Аз терминали мусофиркашонии «Маром» ашхосе, ки аз пойтахти кишвар ба вилояти Суғд сафар доранд, дар чаҳор фасли сол истифода мебаранд. Аммо мусофирон аз шеваи корбарии масъулини ин терминал чандон розӣ нестанд.
Таҳмина Абдуқаюмова, сокини деҳаи Вешисти шаҳри Панҷакент, ки барои аёдати хоҳараш ба шаҳри Душанбе омадааст, шароит ва вазъи хизматрасонии кормандони терминали «Маром»-ро манфӣ арзёбӣ намуда, афзуд: «Дар ин терминал ягон ҷой барои нишастан мувофиқ нест. Ҳама ҷой ифлос. Нархи роҳкиро ба самти Панҷакент аз 100 то 120 сомониро ташкил медиҳад, ки ин барои мардум хеле гарон аст. Бештар ин амал ба буҷаи донишҷӯён таъсири манфӣ мерасонад. Бояд масъулин ва кормандони терминал аз паи ислоҳи ин камбудӣ шаванд».
Фирдавс Икромов, сокини шаҳри Душанбе, бо пуштибонӣ аз андешаҳои Таҳмина Абдуқаюмова гуфт: « Дар ҳамин рӯзҳои тобистон мусофирон то ба ҳаракат даромадани мошини кирошуда, аз гармии тоқатфарсо азият мекашанд. Барои дамгирӣ ҷойи мусоид нест. Роҳкирои хатсайри Душанбе –Кӯлоб назар ба нархи роҳкирои Душанбе – Панҷакент якуним баробар камтар аст. Ҳол он ки масофаи ин роҳҳо он қадар фарқ надорад. Илова бар ин, дар аксари мошинҳо меъёре, ки пешбинӣ шудааст, риоя намешавад. Дар як мошин ба ҷойи чаҳор нафар аз 7 то 9 нафарро савор мекунанд. Ҳатто онҳо моҳи шарифи Рамазонро ба инобат намегиранд, зеро аксари мусофирон мусулмонанду фазилати ин моҳи саидро ба ҷо меоранд. Гармии тоқатфарсо онҳоро бештар азият медиҳад. Оё кори масъулин ва кормандони терминал танҳо пул ҷамъ кардан аст?».
Анварбек Раҳматов, назоратчии техникии терминали мусофиркашонии «Маром» андешаҳои ироашударо рад кард. Мувофиқи гуфтаи ӯ терминал ба меъёри талабот ҷавобгӯ мебошад. «Ронандагони терминал, ки нуфузашон аз 60 то беш нест, ҳамарӯза аз рӯйи 6 хатсайр ба мусофирон хидмат мекунанд. Нархи роҳкиро низ чандон қиммат нест. Роҳкиро аз Душанбе ба самти ноҳияи Айнӣ аз 40 то 50 сомонӣ, Панҷакент аз 80 то 100 сомонӣ, Истаравшан аз 70 то 80 сомонӣ, Хуҷанд, Исфара ва Қайроқум 90 – 110 сомонӣ барои як нафар муқаррар карда шудааст».
Ба гуфтаи ӯ, дар терминал ҳам барои ронандаҳо ва ҳам барои мусофирон шароити хуби истироҳат фароҳам оварда шудааст ва мусофирон ва ронандаҳо аз тарзи корбарии кормандони терминал розӣ ҳастанд.
Раҳмон Ахмедов, ронандаи терминали мусофиркашонии «Маром, ки бо мусофиркашонӣ маош гирад, аз раванди фаъолияти масъулини терминали мусофиркашонии «Маром» изҳори қаноатмандӣ кард. «Сатҳи хизматрасонӣ дар терминали мо хеле хуб аст. Роҳкиро барои як нафар мусофире, ки аз Душанбе ба Панҷакент меравад, аз 80 то 100 сомонӣ мебошад», - гуфт ӯ.




“Ба назди мардум меравам”. Раиси тозатаъини Кӯлоб кист ва чӣ нақша дорад?
Дар Хатлон як мардро барои бо барқ куштани ҳамсараш 21 сол зиндонӣ кардаанд
Дар ҳолати мастӣ, ташкили пойга ва бе ҳуҷҷати ронандагӣ. Барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ чӣ ҷарима таъин мешавад?
Ду ҳавопаймо дар Хуҷанд фуруд омада натавониста, дар фурудгоҳҳои Душанбе ва Самарқанд нишастаанд
Таъмиру навсозии агрегатҳои НБО “Қайроққум” пурра ба охир расидааст
Роҳбари Театри миллӣ муайян шуд. Манучеҳр Шарифзода кист ва Театри миллӣ чӣ вазифа дорад?
То $15 ҳазор гаравпулӣ. Шарти нави ИМА аз тоҷикистониҳо барои дарёфти “виза”-и Амрико
“Бо "селофан" буғӣ кардааст”. Як зан дар Хуросон барои куштори духтари сесолааш 18 сол равонаи зиндон шуд
Ба оилаи ду афсари зимни задухӯрд дар марз бо Афғонистон кушташуда хона доданд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста
furkat26 июл, 2013 11:15
"Роҳкирои хатсайри Душанбе –Кӯлоб назар ба нархи роҳкирои Душанбе – Панҷакент якуним баробар камтар аст. Ҳол он ки масофаи ин роҳҳо он қадар фарқ надорад" Чунки рохи Дущанбе-Панчакент бепул нест. Дар хар масофаи муаян IRS маблаг меситонад.. Ин албатта таъсири манфии худро мерасонад.