Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва раиси ҳукумати кишвар имрӯз, 7-уми январи соли 2025, бо судури чанд фармон ва қарор тағйироти кадрӣ намуд.
Ҳамин тавр, бо фармони Эмомалӣ Раҳмон иҷрокунандаи вазифаи раиси як шаҳр ва раиси се ноҳия аз вазифа озод ва ба ҷойи онҳо нафарони дигар таъин шуданд.
Шарифӣ Фирӯза Бурихонзода аз вазифаи иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Нораки вилояти Хатлон озод ва ба ҷойи ӯ Мирзозода Иброҳим Холмуродро иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Норак таъин кард.
Иброҳим Мирзозода то ин лаҳза роҳбари кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе буд.
Шоҳиён Зарифхуҷа Фақер аз вазифаи раиси ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон озод ва ба ҷойи ӯ Иброҳимиён Акмал Комилзода иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Панҷ таъин карда шуд.
Мардзода Одинашо Миршаб аз вазифаи раиси ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод ва ба ҷойи ӯ Давлатзода Наҷмиддин Сайфиддин иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ванҷ таъин гардид.
Наҷмиддин Давлатзода то ин лаҳза ба ҳайси муовини раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дошт ва бо амри раиси ҷумҳур аз ин маснад озод гардид.
Ҷобирзода Додарҷон Пулод аз вазифаи раиси ноҳияи Нуробод озод ва ба ҷойи ӯ Солеҳзода Фатҳуддин Ҳусен иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Нуробод таъин карда шуд.
Ҳамчунин, Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси раиси ҳукумати кишвар низ чанд тағйироти кадрӣ анҷом дод.
Муминзод Камолиддин Рамазон аз вазифаи раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба ҷойи ӯ Ҷумахонзода Ҷамшед Ҷурахон таъин карда шуд.
Давлатзода Усмон Гул аз вазифаи раиси Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва ба ҷойи ӯ Табарзода Ҷамшед Авзал таъин гардид.
Ҷамшед Табарзода то ин лаҳза дар курсии муовини якум раиси шаҳри Душанбе фаъолият дошт.
Бобозода Раҳим Бозор аз вазифаи муовини якуми вазири нақлиёт ва Зеваршоев Зеваршо Тайғуншоевич аз вазифаи муовини вазири кишоварзии Тоҷикистон бинобар ба нафақа баромадан озод гардиданд.
Назирмадзода Бахтиёр аз вазифаи муовини якум ва Раҳимзода Баҳодур Карим аз вазифаи муовини директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуданд.
Ба ҷойи онҳо Зуҳурзода Хуршед Ҳасан муовини якум ва Ҷамолзода Абдуғаффор Абдуҳамид муовини директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд.
Қаландарзода Ҳабибулло Қаландар аз вазифаи муовини раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардид.
Муминзода Мустафо Одина муовини раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.
Муродзода Аҳмадхон Амрохон директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъин карда шуд. Ӯ дар ин вазифа Насрулло Каримзодаро иваз кард, ки чанде пештар аз вазифа озод шуда буд.
Маҳбатшозода Арабгул Абдулназар директори Муассисаи таълимии давлатии “Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ дар ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон” таъин карда шуд.
Ятимзода Муҳаммади Аҳмад аз вазифаи роҳбари Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” озод ва ба ҷойи ӯ Раҳмонзода Амрулло Абдулло таъин карда шуд.
Шарофзода Фарҳод Разоқ директори Муассисаи давлатии “Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабз”-и Муассисаи давлатии “Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон” таъин гардид.
Саидзода Саидмаҳмуд Сайдаҳмад ректори Муассисаи давлатии “Донишкадаи байналмилалии Левакант”-и Муассисаи давлатии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон” таъин карда шуд.
Сафозода Абдумаҷид Карим ректори Муассисаи давлатии “Донишкадаи байналмилалии Данғара”-и Муассисаи давлатии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон” таъин гардид.
Иброҳимзода Илҳомуддин Раҷабалӣ директори Муассисаи давлатии “Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ”-и Муассисаи давлатии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон” таъин карда шуд.
Ширинзода Наҷмуддин Асомадин директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии такмили ихтисоси кормандони соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонӣ”-и Муассисаи давлатии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон” таъин гардид.
Давлатқадамов Бахтовар Саодатқадамович аз вазифаи директори Муассисаи таълимии давлатии “Мактаб- интернати ҷумхуриявӣ дар ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон” озод карда шуд.
Бояд гуфт, ки ба истиснои ду тағйироти кадрӣ, боқӣ ҳамаи он бо сабаби ба кори дигар гузаштан анҷом шудааст.
Ҳафтаи гузашта низ Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи ниҳодҳои давлатӣ ва маҳаллӣ тағйироти кадрӣ ба амал овард ва он нахустин тағйироти кадрии президент дар соли 2025 буд.
НАВШУДА. Бег Сабур ва Шералӣ Мирзо аз вазифа озод шуданд. Номзадии Юсуф Раҳмон барои барканорӣ ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод шуд
Ҳашари якҷояи сокинони ноҳияҳои наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон
“Зиндагардонандаи осори таърихӣ ва фарҳангӣ”. Даргузашти Ҳабиб Саид, адиб ва рӯзноманигори тоҷик дар Русия
Парвоз ба Панҷакент боз ба таъхир афтод. Тавоноии ҳавопаймое, ки ба ин масир парвоз мекунад, чӣ гуна аст?
Арабистони Саудӣ гувоҳномаи эмгузаронӣ аз менингитро талаб мекунад. Дар куҷои Тоҷикистон метавон эм гирифт?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 январи соли 2025
Додрас ба хонаи машваратӣ рафт. Гумонбарони парвандаи “табаддулоти давлатӣ” суханони охирини худро гуфтанд
Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ба ҷойи Рустам Назарзода. Раиси нави КҲФ кист ва роҳбари пешини он бо кадом иқдомаш дар хотирҳо монд?
Гирифторӣ ба бемории зардпарвин дар Суғд зиёд шудааст
Ба хонаводаи қурбониёни кони “Фон-Яғноб” чӣ қадар ҷубронпулӣ пардохт мешавад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста