Субҳи имрӯз пас аз бемории начандон тӯлонӣ журналисти маъруфи тоҷик Ҷумъабой Толибов дар синни 52-солагӣ дар манзилаш, ки дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд воқеъ аст,аз олам даргузашт.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) хабар доданд, маросими ҷаноза ва ба хок супурдани ӯ пагоҳ дар зодгоҳи рӯзноманигор – деҳаи Испағни ноҳияи Айнӣ баргузор мешавад.
Ахири моҳи сентябр АМВАОМТ, Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Медиа Алянси Тоҷикистон ба ҷомеаи рӯзноманигорон муроҷиат карда, дархост карданд, ки ба Ҷумъабой Толибов кумаки модди расонанд, зеро ӯ ба табобати ҷиддӣ ниёз дошт.
Толибов Ҷумъабой Ҷӯраевич (Ҷумъаи Толиб) 25-уми январи соли 1960 таваллуд шудааст. Оиладор, соҳиби 6 фарзанд. Соли 1979 ба Университети Давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (факултети журналистика) дохил шуда, соли 1984 таҳсилро ба анҷом расонидааст.
Аз соли 1989 то 1994 дар Университети Давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (факултети ҳуқуқшиносӣ) таҳсил кардааст. Солҳои 1984-1994 дар газетаи ноҳиявии «Меҳнат»-и ноҳияи Айнӣ мусаҳҳеҳ, мухбир ва мудири шӯъба шуда кор кардааст. Солҳои 1994-1995 сармуҳаррири газетаи «Нури ҳақ»-и ноҳияи Айнӣ буд. Солҳои 1995-1998 раиси хоҷагии деҳқонии «Авсанъан». Солҳои 1998-2004 мудири шӯъбаи ҳуқуқи Ҳукумати ноҳияи Айнӣ. Дар натиҷаи нашри мақолаҳои интиқодӣ нисбат ба мақомоти қудратӣ 8 моҳ зиндонӣ шуд. Пас аз он боз ба рӯзноманигорӣ баргашт. Солҳои 2004-2005 мухбири махсуси Маркази тадқиқоти журналистӣ дар водии Зарафшон. Солҳои 2005-2006 директори иҷроияи Маркази тадқиқоти журналистӣ. Солҳои 2007-2008 директори Оҷонсии иттилоотии «Зарафшон-таймс».
Аз соли 2008 директори Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва тадқиқоти журналистӣ, ҳамзамон, аз моҳи марти соли 2009 сармуҳаррири ҳафтаномаи ҷамъиятиву сиёсии «Пайкон» буд.
Аз соли 1987 узви Конфедератсияи байналхалқии журналистон. Аз соли 1984 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон. Аълочии матбуоти Тоҷикистон.
Норасоии кадрҳо, набудани идея ва “рӯйхати сиёҳ” дар ТВ. Раиси нави Кумитаи телевизион ва радио мушкилиҳои соҳаро гуфт
Вазорати фарҳанг дастурамали тавсиявии либосҳои миллӣ барои мардону занонро омода кардааст
Чӣ гуна Русия дари мактабҳоро ба рӯйи кӯдакони муҳоҷир баст?
Ба Омбудсмени Тоҷикистон иҷозат надодаанд, ки бо гумонбарони ҳодисаи "Крокус" вохӯрад
Номзади нав ба мансаби раиси Додгоҳи олии иқтисодӣ. Ӯ кист?
Афзоиши содироти молу маҳсулот аз вилояти Суғди Тоҷикистон ба Қирғизистон
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Канизи зебо ва подшоҳи тарсу”
“Пайвандонашон ба мо муроҷиат накарданд”. Вокуниши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба боздошти чеҳраҳои шинохтаи сиёсат
Боздошти зани серфарзанди тоҷик дар Русия баъди тақдими хона ба ӯ
Ҷаъфар Осимов, бунёдгузори дастаи "ДайДушки" зери тарма монда, ҳалок шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста