Кӯлоб. 10-уми июн. «Азия-Плюс» — | Аз маблағи 6 млн. 397 ҳазору 370 сомонии барқи аз оғози сол истифодашуда аҳолии шаҳр ва ноҳияи Кӯлоб ҳамагӣ 3 млн. 716 ҳазору 192 сомонӣ пардохт кардаанд.
Тавре ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» мудири муассисаи шабакаҳои барқи шаҳри Кӯлоб Ҷумъахон Шарифов иттилоъ дод, тӯли чандин сол аҳолии шаҳр пурра маблағи истифодаи барқро пардохт намекунанд ва аз ҳаҷми қарзи умумии 18 млн. сомонӣ (бо назардошт қарзи солҳои пешин) қариб 15 млн. сомониаш қарзи аҳолӣ аст. «Ахиран ҳодисаҳои ғайриқонунӣ васл кардан ба хатҳои барқ бидуни ҳисобкунак ва дигар қонуншиканиҳо ошкор шуданд», - гуфт ӯ.
Ба қавли мавсуф, айни замон ҷиҳати пурра ба қайд гирифтани ҳисобкунакҳои барқӣ, иваз намудани онҳо ба ҳисобкунакҳои нав ва аз дохили хона ба панҷараҳои истифодаи умум баровардани ҳисобкунакҳо корҳои зиёде ба сомон расонида мешавад. «То ахири сол танҳо дар шаҳр ва ноҳияи Кӯлоб мебояд то 6 ҳазор ҳисобкунаҳои барқиро иваз кард», - иброз дошт мавсуф.
Дар шарҳи маблағи қарзи корхонаҳои буҷавӣ Ҷ.Шарипов изҳор дошт, ки аз ҳама бештар беморхонаи марказии ноҳияи Кӯлоб қарздор аст, ки қарзи он аз оғози сол 12,6 ҳазор сомонӣ аст. «Ба беморхона барои хароҷоти барқ 3 ҳазор сомонӣ барои як сол ҷудо кардаанд ва ин ҳам дар ҳолест, ки қарзи умумии он 21 ҳазор сомониро ташкил дода, боз 7 моҳи соли равон низ дар пеш аст», - афзуд номбурда.




Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 январи соли 2026
Аз мубориза бо ифротгароӣ то бозшавии сарҳад. 15 маводи пурхонандаи бахши тоҷикии “Азия-Плюс” дар соли 2025
Масоили иҷтимоӣ ё дасти хориҷӣ? Талаби эътирозгарон дар Эрон ва посухи роҳбарони ин кишвар ба онҳо
16 сол пеш фурӯши саҳмияҳои “Роғун” оғоз гардид. Чӣ қадар маблағ ҷамъ шуд ва саҳмияҳо кай фоида меоранд?
Ҷаримаи ду корманди шабакаҳои тақсимоти барқ дар Ҳамадонӣ ва Ваҳдат барои “дуздӣ”-и барқ
Маҳмурод Ашӯров баъди нашри гузориши “Азия-Плюс” Назурбибиро пайдо кард
Шаби Соли нав дар Тоҷикистон наздики 700 кӯдак таваллуд шудааст
18 довар аз Тоҷикистон ба рӯйхати доварони ФИФА дар соли 2026 ворид шуданд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хоб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Соли 2026 дар Тоҷикистон кадом роҳҳо сохта мешаванд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста