Душанбе. 29-уми июн. «Азия-Плюс» — | Дар мавриди мавриди амал қарор гирифтани Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» директори Маркази мустақили дифоъ аз ҳуқуқи инсон Сергей Романов изҳор кард, ки қонуни мазкур мақоми баландеро дорост ва сарфи назар аз изҳори нигаронии кишварҳои Ғарб, он аз ҷониби президент ба имзо хоҳад расид.
«Қонун мавриди баррасии умумихалқӣ қарор гирифта, пешниҳодоти зиёде сурат гирифтанд ва шояд чанде аз муқаррароти қонун намояндагони ҷомеаи шаҳрвандиро ба ташвиш ҳам оварда бошанд. Мо низ пешниҳодоти худро ироа дошта будем, вале ман фикр мекунам, ки қонун ба тасвиб расида мавриди амал қарор хоҳад гирифт. Гузашта аз ин, он бо ташаббуси шахсии сарвари давлат рӯйи кор омада, дар сатҳи давлатӣ пурра дастгирӣ ёфт», - мегӯяд ӯ.
Ба ақидаи С.Романов, айни замон на ба худи қонун, балки ба тарзи амалисозии он аз ҷониби мақомот мебояд таваҷҷӯҳ зоҳир сохт. «Ин ҷо аз ҳад нагузаронидан хеле муҳим аст», - афзуд номбурда.
Ёдрас мекунем, ки дар ҷаласаи Шӯрои доимии САҲА дар Вена иҷрокунандаи вазифаи мушовир оид ба масоили сиёсии намояндагии доимии ИМА дар назди САҲА Патрик Коннел изҳор кард, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз он изҳори ноумедӣ ва нигаронӣ дорад, ки палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро маъқул шуморид.
«Мо аз палатаи поёнии парлумон ва президенти Тоҷикистон даъват ба амал меоварем, ки имкони ба палатаи поёнии парлумон баргардонидани қонун дар бораи масъулияти падару модарро баррасӣ намоянд, то ки муқаррароти манъи узвият ба ҷамъиятҳои динӣ бекор карда шавад», - гуфт ӯ.
Акс аз www.centralasiaonline.com




Дар Тоҷикистон қонуни манъи истифодаи сигорҳои электронӣ омода мешавад
Муттаҳам ба қатли модар ва се фарзанди ӯ дар ноҳияи Рӯдакӣ ба зиндони абад маҳкум шуд
“Барқ доимӣ шавад”. Сокинон аз паёми имсолаи раисҷумҳур ба парлумон чӣ интизорӣ доранд?
Мақомот сабаби садамаи қатори боркаш дар Ёвонро шарҳ доданд
Алиризо Озмандиён, сухангӯи машҳури рушди шахсият ва тиҷорат бори аввал ба Тоҷикистон меояд
Кадом дастуру супоришҳои Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паёми соли 2024 дода буд, иҷро нашуд ва чаро?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Меҳрубон”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
СММ ду қатъномаи Тоҷикистон дар бораи “Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ” ва “Ҳифзи пиряхҳо”-ро пазируфт
Аввалин медали нуқраи Тоҷикистон аз қаҳрамонии бокси ҷаҳон. Муштзанҳои тоҷик аз Дубай бо ду медал бармегарданд
Воридоти чӯбу тахта ба Тоҷикистон афзуд. Аз нисф зиёди он аз Русия оварда мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста