Дар зарфи панҷ рӯз (11-16-уми ноябр) аз Русия ба Тоҷикистон 57 нафар муҳоҷирони кории тоҷик, аз ҷумла 14 нафар мутобиқи қарори додгоҳ барои риоя накардани реҷаи будубош дар қаламрави Русия, ба ватан фиристода шуданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини сардори Раёсати назорати муҳоҷирати Хадамоти муҳоҷирати назди президенти Тоҷикистон Сафарбек Тоҳиров хабар дод, азт ин шумор ду нафар тариқи қатора ба вилояти Суғд ва ду нафари дигар тавассути ҳавоаймо ба ватан баргашта, ба 43 нафари боқимонда иҷозати вуруд ба қаламрави Русия дода нашудааст.
«Аксари шаҳрвандони мо бинобар сабти ном надоштан, такроран даст задан ба ҷиноёти маъмурӣ аз Русия ронда мешаванд», - гуфт ӯ.
Номбурда хотирнишон сохт, ки аз 8 то 11-уми ноябр мутобиқи қарори судҳо 13 нафар шаҳрвандони тоҷик аз Русия ба ватан истирдод шуданд. «Сабаби аслии рондани онҳо риоя накардан қоидаҳои будубош дар қаламрави Русия мебошад», - афзуд Тоҳиров.
Бино ба маълумоти Хадамоти муҳоҷирати ҷумҳурӣ, айни замон дар қаламрави Русия 1 млн. 32 ҳазору 620 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон будубош доранд.
Норасоии кадрҳо, набудани идея ва “рӯйхати сиёҳ” дар ТВ. Раиси нави Кумитаи телевизион ва радио мушкилиҳои соҳаро гуфт
Вазорати фарҳанг дастурамали тавсиявии либосҳои миллӣ барои мардону занонро омода кардааст
Чӣ гуна Русия дари мактабҳоро ба рӯйи кӯдакони муҳоҷир баст?
Ба Омбудсмени Тоҷикистон иҷозат надодаанд, ки бо гумонбарони ҳодисаи "Крокус" вохӯрад
Номзади нав ба мансаби раиси Додгоҳи олии иқтисодӣ. Ӯ кист?
Афзоиши содироти молу маҳсулот аз вилояти Суғди Тоҷикистон ба Қирғизистон
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Канизи зебо ва подшоҳи тарсу”
“Пайвандонашон ба мо муроҷиат накарданд”. Вокуниши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба боздошти чеҳраҳои шинохтаи сиёсат
Боздошти зани серфарзанди тоҷик дар Русия баъди тақдими хона ба ӯ
Ҷаъфар Осимов, бунёдгузори дастаи "ДайДушки" зери тарма монда, ҳалок шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста