Мирзохуҷа Аҳмадов, яке аз фармондеҳони собиқи мухолифин ва сардори собиқи Раёсати ҷиноятҳои созмонёфтаи ВКД дар минтақаи Рашт гуфтааст, ки барояш суҳбат дар мавзуъҳои сиёсӣ манъ шудааст.
Ӯ дар як суҳбат бо хабарнигори нашрияи "СССР" иддао кардааст, ки гуфтаниҳои зиёде дорад, вале ба ӯ гуфтанд, “набояд суҳбати сиёсӣ кунад”.
Хабарнигорони ҳафтаномаи “СССР” (№22, панҷшанбе 2 июни соли 2022) аз ин фармондеҳи собиқи мухолифин дар минтақаи Рашт хостанд, дар бораи воқеоти охири ВМКБ, ҷавонони имрӯза ва хатари “Толибон” назар диҳад, аммо ӯ гуфтааст, ки “суҳбати сиёсӣ намекунад, зеро барои ин иҷозат надорад”.
Дар ҳамин ҳол Аҳмадов аз ҳеҷ кадом мақомоти қудратӣ, ки монеаи суҳбати ӯ бо хабарнигорон дар мавзӯи сиёсӣ шудаанд, ном набурдааст.
Номбурда ҳатто ба хабарнигорон иҷозат надодааст, ки суҳбаташ дар робита ба зиндагии имрӯза ва корҳои деҳқониашро сабт кунанд.
- Гуфтаниҳои зиёд дорам, ҳатман сари фурсат хоҳам гуфт, зеро ҳамаи он барои сулҳу суботи Тоҷикистони азиз ва фарзандони имрӯзи ӯянд, вале чӣ илоҷ, ки набояд суҳбати сиёсӣ кунам. Ҳар вақте ноамнӣ мешавад, маро ёд мекунанд, дигар вақт фаромӯшам,- чунин гилоя кардааст Мирзохуҷа Аҳмадов.
Ҳафтанома менависад, ки Мирзохуҷа дар зодгоҳаш ба боғдориву кишту кори деҳқонӣ машғул аст ва даврони нафақахӯрӣ меронад.
- 50 сотих замини наздиҳавлигӣ дорам, сар аз пиёзу картошка, помидору бидиринг, то кабудӣ, қаламфури булғорӣ мекорам. Соли гузашта 12 ҳазор сомонӣ танҳо аз фурӯши ҳосили дарахтонам ба даст омад, ба зиндагӣ ва рӯзгорам мерасад, мушкиле надорам, аз давраи нафақахӯрӣ хуб истифода мебарам,- гуфтааст Аҳмадов дар бораи кори деҳқониаш.
Ин ҳафтанома аз қавли ронандае, ки онҳоро ба хонаи Мирзохӯҷа ба минтақаи Рашт бурдааст, навиштааст, ки “Аҳмадов вақте даргириҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар Исфара сар мезанад, дӯстони худашро ҷамъ карда, дарҳол худро ба Исфара мерасонад ва дар паҳлӯи Шоҳ Исканадар ҷой мегирад”.
Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ Мирзохӯҷа Аҳмадов фармондеҳи Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсияи тоҷик дар гурӯҳи ноҳияҳои водии Рашт буда, пас аз расидан ба сулҳу созиш ба низоми ВКД ба кор қабул шуд. Моҳи феврали соли 2008 бар асари даргирӣ бо тобеъони ӯ дар Рашт фармондеҳи дастаи таъиноти махсуси милиса (ОМОН)-и ВКД полковник Олег Захарченко кушта шуд.
Соли 2010 ҳукуматдорон Аҳмадовро ба ҳамкорӣ бо Мулло Абдулло ва ҳамлаи мусаллаҳона дар моҳи сентябр ба қатори автомашинаҳои Вазорати мудофиа дар Рашт, ки бар асари он афсарону сарбозон ба ҳалокат расиданд, айбдор намуданд.
Он замон ҳукуматдорон ҷитҳати ҳабси Аҳмадов кӯшиш ба харҷ дода, манзили ӯ дар деҳаи Белгии ноҳияи Рашт пас аз мавриди типарронӣ қарор гирифтан қисман хароб гардид. Сипас Аҳмадов ва наздикони ӯ, ба ҳукуматдорон дар нобуд сохтани гурӯҳҳои ҷиноятпешаи Алӣ Бедакӣ ва Мулло Абдулло кӯмаку мусоидат карданд.
Моҳи сентябри соли 2013 собиқ фармондеҳи Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсияи тоҷик дар гурӯҳи ноҳияҳои водии Рашт, собиқ раҳбари Шуъбаи минтақавии мубориза бо ҷинояткории муташаккили ВКД Тоҷикистон дар водии Рашт Мирзохӯҷа Аҳмадов дар яке аз Раёсатҳои Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ба сифати мутахассиси ғайринизомӣ ба кор қабул шуд. Ба Аҳмадов рутбаи ҳарбӣ дода нашуд, зеро ӯ мутахассиси низомӣ набуда, ҳамчун шаҳрванди мулкӣ ба кор қабул шуд.
Охири моҳи сентябри соли 2013 зимни сафари корӣ ба водии Рашт президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо Мирзохӯҷа Аҳмадов, ки он замони аллакай ба корҳои хоҷагии худ машғул буд, мулоқот кард.
Ҳамин тариқ, ӯ соли 2015 дар як суханрониаш тариқи телевизиони “Шабакаи аввал” (Телевизиони Тоҷикистон) аз мардум даъват кард, ки ба ҷонибдорӣ аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, ки роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад, райъ диҳанд ва илова кард, ки даъваташ самимона аст ва касе инро аз ӯ дархост накарда, гузашта аз ин, маҷбур ҳам накардааст..
Ӯ ҳамчунин, дар мусоҳиба ба хабарнигори «Азия-Плюс» гуфт, ки ҳеҷ гоҳ узви ягон ҳизбе, аз ҷумла Ҳизби ҳоло дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом набуд ва ҳамеша мухолифи ба сиёсат гаравидани дин, аз ҷумла дини ислом аст.
Рӯзи омӯзгорон. Сокинон дар бораи муаллими худ чӣ мегӯянд?
Адабиёт, мактаб ва расонаву филмҳо. Чӣ гуна забони меъёри тоҷикиро оммавӣ кунем?
"Шуълаи орзу". Филми мустанад дар бораи ҷавоне, ки мушкилиҳои зиндагӣ ӯро қаҳрамон кард
Истаравшан шаҳри умумиҷаҳонии ҳунармандӣ шуд. Ин шаҳр бо чӣ машҳур аст?
Ду медали Тоҷикистон дар мусобиқоти ҷудои ҷаҳон миёни ҷавонон
“Мехост хонаи давлатиро хусусӣ кунад” Ҷузъиёти боздошти роҳбари дастгоҳи шаҳри Истиқлол
Парлумони Тоҷикистон тартиби соддакунии ҳамлу нақли борро бо Ӯзбекистон тасдиқ кард
“Пул надоштам”. Милитсияи пойтахт навори ҷузъиёти ҳамла ба ронандаи “Як такси”-ро нашр кард
Нашри китоб дар бораи таърихи ҷанги шаҳрвандӣ ва корномаи Эмомалӣ Раҳмон бо забони арабӣ дар Миср
"Ба ихроҷ омода шавед". Дар Русия амалиёти “Нелегал-2024” мегузарад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста