Душанбе. 6-уми июл. «Азия-Плюс» — | Ахирҳои моҳи равон санаи оғози моҳи шарифи Рамазон муайян карда мешавад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода хабар дод, тибқи ҳисобҳои пешакӣ, моҳи Рамазон 31-уми июл ё 1-уми август шурӯъ мегардад.
«Айни замон бо олимони Донишкадаи астрофизика рӯйи дақиқан муайян кардани оғози моҳи шарифи Рамазон ҳамкорӣ дорем, зеро он бояд ба қоидаҳои шариат мувофиқа дошта бошад», - таъкид сохт С.Абдуқодирзода.
Соли гузашта моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистон 11 август оғоз гардида, рӯзи 10-уми сентябр ҷашни Иди Рамазон таҷлил гардид.
Моҳи Рамазон моҳи нӯҳуми Мусулмонон мебошад. Дар ин моҳ ҳамаи мусулмонон аз дамидани субҳ то фурӯ рафтани офтоб аз хӯрдани обу ғизо худдорӣ мекунанд. Дар ин моҳи ҳиҷрии қамарӣ мардуми мусалмони Тоҷикистон мисли дигар мусалмонони ҷаҳон як рукни панҷгонаи исломро ба ҷо меоранд. Моҳи шарифи Рамазонро моҳи раҳмати Худовандӣ, моҳи мағфирати гуноҳҳо ва моҳи наҷотёбӣ аз оташи ҷаҳаннам меноманд.
Дар моҳи шарифи Рамазон мардум бештар ба корҳои хайру эҳсон, дастӣ ёрӣ дароз намудан ба дармондагону мӯҳтоҷон ва дигар корҳои нек машғул мешаванд.
Таҳдиди муҷозот барои барои андозбандии беасос. Кумитаи андоз ба шикояти кишоварзон расидагӣ кард.
Сокини Конибодом ба ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба Украина гумонбар мешавад
Далер Назаров: “Агар шеър менавиштам, мехостам чун Лоиқ нависам...”
Ҷонибек Ҳикмат президенти Шӯрои иҷроияи ЮНИСЕФ интихоб шуд. Ӯ кист?
Ато Мирхоҷа: “Адибони тунуквиҷдон сабаби пайдоиши “шоирону нависандагон”-и қаллоб шуданд”
Кор дар Қатар. Вазорати меҳнат бори дигар рӯйхати касбу ихтисосҳои зарурро нашр кард
Рушди ҳукумати электронӣ. Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ дар мақоми охир қарор дорад
Байни Хуҷанд ва Новосибирск боз ҳаракати автобусҳо оғоз мешавад
Душанбе: аввалин универмаг, автобус ва ҳайкал кай пайдо шуд?
Ваъдаи 200 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ аз сӯи мақомот барои кумак дар ошкор кардани ду ҳодисаи куштор
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста