Дар асоси супориши раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода, тамоми сохторҳои дахлдори КВД Сарраёсати ободонӣ, хоҷагию манзилӣ ва коммуналӣ барои бартараф намудани оқибатҳои барфрезӣ ва яхбандӣ пурра омода карда шудаанд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории Хуҷанд, бо ин мақсад ситоди махсус фаъолияти худро барои таъмини бехатарии роҳ ва ҳаракати мунтазами нақлиёт дар кӯчаҳои маркази вилоят, ҳамчунин чораҷӯии саривақтӣ нисбати яхбандии кӯчаҳо оғоз намудааст.
Фаъолияти ин ситод шабонарӯзӣ ба роҳ монда шуда, ҳайати он аз масъулину кормандони соҳаҳои раёсати ободонӣ ва хоҷагию манзилии шаҳр мураттаб гаштааст.
Ҳамарӯза барои бартараф намудани яхбандии роҳхо 25 нафар дар се баст навбатдорӣ намуда, 6 адад воситаҳои нақлиёти махсус дар ҳолати омодагӣ қарор дорад. Лозим ба ёдоварист,ки то имрӯз тибқи нақшаи зимистонгузаронӣ зиёда аз 500 тонна маводи зидди лағжиш захира карда шудааст,ки ин нисбат ба соли гузашта 200 тонна зиёд аст.
Ҳамчунин барои сари вақт огоҳӣ ёфтан аз вазъу ҳолати кӯчаҳои шаҳр ва таъмини робитаи доимӣ байни сокинони шаҳр бо ситод телефони иртиботии 4 09 39 амал мекунад,ки сокинони доири мушкилоти роҳ дар фасли зимистон тариқи он метавонанд ба ситод маълумот диҳанд.



Сабикаҳои тиллои Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2025 қариб 40% гарон шуданд
Теъдоди донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар Ӯзбекистон дар соли 2025-ум 2 баробар зиёд шудааст
Баъди ҳамлаҳои мусаллаҳона аз Афғонистон сохтмони як роҳи байналмилалӣ дар Дарвоз қатъ шудааст
Дар Тоҷикистон гирифтани тасдиқи маълумотнома дар бораи вазъи оилавӣ ба таври онлайнӣ ба роҳ монда шуд
Ҳукумати нав сохтанд ё ҷойгузини ҳам шуданд? Дар Украина чанд мансабдор аз вазифа рафт
Тағйироти кадрӣ. Ёрдамчии раисҷумҳур ва роҳбарони 9 шаҳру навоҳӣ нав шуданд
Боздошти як зодаи Тоҷикистон дар Русия дар робита ба марги як блогери рус
Пахта дар бозори ҷаҳонӣ қимат мешавад. Ин ба Тоҷикистон чӣ фоида дорад?
Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии амнияти занон зинаи 89-умро касб кард
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хоб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста