Имрӯз, 26-уми июни соли 2023, Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон як қатор тағйироти кадрӣ анҷом дод. Хабари тағйироти кадриро сомонаи расмии Президенти Тоҷикистон интишор намуд.

Ҳамин тавр, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Мавсума Муинӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси шаҳри Бӯстони вилояти Суғд озод гардид. Мавсума Муинӣ қаблан дар вазифаи муовини раиси шаҳри Душанбе низ фаъолият кардааст ва ҳоло, номзадии ӯ барои дарёфти курсӣ дар парлумон аз ҳавзаи якмандатии Хуҷанд №13 пешниҳод шудааст.

Ба ҷойи Мавсума Муинӣ, ҳамакнун Нигорахон Ғаффорзода, ки то ин лаҳза дар вазифаи муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекард, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бӯстон таъин гардид.

Ба ҷойи Нигорахон Ғаффорзода бошад, Фирӯза Нуруллозода бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оила таъин карда шуд.

Нигорахон Ғаффорзода
Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ

Раҷаб Ашурзода низ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд озод ва ба ҷойи ӯ Зуфар Исмоилзода таъин карда шуд. Дар хусуси вазифаи нави Раҷаб Ашурзода ва ҳамчунин, фаъолияти қаблии Зуфар Исмоилзода маълумот дода намешавад.

Инчунин, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Сафарзода муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд. Ӯ то ин дам дар вазифаи сардори Раёсати сохтмони асосии Вазорати маориф ва илми Ҷуиҳурии Тоҷикистон фаъолият мекард.

Ҳабибулло Амирбекзода низ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва ба ҷойи ӯ Рустам Холматиён таъин карда шуд.

Зиёдулло Салимзода бошад, муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.

Файзулло Қувваталӣ Бобоҷон директори Муассисаи давлатии қароргоҳи “Искандаркӯл”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Инчунин, бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Азизӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини директори Муассисаи давлатии “Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” озод гардид.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.