Дар пасманзари талоштҳои ИМА ва итифоқчиёнаш дар мавриди барқарор намудани ҳузури низомии худ дар Осиёи Марказӣ, Русия сатҳи омодагии ҷангии пойгоҳҳои низомии худро дар Тоҷикистон ва Қирғизистон тақвият медиҳад, изҳор доштааст вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу, менависад РИА Новости.
“ИМА ва иттифоқчиёнашон бо баҳонаи кумак дар мубориза бо терроризм талош доранд, ки ҳузури низомии худро дар Осиёи Марказӣ барқарор кунанд. Дархостҳо ба кишварҳои минтақаро дар бораи ҷойгиркунии зербинои низомӣ таҳдиди мустақим ба субот дар паҳнои СҲШ арзёбӣ мекунем”, - иброз доштааст Шойгу рӯзи ҷумъа дар машварати вазирони мудофиаи кишварҳои узви СҲШ дар Ню-Дели.
“Аз ҷониби худ омодагии ҷангии пойгоҳҳои низомии Русияро дар Тоҷикистон ва Қирғизистон, инчунин дигар неруҳои муовиматро бар зидди таҳдидҳои эҳтимолӣ пурзӯр мекунем”, - илова кардааст ӯ.
Дар ҳамин ҳол, Шойгу зикр кардааст, ки "кишварҳои НАТО аз рӯи натиҷаҳои ҳузури бистсолаи худ дар Афғонистон ва хуруҷи шитобкорона масъулияти бештарро барои вазъ дар онҷо бар дӯш доранд”.
“Онҳо бояд хароҷоти асосии молиявии барқароркунии пас аз ҷангро ба дӯш гиранд”, - изҳор доштааст вазири мудофиаи Русия.
Пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон иншооти бузургтарини низомии Русия дар берун аз ҳудуди ин кишвар маҳсуб меёбад. Пойгоҳ дар ду шаҳр - Душанбе ва Бохтар мустақар аст. Ҳайати он ҷузъу том ва воҳидҳои низомии гуногун иборат аст.
Тоҷикон мошини сайёҳони чехро таъмир мекунанд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Дуои марди коҳил”
Тақдири замини “Зелёний бозор” чӣ шуд? Чаро то имрӯз дар ҷойи он иншооте насохтаанд?
Ба ВМКБ ангишт бо нархи дастрас ва кумак барои ниёзмандон фиристода шуд
Як корманди Додгоҳи вилояти Суғд ба қаллобӣ муттаҳам шудааст
Раиси парлумони Эрон ба Тоҷикистон меояд. Ҳадафи сафари Муҳаммадбоқир Қолибоф чист?
Бар асари “Covid-19” гирифторони диабети қанд зиёд шудааст. Боз кадом бемориҳо баъди он афзоиш ёфт?
Намояндаи Тоҷикистон метавонад беҳтарин футзалисти Осиё шавад?
Соли 2025 раёсат дар ИДМ-ро Тоҷикистон ба дӯш мегирад
Даромаду хароҷоти сокинони Тоҷикистон дар зарфи 8 соли ахир чӣ гуна тағйир ёфт?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста