Раиси ҷумҳури Қирғизистон, Содир Жапаров баъзе ҷузъиёти созиши марзӣ бо Тоҷикистонро шарҳ дода, зикр кардааст, ки “дар мавриди қитъаҳои баҳснок забон ёфтем”. Вале ҷониби Тоҷикистон дар ин замина то ҳол шарҳе надодааст.
“Ҳудудҳое, ки барои муддати дароз мавриди баҳс қарор доштанд, баробар - 50/50 тақсим карда шуданд. Баъзе аз қитъаҳо бо шароити баробар иваз карда шуданд. Ҳоло кори санадгузорӣ дар марҳилаи анҷомёбист”, - иброз доштааст Жапаров ба хабаргузории миллии ин кишвар “Кабар”.
Аммо ӯ мушаххас нагуфтааст, ки сухан сари кадом қитъаҳои баҳснок меравад.
Ба иттилои дастрас, Тоҷикистону Қирғизистон то ин дам дар мавриди роҳи мустақим аз Ворух то Исфара ва қисмати 275-метраи роҳи Исфана - Ботканд, ки роҳи Исфара – Ворухро дар ҳудуди Тоҷикистон убур карда, соли 2009 ба ҳамсоякишвар иҷора дода шуда буд, баҳс доштанд.
Ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон рӯзи 4-уми декабри соли 2024 дар як баёнияи муштарак гуфтанд, ки марзнигорӣ ё кашидани хати сарҳадро пурра ба поён расонданд, вале тафсилоти онро нагуфтанд.
Ва ин бори аввал аст, ки раиси ҷумҳури Қирғизистон ҷузъиёти ҳалли баҳси солҳо идомаёфтаро ошкор карда, зикр намуд, ки он “бо дар назар гирифтани манфиатҳои ду кишвар ҳал шуд”.
“Ҳангоми таъйини хати сарҳад бартарӣ додан ба як тараф ғайриимкон аст. Усули баробарӣ ва ба назар гирифтани манфиатҳои ду ҷониб бояд риоя карда шавад”, - таъкид намудааст ӯ.
Мақомоти Тоҷикистон то ҳол созиши марзиро бо Қирғизистон расман шарҳ надодаанд.

Дар ин мусоҳиба, Содир Жапаров ҳамчунин зикр кардааст, ки баъд аз поёни кори комиссияи байниҳукуматӣ, санадҳоро вазирони умури хориҷӣ имзо, порлумонҳои ду кишвар тасвиб ва роҳбарони Тоҷикистону Қирғизистон имзо ва ниҳоӣ хоҳанд кард.
“Миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба сарҳад баҳсе нахоҳад монд. Мо бо дигар ҳамсоякишварҳо баҳсҳои сарҳадиро ба поён расонидаем. Кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ ҳам миёни худ раванди марзнигориро анҷом додаанд”, - зикр кардааст Жапаров.
Дар мавриди боз кардани гузаргоҳҳои сарҳадӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғистон, ки аз соли 2021 ва баъд аз задухӯрди мусаллаҳона бастаанд, Жапаров гуфтааст, ки “пас аз поёни кори комиссияи байниҳукуматӣ гузаргоҳҳои сарҳадӣ ҳам боз хоҳанд шуд”.
“Кушодани гузаргоҳҳои сарҳадӣ талаби аҳолии маҳаллӣ низ ҳаст. Аз баста будани марз ҳарду тараф зарари иқтисодӣ дид. Робитаҳои тиҷоратӣ қатъ шуд. Ҳоло ҳадафи мо кушодани гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва ба сатҳи баландтарин расонидани додугирифт аст”, - иброз доштааст Содир Жапаров.
Бояд гуфт, тайи қариб як соли охир мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон барои тавофуқ дар бораи марзи давлатӣ музокироти фаъол доранд. Қабл аз ин, ҷонибҳо чандин маротиба дар хоки ҳамдигар сари мизи музокира нишаста буданд. Аммо ҳамеша ҷузъиёти музокирот ошкор намешуд.
Ёдовар мешавем, ки дарозии умумии сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон тақрибан 980 километрро ташкил медиҳад. Аз декабри соли 2002 музокираҳо оид ба марзи ду кишвар идома доранд. Аммо ҳал нашудани ин масъала борҳо сабаби муноқишаҳои сокинони маҳаллӣ ва низомиёни ду кишвар, аз ҷумла бо истифода аз силоҳи оташфишон шуда буд. Дар охирин муноқишаи марзӣ, ки соли 2022 рӯх дод аз таҷҳизоти пуриқтидори ҷангӣ истифода шуд, ки за ҳарду тараф садҳо нафар ҳалок шуданд.
Пешгӯии сустшавии рушди иқтисоди Тоҷикистон бар асари коҳиши интиқоли пул аз ҷониби муҳоҷирон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2025
Баъди 13 рӯзи озодӣ аз маҳбас. Боздошти як ҷавон бо гумони дуздии телефону дучарха
Маошу нафақа ва идрорпулӣ дар соли 2025 аз кадом ҳисоб зиёд мешаванд?
Вазири дифои Тоҷикистон дар Эрон. Бо киҳо вохӯрд ва кадом масъалаҳо баррасӣ шуданд?
Дар Тоҷикистон расман бекорон қариб нестанд, вале...
Бо нозири минтақаи худ шинос шавед! Пулиси Душанбе “телеграм-бот”-и “Нозири минтақавии ман”-ро фаъол кард
Тоҷикистону Қирғизистон мехоҳанд хатсайри нави ҳавоӣ боз кунанд
Ҷароҳати 11 кас, кӯчонидани зарардидаҳо ва ҳаҷми кумакҳо ба сокинон. Ҷузъиёти рафъи паёмади заминларза дар Рашт
“Саргузашт”-и Пушкин ва мӯшикофии як ҷиноят. Дар рӯзи дуюми “Парасту-2025” дар оинаи театр чӣ ҷило ёфт?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста