Кормандони Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ талоши навбатии ба қаламрави ФР ворид кардани миқдори калони ҳероинро қатъ карданд

Тавре дар Хадамоти гумрук ба «АП» иттилоъ доданд, аснои азназаргузаронии гумрукии мусофироне, ки аз Душанбе ба Санкт-Петербург парвоз мекарданд,  як духтари 22-сола бо гумони муомилаи ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар дастгир шуд.

«Аснои тафтиши шахсӣ дар борхалтаи ӯ нихонгоҳ пайдо мегардад, ки дар дохили он миқдори моддаҳои рангашон сафед ҷой дода шуда будаанд. Тибқи натиҷаи таҳлили лабораторӣ муайян карда шуд, ки моддаи мусодирагардида ҳероин буда, вазнаш наздики 3,5 кг-ро ташкил медиҳад», -зикр кард манбаъ.

Аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, ки онро додситонии нақлиётӣ мавриди тафтиш қарор додааст.

Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки аз оғози сол кормандони гумрук беш аз 7 килограмм маводи сахттаъсири ҳероин мусодира намудаанд.