Дар робита ба баргузории корҳои таъмиру тадбирҳои пешгирӣ, рӯзи якшанбе, 28-уми декабр аз соати 09-00 то 16-00 интиқоли нерӯи барқ ба чанде аз кӯчаву хиёбонҳои пойтахт қатъ карда мешавад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз муассисаи шабакаҳои барқи Душанбе хабар дод, дар ин фосилаи вақти рӯзи истироҳат интиқоли нерӯи барқ ба маҳаллаҳои Испечак, Зарафшон – 1,2, мавзеи Донишгоҳи аграрӣ, кӯчаҳои Охунбобоев, Анзоб, Заҳматобод, Меҳнат, Телман, Саҳбо, Сурхоб, Лоҳутӣ, Турсунзода ва қисман кӯчаҳои Айнӣ, Мастонгулов, Дӯстии халқҳо ва академикхо Раҷабовҳо мутаваққиф карда мешавад.

Бино ба гуфти манбаъ, дар рӯзи таъиншуда аз мушкилот бо таъмини барқ дучор шудани сокинони маркази пойтахт низ аз эҳтимол дур нест.