Дар Тоҷикистон Ҳафтаи аврупоии эмгузаронӣ (иммунизатсия, сироятнопазир кардан) оғоз мегардад, ки ҳадафи аслӣ аз он таблиғоти афкори муҳим будани эмгузаронии саривақтӣ ҳам барои калонсолону ҳам барои кӯдакон аст.
Зимни нишасти хабарӣ дар робита ба оғози ин маърака роҳбари Намояндагии Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар ҶТ Павел Урсу изҳор кард, ки барои ноил гардидан ба Ҳадафҳои рушди ҳазорсола дар масъалаи коҳиши маргумири кӯдакони синнусоли то 5-сола ба сеяки ҳисса, афзоиши фарогирии сироятнопазир гардонидани кӯдакон аз бемориҳо тавассути пешгирӣ бо ваксина зарур аст.
«Иммунизатсия имкон медиҳад, ки ҳамасола аз марги аз 2 то 3 млн. кӯдакон дар сатҳи глобалӣ пешгирӣ карда шавад», - гуфт вай.
Дар доираи чорабинии мазкур аз 21 то 27-уми апрел дар саросари ҷумҳурӣ аксияҳои гуногун доир гардида, ба аҳолӣ оид ба манфиати эмгузаронӣ ҷиҳати пешгирии бемориҳои гуногуни сироятӣ маводи иттилоотӣ пешниҳод мегардад.
Ҳафтаи мазкур таҳти шиори «Пешгирӣ, муҳофизат ва иммунизатсия» доир мегардад. Гуфта мешавад, коршиносон бар ин назаранд, ки эмгузаронии саривақтии кӯдак аз табобати беморӣ бамаротиб арзонтар аст.



Сабикаҳои тиллои Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2025 қариб 40% гарон шуданд
Теъдоди донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар Ӯзбекистон дар соли 2025-ум 2 баробар зиёд шудааст
Баъди ҳамлаҳои мусаллаҳона аз Афғонистон сохтмони як роҳи байналмилалӣ дар Дарвоз қатъ шудааст
Дар Тоҷикистон гирифтани тасдиқи маълумотнома дар бораи вазъи оилавӣ ба таври онлайнӣ ба роҳ монда шуд
Ҳукумати нав сохтанд ё ҷойгузини ҳам шуданд? Дар Украина чанд мансабдор аз вазифа рафт
Тағйироти кадрӣ. Ёрдамчии раисҷумҳур ва роҳбарони 9 шаҳру навоҳӣ нав шуданд
Боздошти як зодаи Тоҷикистон дар Русия дар робита ба марги як блогери рус
Пахта дар бозори ҷаҳонӣ қимат мешавад. Ин ба Тоҷикистон чӣ фоида дорад?
Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии амнияти занон зинаи 89-умро касб кард
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хоб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста