Баъд аз ду ҳафта танаффус муҳокимаи чеҳраҳои шинохтаи сиёсати Тоҷикистон, ки аксаран ба иттиҳоми “хиёнат ба давлат” ва “ғасби ҳокимият” гумонбар шудаанд, идома ёфт. Манобеъ мегӯянд, ки ба эҳтимоли зиёд то охири соли равон алайҳи муттаҳамон ҳукми додгоҳ содир мешавад. Аммо мақомот ба далели махфӣ будани парванда аз ироаи ҳар гуна иттилоъ худдорӣ мекунанд.

Дар мурофиаи рӯзи 2-юми декабр, ки ним соат давом кард, додрас дар раванди муҳокимаи парвандаи чеҳраҳои шинохтаи сиёсат танаффус эълон карда буд. Он вақт манобеи “Азия-Плюс” гуфта буданд, ки ин танаффус ба далели мулоқоти раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо додрасҳо эълон шудааст.

Ду манбаъ ба “Азия-Плюс” гуфтанд, пас аз 15 рӯзи танаффус, дирӯз, 17-уми декабр, мурофиаи чеҳраҳои шинохтаи боздоштшуда дар Боздоштгоҳи муваққатӣ (СИЗО) ва мисли мурофиаҳои қаблӣ паси дарҳои баста оғоз гардид ва дар он иттиҳомоти дар парванда ҷамъшуда дар толори додгоҳ ба гумонбарон хонда шудааст.

Имрӯз ҳам мурофиаи додгоҳӣ дар Боздоштгоҳи муваққатӣ оғоз шуд ва ба иттилои як манбаъ, дар назар аст, ки додрас боқимондаи иттиҳомоти парвандаро ба гумонбарон бихонад.

Баъди ошно шудани гумонбарон бо иттиҳомот, интизор меравад, ки намояндаи додситонӣ алайҳи чеҳраҳои шинохта баромад карда, нисбаташон ҷазо талаб кунад.

Ба гуфтаи манобеи “Азия-Плюс”, раванди муҳокимаи парванда тезонида шудааст ва ба эҳтимоли зиёд, то охири соли равон додгоҳ алайҳи ҳама чеҳраҳои шинохтаи сиёсат ҳукм эълон мекунад. Иддаое, ки мақомоти расмӣ тасдиқ накардаанд.

То кунун дар парвандаи онҳо кадом иттиҳомот ҷамъ омадааст ва чиҳо расонаӣ гаштааст, “Азия-Плюс” бо истифода аз матолиби то ин замон дар расонаҳо нашргардида, гирдоварӣ кард.

 

Назди Боздоштгоҳи муваққатии Душанбе
Акс аз Asia-Plus

Боздошти чеҳраҳо аз кай оғоз шуд?

Рӯзи 14-уми июн зимни ҷаласаи парлумон Юсуф Раҳмон, додситони кул дар назди вакилон баромад карда, иттилоъ дод, ки нисбати вакили халқ Саидҷаъфар Усмонзода “барои бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият” ё моддаи 306, қисми 2, банди "в"-и Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шудааст.

Пас аз ин, аз нимаи июни имсол то ҳоло, боздошти нафарони зерин расонаӣ шудааст:

- Саидҷаъфар Усмонзода, раиси пешини Ҳизби демократ ва вакили собиқи порлумон;

- Акбаршоҳ Искандаров, раиси собиқи Шӯрои олии Тоҷикистон;

- Аҳмадшоҳ Комилзода, муовини раиси Ҳизби демократ ва рӯзноманигор (баъди боздошт аз вазифаи муовини раиси ҳизб барканор шуд);

- Ҳамрохон Зарифӣ, вазири пешини корҳои хориҷии Тоҷикистон;

- Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдодон ва муовини аввали раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон;

- Абдулфайз Атоӣ, сардори пешини Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон;

- Нурамин Ғанизода ва Ҷамшед Боев, ду полковники бознишастаи Кумитаи давлатии амниятӣ миллӣ.

Аксари боздоштшудагон бо моддаҳои 305 (хиёнат ба давлат) ва 306 (ғасби ҳокимият) ва баъзеашон бо моддаҳои 247 (қаллобӣ), 189 (барангехтани   кинаю  адовати  миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ёдинӣ)-и Кодекси ҷиноятӣ айбдор шудаанд.

 

Муҳокимаи парванда паси дарҳои баста​​​​​​​

Мурофиаи парвандаи чеҳраҳои шинохтаи сиёсати Тоҷикистон рӯзи 14-уми ноябр дар Боздоштгоҳи муваққатӣ ва паси дарҳои баста оғоз шуд.

Тибқи иттилои аз манобеи гуногун дастрасгардида, дар мурофиаи аввал додрас бо парвандаи ҳама гумонбарон ошно шуд.

Дар мурофиаи дуюм 4 айбдоршаванда - Ҳамрохон Зарифӣ, вазири пешини корҳои хориҷии Тоҷикистон, Абдулфайз Атоӣ, сардори пешини Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, Нурамин Ғанизода ва Ҷамшед Боев, ду полковники бознишастаи Кумитаи давлатии амниятӣ миллӣ бозпурсӣ шудаанд.

Мурофиаи сеюм бо баррасии парвандаи Саидҷаъфар Усмонзода, раиси пешини Ҳизби демократ ва вакили собиқи порлумон, Акбаршоҳ Искандаров, раиси собиқи Шӯрои олии Тоҷикистон ва Аҳмадшоҳ Комилзода, муовини пешини раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон ва рӯзноманигор ба анҷом расид.

Дар мурофиаи чорум назари Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдодон ва муовини аввали раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон нисбати парванда гирифта шуд.

 

“Алайҳи чеҳраҳои шинохта мансабдорони собиқ шаҳодат доданд”​​​​​​​

Баъд аз ин баргузории 4 мурофиа шоҳидон ба толори додгоҳ роҳ ёфтанд. Ба гуфтаи манобеи “Азия-Плюс”, дар якчанд мурофиа дастикам 30 шоҳид, бо шумули мансабдори пешин пурсида шудаанд.

Аз зумраи мансабдори пешин инҳо буданд:

- Рашид Олимов, вазири пешини корҳои хориҷӣ, раҳбари собиқи Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ва сафири собиқи Тоҷикистон дар Чин;

- Ёқуб Салимов, вазири пешини корҳои дохилӣ ва раиси собиқи Хадамоти гумрук;

- Нуралӣ Саидов, котиби пешини Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон.

Аммо маълум нест, ки онҳо алайҳи кадом чеҳраҳои боздоштшуда шаҳодат додаанд ва ин шаҳодати онҳо дар кадом шароит будааст.

 

Кадом гумонбарон айбномаро қабул карданд?​​​​​​​

Бархе аз 8 чеҳраи шинохтаи боздоштшуда баъзе иттиҳоми нисбаташон пешбинишударо аллакай дар раванди муҳокима пазируфтаанд, вале чанде дигар ҳеҷ кадом иттиҳомро қабул накардаанд.

Аз ҷумла, Саидҷаъфар Усмонзода, раиси пешини Ҳизби демократ, дар раванди муҳокима қисман иттиҳомро пазируфтааст.

Абдулфайз Атоӣ, рӯзноманигор ва дипломати собиқадор, ки бо “иттиҳоми хиёнат ба давлат” боздошт гардида буд, ба “қаллобӣ” низ гумонзад шудааст. Ӯ низ қисман иттиҳомро пазируфтааст.

Аммо муовини аввали раиси Ҳизби сотсиал - демократи Тоҷикистон Шокирҷон Ҳакимов ҳеҷ иттиҳомро қабул накардааст.

Ёдовар мешавем, ки Додситонии кулли Тоҷикистон ба парвандаҳои ин афрод муҳри махфӣ задааст ва ба ин далел ҳеч иттилоъ дар ихтиёри расонаҳо намегузорад.

Ҳар иттилое, ки дастрас мегардад, аз манобеи гуногун буда, мақомот онро расман тасдиқ накардаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.