ.

Ба гуфтаи ӯ, ҷонибҳо манфиатдории худро ба таҳкими ҳамкориҳои минбаъда миёни Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ изҳор карданд.

Қобили зикр аст, ки дар гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ Йорг Фриден Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад.