Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба шаҳри Конибодом сафари корӣ намуда, бо меҳнаткашони шаҳр, пахтакорони меҳнатқарин мулоқот намуд ва дар маъракаи кишти тирамоҳии ғалладонагиҳо иштирок намуд.
Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, Қоҳир Расулзода дар тантанаи кишоварзони ноҳия, ки дар бошишгоҳи саҳроии бригадаи рақами 11-и хоҷагии деҳқонии ба номи Энаҷон Бойматова баргузор гардид, иштирок намуда, пахтакорони шаҳрро барои ғалабаи меҳнатӣ, таъмини саривақтии нақшаи солона аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят табрику муборакбод намуда, барояшон сарбаландию сиҳатмандӣ таманно намуд. Зикр бояд намуд, ки кишоварзони меҳнатқарини шаҳр соли дуввум аст, ки аз ӯҳдаи иҷрои нақшаи солонаи пахтасупорӣ баромада, соҳиби обрӯю эътибор мегарданд.
Зикр бояд намуд, ки то ба имрӯз кишоварзони шаҳр дар майдони 7 226 гектар пумбадона кишт намуда, ба хирмани «тиллои сафед»-и вилоят зиёда аз 13,3 ҳазор тонна пахта супориданд, ки ин 106,9 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад.
Раиси вилоят дар вазъияти мутантан ба пешқадамони маъракаи ҳосилғундорӣ, аз ҷумла ба раиси Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии ба номи М.Назаров Эралӣ Маҳмудов, раиси Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии “Ирам” Раҳимбой Акрамов, ба механизаторон Ҳамроҳбой Ҳоҷиев аз Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии ба номи М.Назаров Ҷаҳонгир Толибов аз Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии “Канди кӯҳан”, ба чинакчиёни пешқадам Малика Расулҷонова аз хоҷагии деҳқонии ба номи Исоев ва Гулсара Абдусамадова аз хоҷагии деҳқонии Нозимсаркор тӯҳфаҳои арзанда – мошини сабукрав, телевизор ва мошини дарздӯзӣ тӯҳфа намуд.
Ҳамчунин аз номи Раиси вилоят ба идораи маорифи шаҳр 10 адад компютер ва 2 адад принтер тақдим гардид.
Сурати кӯдаки фаластинӣ, ки ду дасташро аз даст дод, акси соли 2024 эълон шуд
Рустами Эмомалӣ ба Санкт-Петербург рафт
Эътироз, ишқ, издивоҷи иҷборӣ...ё одамрабоӣ? Чаро духтарҳои ноболиғ зиёд гум мешаванд?
Дар рӯзи сеюми “Парасту-2025” кадом намоишномаҳо манзури ҳаводорони театр гардид?
Намояндаҳои беш аз 10 донишгоҳи хориҷа ба ҷустуҷӯи довталабони тоҷик омадаанд
Тағйирот дар Ҳаҷ – 2025. Акнун тариқи ширкатҳои хориҷӣ касе наметавонад маносики ҳаҷро адо кунад
“Баланд бардоштани малака ва маҳорати наврасону ҷавонони Тоҷикистон барои кор ва зиндагӣ”. Баргузории конфронси ҷумҳуриявӣ аз ҷониби ЮНИСЕФ ва Иттиҳоди Аврупо
Ҳавлӣ, хона, ду мошин ва 230 ҳазор сомонӣ. Мақомот ба мусодираи амволи чеҳраҳои “парвандаи табаддулот" оғоз карданд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Ҷароҳат” қисми 4
Рӯзи пойтахти Тоҷикистон: Душанбе ҷашни худро чӣ гуна таҷлил мекунад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста