Чанде қабл боғи фарҳангу фароғати шаҳри Кӯлоб пурра ба ихтиёри Маркази кӯдакони дорои имкони маҳдуди ҷисмонии назди созмони ғайриҳукуматии маҳаллии «Заршедабону» вогузор гардид.
Дар ҳамдастӣ бо нахустин кӯдакистони хусусии «Меҳрона» дар ин ҷо як чорабинӣ бо иштироки тарбиятгирандагони марказ доир гардида, ҳадаф аз он – пешкаш ва собит сохтани қобилияти беандозаи ин кӯдакон аст, ки дар сурати бо машғулияти комил фаро гирифтан то чӣ андоза ба ҷамъият зарур буданашон воқеъан нишон дода шавад.
Ба қавли мавсуф, дар марказ 79 нафар кӯдакон бо тарбия фаро гирифта шуда, 29 нафар аз онҳо доимо дар марказанд ва бо боқимондагон дар маҳалли зисташон кор бурда мешавад. «Чанде қабл мо бо кӯдакон аз боғи ботаникии Кӯлоб, қалъаи қадимаи Ҳулбук дар ноҳияи Восеъ ва боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе боздид кардем», - гуфт Раъно Сафарова.
Директори марказ ҳамчунин гуфт, тамоми кор бо ин кӯдакон дар чаҳорчӯби татбиқи лоиҳаи «Ҳамгиройии кӯдакони дорои имкони маҳдуди ҷисмонӣ ба ҷомеаи кунунӣ» сурат гирифта, он бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо, Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ, созмони байнулмилалии «Миссия Восток» ва созмони ғайриҳукуматии «Заршедабону» амалӣ мегардад.



Сабикаҳои тиллои Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2025 қариб 40% гарон шуданд
Теъдоди донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар Ӯзбекистон дар соли 2025-ум 2 баробар зиёд шудааст
Баъди ҳамлаҳои мусаллаҳона аз Афғонистон сохтмони як роҳи байналмилалӣ дар Дарвоз қатъ шудааст
Дар Тоҷикистон гирифтани тасдиқи маълумотнома дар бораи вазъи оилавӣ ба таври онлайнӣ ба роҳ монда шуд
Ҳукумати нав сохтанд ё ҷойгузини ҳам шуданд? Дар Украина чанд мансабдор аз вазифа рафт
Тағйироти кадрӣ. Ёрдамчии раисҷумҳур ва роҳбарони 9 шаҳру навоҳӣ нав шуданд
Боздошти як зодаи Тоҷикистон дар Русия дар робита ба марги як блогери рус
Пахта дар бозори ҷаҳонӣ қимат мешавад. Ин ба Тоҷикистон чӣ фоида дорад?
Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии амнияти занон зинаи 89-умро касб кард
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хоб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста