Соҳибмулки бозори «Корвон»-и шаҳри Душанбе Нуршед Машрабов мегӯяд, корҳои барқароркунӣ дар бозори фурӯши яклухти «Корвон» босуръат идома дошта, пеш аз муҳлати муқаррарнамудаи раиси пойтахт аввали моҳи октябр ба итмом мерасанд.
Дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» Н.Машрабов изҳор кард, ки корҳои барқароркунӣ дар ду баст идома дошта, доир ба хароҷоти дар ин самт масрафшуда метавон танҳо пас аз анҷоми корҳо ҳарф зад. «Дар анҷоми ин корҳо маро ҳам аз нигоҳи моддиву ҳам аз лиҳози маънавӣ дӯстону хешовандонам дастгирӣ мекунанд», - гуфт вай.
Соҳибмулки бозор ҳамчунин иброз дошт, ки маълумоти дақиқ дар хусуси ҳаҷми умумии хисорот то ҳанӯз маълум набуда, айни замон дар бозор ҷиҳати рӯшанӣ андохтан ба ин масъала ва сабабҳои сар задани сӯхтор комиссияи махсус таҳти роҳбарии муовини прокурори генералии ҷумҳурӣ Ҳабибулло Воҳидов фаъолият дорад ва ин комиссия хулосаҳои худро оид ба ин масоил рӯзи 19-уми сентябр ба раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев пешкаш мекунад.
«Бори дигар изҳор медорам, ки ба андешаи ман, сабаби сар задани сӯхтор дар бозор барқасдона оташ задан аст, - гуфт вай. – Маводи наворҳои мушоҳидаи видеоӣ дар дасти кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аст ва ман дар бораи онҳо ҳанӯз ҳеҷ маълумоте надорам».
Дар ҳамин ҳол, як манбаъ аз Саррраёсати Хадамоти оташнишонии ВКД Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки ташхиси сабабҳои сар задани сӯхтор дар бозори мазкур то ҳол ба итмом нарасидаанд.




Сабикаҳои тиллои Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2025 қариб 40% гарон шуданд
Теъдоди донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар Ӯзбекистон дар соли 2025-ум 2 баробар зиёд шудааст
Баъди ҳамлаҳои мусаллаҳона аз Афғонистон сохтмони як роҳи байналмилалӣ дар Дарвоз қатъ шудааст
Дар Тоҷикистон гирифтани тасдиқи маълумотнома дар бораи вазъи оилавӣ ба таври онлайнӣ ба роҳ монда шуд
Ҳукумати нав сохтанд ё ҷойгузини ҳам шуданд? Дар Украина чанд мансабдор аз вазифа рафт
Тағйироти кадрӣ. Ёрдамчии раисҷумҳур ва роҳбарони 9 шаҳру навоҳӣ нав шуданд
Боздошти як зодаи Тоҷикистон дар Русия дар робита ба марги як блогери рус
Пахта дар бозори ҷаҳонӣ қимат мешавад. Ин ба Тоҷикистон чӣ фоида дорад?
Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии амнияти занон зинаи 89-умро касб кард
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хоб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста