Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи нави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи воситаҳои ахбори омма”, ки аз сӯи Маҷлиси намоядагон бо ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ таҳия шуда буд, рад кард.
Муаллифони тарҳи нави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи воситаҳои ахбори омма” ду қонуни қаблии соҳаи рӯзноманигорӣ: Қонунҳои ҶТ “Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ” ва “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар васоити ахбори омма”-ро якҷо карда буданд. Ҳарчанд гуфта мешуд, ин қонун дар асоси таҷрибаи пешрафта ва хулосаҳои коршиносони байналмилалӣ омода шудааст ва кори расонаҳоро дар кишвар дуруст танзим хоҳад кард, аммо дар қарори ҳукумат омадааст, ки “он дар шакли коста, нопурра ва бе танзими масъалаҳои муҳимми соҳа таҳия гардидааст”.
Дар қарори ҳукумат якчанд сабабе, ки боиси напазируфтани лоиҳаи қонуни нави матбуот гардидааст, оварда шудааст. Ба гуфтаи мақомот, лоиҳаи қонуни нав мавзуи танзими расонаҳоро пурра дар бар нагирифтааст. Ҳукумат хостааст, бояд ҳар як намуди расона (телевизион, радио, матбуот ва оҷонсиҳо) дар алоҳидагӣ дар қонун танзим шавад.
“Аз ҷумла ҳангоми таҳия таҷрибаи дар амал татбиқгардидаи мақомоти давлатӣ дар самти танзими давлатии воситаҳои ахбори омма ба пуррагӣ истифода нагардида, вобаста ба ҳар як намуди воситаи ахбори омма, ки шакли фаъолияташон фарқ мекунанд, мебояд боби алоҳида бахшида шуда, дар он тарзи ташкил, лаҳзаи оғози фаъолият, зери танзими давлатӣ қарор гирифтан, кадом ҳуҷҷатҳои иҷозатномавӣ ва иҷозатдиҳӣ доштан ва дигар масъалаҳо пешбинӣ карда шавад”, - омадааст дар қарори Ҳукумат.
Сабаби дигаре, ки ҳукумат барои рад кардани лоиҳаи нави қонуни матбуот зикр кардааст, марбути расонаҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон аст. Ба гуфтаи мақомот, дар лоиҳа мавзуи воситаҳои ахбори оммаи хориҷӣ дар Тоҷикистон пурра ҳаллу фасл гардидааст, аммо бояд ба масъалаҳои соҳибистиқлолӣ, амнияти давлатӣ, тамомияти арзӣ, фарҳанг ва маданияти миллӣ диққати махсус дода шавад.
Яке аз эродҳои дигари ҳукумат ба қонуни нави матбуот хатоҳои зиёди имлоӣ, техникӣ ва мутобиқ набудани матни русии он ба матни забони тоҷикӣ будааст, ки мақомот хостаанд, ин хатоҳо ислоҳ шаванд.
Дар хулосаи қарори ҳукумати кишвар омадааст, ки “масъалаи ворид намудани муқаррароти лоиҳаи Қонуни мазкур ба лоиҳаи Кодекси иттилооти Тоҷикистон баррасӣ карда шавад”.
Ёдовар мешавем, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи воситаҳои ахбори омма” бо ташаббуси Кумитаи оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилооти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ давоми қариб як соли охир таҳия шудааст.
Дар тарҳи нави “Қонун дар бораи воситаҳои ахобори омма” чӣ иловаву дигаргуниҳо ҳаст, дар матлаби “Аз сабти онлайни расона то 60% муҳтавои ватанӣ ва забони ишора. Тарҳи қонуни нави ВАО чӣ дорад?” мутолиа кунед.
Зидди ҳама. “Ҷанги тиҷоратӣ”-и Доналд Трамп ба минтақа ва Тоҷикистон чӣ таъсир мерасонад?
Аз бинои нави ҲХДТ то корхонаи заргарӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе кадом иншоотро боз кард?
Суғду баъзе навоҳии тобеи марказ монд. Душанбе ҳам аз иҷрои 100 дарсади нақшаи даъват хабар дод
“12 мушак ба сӯи абрҳои жолазо партоб шуд”. КҲФ паёмади боронҳои шадиди ду рӯзи гузаштаро гуфт ва ба сокинон ҳушдор дод
Шабакаҳои тақсимоти барқ: Маҳдудияти интиқоли барқ давоми ду рӯзи оянда бекор мешавад
Як сол пеш Сулаймони хурдсол сӯзандоруи Zolgensma гирифт. Ҳоло ӯ чӣ ҳол дорад?
Трамп: “Амалиёт алайҳи Эронро Исроил роҳбарӣ хоҳад кард”. Пизишкиён: “Думболи бомби ҳастаӣ нестем, аммо иззат мехоҳем”
Ҳизби ҳоким соҳиби бинои нав шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Ҳаваси субҳи содиқ” қисми 1
“Настоящее время”: Беш аз 500 шаҳрванди Тоҷикистон дар марзи Русияву Қазоқистон банд мондаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста