Саймумин Ятимов ва Қимчибек Тошиев, раисони Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистону Қирғизистон, ки ҳамзамон роҳбарони ҳайатҳои ҳукумати ду кишвар оид ба муайянкунӣ ва аломатгузории сарҳади давлатӣ ба ҳисоб мераванд, бархе ҷузъиёти вохӯрии рӯзи 1-уми дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғдро ошкор карданд. Ҳарду мулоқоти охирро чашмрас ва қадаме барои ҳалли пурраи масъала арзёбӣ намуданд.
Мулоқот “дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ” баргузор шуда, “ҷонибҳо зарурати фаъол гардонидани раванди ба охир расонидани таъйини гузариши хати сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистонро дар қитъаҳои боқимонда таъкид намуданд”.
Ятимов ва Ташиев кори ҳайатҳои ду кишвар оид ба муайянкунӣ ва аломатгузории сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистонро мусбат арзёбӣ кардаанд.
Иншооти ду давлат дар қаламрави ҳамдигар
Расонаҳои ду кишвар аз ҷузъиёти дигари вохӯрӣ иттилоъ надоданд ва танҳо шоми 1-уми декабр Телевизиони “Тоҷикистон” бо нашри як гузориш баъзе ҷузъиёти вохӯриро ифшо кард.
Дар он Саймумин Ятимов нисбатан муфассал суҳбат карда, гуфт, дар ду масъалаи асосӣ ба созиши усулӣ даст ёфтанд.
Вай аз ҷумла афзуд, ки ду тараф дар масоили истифодаи роҳи Ворух - Хоҷаи Аъло ба созиш расиданд ва ин масъала тақрибан ҳал шудааст.
Раиси Кумитаи давлатии амнияти милии Тоҷикистон дар робита ба мувофиқаи ҳосилшуда дар ин самт тафсилоти дигар надод. Ин роҳе аст, ки чанд маротиба аз ҷониби сокинони навоҳии наздимарзии Қирғизистон баста шуд ва маҳз ин сабаби муноқиша гардида буд.
Масъалаи дигаре, ки Ятимов зикр кард ба иншооти ду кишвар дар қаламрави ҳамдигар рабт дошт.
“Мо ба ин қарори усулӣ омадем, ки Қирғизистон ба тамоми иншооте, ки дар қаламрави мо дорад, дастрасии доимӣ хоҳад дошт, вале қаламрав аз Ҷумҳурии Тоҷикистон боқӣ хоҳад монд. Тамоми иншооте, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Ҷумҳурии Қирғизистон дорад, абадан ва доимо аз тарафи Тоҷикистон истифода мешаванд, вале заминҳо қаламрави Ҷумҳурии Қирғизистон боқӣ мемонад”, - гуфт Саймумин Ятимов.
Раиси ҳайати Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, ки шеваи истифодаи обанбори Дӯстӣ, ки дар Қирғизистон онро Торткӯл меноманд, айни шеваи истифода аз роҳи Ворух-Хоҷаи Аъло мешавад. Ин обанбор солҳои 70-уми асри гузашта бо ҳадафи обёрии заминҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон сохта шудааст ва ду тараф сари он даъво ҳам кардаанд.
Дар гузориш, Қамчибек Тошиев ба таври кутоҳ гуфт, “қарорҳое, ки имрӯз қабул кардем, моро барои ҳалли масъалаи асосӣ дар сарҳад боз ҳам наздиктар мекунанд. Ҷаласаи оянда дар Бодканд баргузор мешавад ва аз натиҷаи он низ қарор қабул мешавад. Комиссияҳои давлатии мо беист кор мекунанд. Ман фикр мекунам, мо барои “ҳалли ниҳоии масъала” хеле наздикем”.
Ҳамин тариқ, маълум нест, ки ҷонибҳо дар масъалаи кадом иншоотҳои истифодашаванда дар қаламрави якдигар ба мувофиқа расиданд ва ҳамчунин, масъалаи истифодаи роҳи Ворух-Хоҷаи Аъло чӣ гуна ҳал шудааст.
Коршинос чӣ гуфт?
Дар ҳамин ҳол, бархе аз коршиносони тоҷик назари худро дар робита ба тавофуқоти ҳосилшудаи охир иброз доштанд.
Неъматулло Мирсаидов, шореҳ ва рӯзноманигори тоҷик, ки масъалаҳои марзӣ байни ду кишварро пайваста баррасӣ мекунад, тавофуқи ҳосилшудаи охирро як пешравии воқеӣ дар ҳалли баҳси марзӣ байни ду кишвар унвон кардааст.
Ӯ бо ишора тавофуқи ҳосилшуда оид ба истифодаи иншоот дар қаламравӣ якдигар навишт, ки ҳарчанд роҳбарони ҳайати корӣ дар бораи иншооти мушаххас ҳарф назаданд, вале тахмин кардан мумкин аст, ки гап сари иншооти обтақсимкунии “Головное”, канали “Тортқул”, ки онро дар Тоҷикистон “Дӯстӣ” меноманд ва як қатор иншооти обёрии дигар меравад.
“Ба ин иншоот ҳамчунин, алоқаи нақлиётӣ, яъне роҳҳо низ дохил мешавад. Масалан, Роҳи Исфана - Бодканд мисли канали обёрии Торткол, аз чанд ҷой хоки Тоҷикистонро убур мекунад. Ин моликияти Қирғизистон аст ва ҷониби Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ инро зери шубҳа нагузоштааст. Ҳамакнун ба Қирғизистон кафолати истифодаи ҳамеша аз он дода шуд. Маълум мешавад, ки Қирғизистон ҳам эътироф мекунад, ки истгоҳи “Головное” дар қаламрави Тоҷикистон ҷойгир аст ва бахше аз канали Тортқол ва шоҳроҳи Исфана-Бодканд аз қаламрави Тоҷикистон убур мекунад”,- гуфт Мирсаидов.
Номбурда чунин тасмимро дуруст ва оқилона арзёбӣ карда, гуфт, ҷонибҳо метавонистанд дар мавриди мақоми шоҳроҳи Хуҷанд-Конибодом ва Исфара-Ворух чунин тасмим бигиранд.
Ӯ тахмин мекунад, ки шояд ҷонибҳо масъалаи чоҳҳои нафтӣ дар канори деҳаи Ниёзбекро, ки моликияти Тоҷикистон маҳсуб мешуданд, низ ҳал карданд.
Ба гуфтаи ӯ, масъалаи муҳим айни ҳол иродаи ҷонибҳо аст, ки роҳи ҳалли масъала ёфт шуд.
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистону Қирғизистон дар масъалаи муайян кардани хати сарҳад чандин сол аст, ки миёни ҳам баҳс доранд ва ин баҳсҳо баъзан боиси муноқишаҳои мусаллаҳона низ гардидааст. Баъди муноқишаи ахире, ки моҳи апрели соли 2021 ва сентябри соли 2022 рух дод ва боиси қурбонии зиёд гашт, ду ҷониб талоши зиёд доранд, ки баҳсро тариқи гуфтушунид ҳал кунанд. Бо ин мақсад, чандин мулоқоти ҳайатҳои ду кишвар баргузор гардид.
Ҳарчанд мулоқоти ахир баъзе масъалаҳои марбути гуфтушунидро ошкор кард, аммо баҳс ниҳоӣ нашудааст.
Рӯзи омӯзгорон. Сокинон дар бораи муаллими худ чӣ мегӯянд?
Адабиёт, мактаб ва расонаву филмҳо. Чӣ гуна забони меъёри тоҷикиро оммавӣ кунем?
"Шуълаи орзу". Филми мустанад дар бораи ҷавоне, ки мушкилиҳои зиндагӣ ӯро қаҳрамон кард
Истаравшан шаҳри умумиҷаҳонии ҳунармандӣ шуд. Ин шаҳр бо чӣ машҳур аст?
Ду медали Тоҷикистон дар мусобиқоти ҷудои ҷаҳон миёни ҷавонон
“Мехост хонаи давлатиро хусусӣ кунад” Ҷузъиёти боздошти роҳбари дастгоҳи шаҳри Истиқлол
Парлумони Тоҷикистон тартиби соддакунии ҳамлу нақли борро бо Ӯзбекистон тасдиқ кард
“Пул надоштам”. Милитсияи пойтахт навори ҷузъиёти ҳамла ба ронандаи “Як такси”-ро нашр кард
Нашри китоб дар бораи таърихи ҷанги шаҳрвандӣ ва корномаи Эмомалӣ Раҳмон бо забони арабӣ дар Миср
"Ба ихроҷ омода шавед". Дар Русия амалиёти “Нелегал-2024” мегузарад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста