Зафарбек Давлатзода, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуро аз марзи ҷамоати Хистеварз ва деҳаи Борбодуки ноҳияи Лайлаки Қирғизистон ба "Азия-Плюс" ҳодисаи тирпаронӣ дар ин минтақа марзиро таъйид кард ва гуфт, ки ҳоло ӣамоми масъулони вилоятӣ дар марз қарор доранд.
Давлатзода гуфт, ки дар ҳоли ҳозир вазъ ором шуд, тирпаронӣ нест ва вазъият таҳти контроли низомиён аст.
"Марзбонон вохӯрӣ гузарониданд, фардо боз вохӯрӣ мешавад. Дар мавриди захмиҳо аз тарафи Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир чизе гуфта наметавонам, таҳқиқот муайян мекунад ва фардо маълумоти дақиқ медиҳем".
Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гуфт, ки сабабу далелҳои сар задани тирпарониро намедонад ва фардо инро таҳқиқот муайян мекунад.
Бино ба иттилои расида бар асари тирпарронии бегоҳии 12-уми апрел дар марзи ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон ва ноҳияи Лайлаки Қирғизистон аз ду ҷониб чанд нафар захмӣ шудаанд. Аммо ҳолати захмӣ шудани марзбононро то кунун мақомоти расмии ду тараф тасдиқ накардаанд.
Радиои Озодӣ бо такя ба манобеъи худ хабар дод, ки дар натиҷаи тирпаронӣ як сарбози тоҷик захмӣ шуда, дар бемористон бистари шудааст. Манбаъ гуфтааст, дар тирпарронии шоми сешанбе сержант, Зоир Саидумарови 27-сола аз ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон, маҷруҳ шудааст. "Вай аз қафаси сина ва шикам тир хӯрдааст. Ҳоло дар ҷарроҳӣ аст ва вазъаш вахим аст"-гуфтаст, манбаи "Озодӣ".
Манобеи “Азия-Плюс” бегоҳии имрӯз хабар доданд, ки ҳаракати чанд тонки ҷониби қирғизҳоро ба самти Хистеварз мушоҳида кардаанд.
“Мардум оҳиста ба поён фаромада истодаанд. Садои тир нест, вале овози ҳаракати тонкҳо шунида мешавад”,-гуфт, як сокини ҷамоати Хистеварз. Сокини дигари ин ҷамоат ҳам, ҳодисаи тирпаронӣ дар марзи миёни Хистеварз ва ноҳияи Лайлакро таъйид кард, вале гуфт сабаби тирпарониро намедонанд.
Уғулой Қосидова, масъули дафтари матбуоти ҳукумати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар саҳифаи Фейсбукии гуруҳи “Хистеварз” аз корбарони он хоҳиш кардааст, ки дар мавриди рухдоди муноқишаи марзӣ дар ин ҷамоат ҳаргуна овозаро паҳн накунанд ва мардумро ба таҳлука наандозанд.
Манба гуфтааст: “Айни ҳол вазъ дар хатти марз ором аст, мардум дар ҳаёти муқаррарӣ қарор доранд, ҳеҷ ҷойи воҳимаву хавотирӣ нест. Ба иттилои мӯътамади давлатӣ такя кунед ва аз хонаҳоятон берун наравед!”
Хабаргузории қирғизии 24.kg такя ба иттилои Хадамоти марзбонии Қирғизистон хабар додааст, ки дар натиҷаи тирпаронӣ дар марзи миёни Қирғизистону Тоҷикистон як марзбони ин кишвар захмӣ шудааст. Хабаргузорӣ гуфтааст, ки тахминан соати 21:17 дар ҷараёни музокироти намояндагони марзбонии ду кишвар, ки ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда буданд, нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ба сӯи низомиёни Қирғизистон тир кушодаанд.
Ин тирпаронӣ дар ҳолест, ки субҳи 12-уми апрел раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҳамроҳ чанде аз роҳбарони ниҳодҳои қудратӣ, раисони Исфараву ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар гузаргоҳи сарҳадии “Гулистон”-и шаҳри Исфара бо раиси вилояти Бодканд Абдикарим Алимбаев дидору гуфтугуй карда буданд.
Мақомоти вилоят дар хабарномае гуфтанд, ки ҷонибҳо дар мулоқот хостори тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ бобати пешгирии муноқишаҳо ва ҳолатҳои ба муноқишаҳо сабабшаванда таъкид кардаанд. Дар ин мулоқот бино ба гуфти мақомот таъмини амнияти сокинони наздисарҳадӣ дар ҳарду тарафи марз масъалаи асосӣ буд ва бояд ҷонибҳо дар ҳамкорӣ ва якдигарфаҳмӣ фаъолият намоянд ва бояд анъанаҳои неки ҳамсоядориро рияо кунанд.
“Ҷонибҳо ба хулоса омаданд, ки вобаста ба масъалаи истифода аз захираҳои обӣ дар сатҳи муовинони раисони вилоятҳо ва роҳбарони идораҳои обёрии ду тараф гуруҳи корӣ ташкил шуда, масъалаҳои мавҷуда дар ин самтро баррасӣ ва якҷо ҳал созанд”.-хабар дода буд, Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд.
Ҳамчунин имрӯз раисҷумҳури Қирғизистон сафири нави кишвараш дар Тоҷикистонро таъин кард, ки ба ин мақом вазири собиқи корҳои хориҷӣ ва сафири пешини Қирғизистон дар Олмон Эрлан Абдилдаев таъин шуд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Зарари тӯфони чангу ғубор ба Тоҷикистон чанд аст?
Манъи тасвири “мавҷудоти зинда” дар расонаҳо ва мухолифат бо мусиқӣ дар бозори Тирмиз. Маҳдудиятҳои нави Толибон
Ҳукумат лоиҳаи қонуни нави матбуотро напазируфт
Қирғизистон насби ёдгориҳо дар қабристони мусулмононро манъ мекунад
Таъмини деҳоти кишвар бо барқ. Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаҳои таъмини нерӯи барқро дар ВМКБ ифтитоҳ кард
“Барои модарони ҷавонони гумроҳ ғамгин мешавам”. Муфтии Тоҷикистон ба саволҳои шаръии онлайн посух дод
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Қатар оғоз мешаванд
Сайфуллоҳи Муллоҷон: Бо ҳама каму косташ таъсиси Тоҷикистони Шӯравӣ ҳодисаи бузурги таърихи мо аст
Ифтитоҳи пули нав дар Рошқалъа бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Оқибатандешии заргар”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста