Ахири ҳафтаи гузашта маросими расмии ифтитоҳи дубораи гӯшаи Амрико дар Душанбе дар мавзеи нави он, воқеъ дар кӯчаи Толстой 66, бо иштироки Сафири ИМА Сюзан Эллиотт баргузор гардид.
Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, дар маросими мазкур сарварони ташкилотҳои ғайридавлатӣ, толибилмон ва донишҷуён, омӯзгорон, бархе аз ҳаводорон ва боздидкунандагони доимии гӯшаи Амрико низ ширкат варзиданд.
Нахустин гӯшаи Амрико аввалан воқеъ дар бинои Академияи улум ва баъдан дар Китобхонаи миллӣ дарҳояшро соли 2005 боз намуда буд. Пас аз истиқболи меҳмонон ва ирсоли паёми табрикотӣ дар бинои нави гӯшаи Амрико, Сафир Эллиотт ҷавононро ҷиҳати баҳра бурдан аз кулли захоир, маводҳо, хизматрасонӣ, барномаҳо ва фаъолиятҳои дастрасу ройгони гӯшаи мазкур ба хотири такмили забони инглисӣ ва дониш, минҷумла идомаи омӯзиш, ҳавасманд амуд.
Дар айни ҳол, Сафорати ИМА фаъолияти ҳафт гӯшаи Амрикоро дар Душанбе, Кулоб, Қурғонтеппа, Хоруғ, Хуҷанд, Исфара ва Ғарм дастгирӣ менамояд. Ҳар як гӯшаи Амрико дастрасиро ба интернети ройгон бо мақсади омӯзиш, маводҳои ройгон барои омӯзиши забони инглисӣ, презентасияҳо марбут ба барномаҳои Ҳукумати ИМА ва машваратҳо оид ба масоили омӯзишӣ таъмин намуда, фаъолияти клубҳои мухталифро дастгирӣ менамояд. Гӯшаҳои Амрико яке аз роҳҳои дастгирии ҷавонони Тоҷикистон аз ҷониби мардуми Амрико ба ҳисоб мераванд.
Дар айни ҳол, гӯшаи Амрико дар ш. Душанбе дар кӯчаи Толстой 66, дар ақиби бинои Донишгоҳи омӯзгорӣ воқеъ аст.
Гӯшаҳои Амрико дар Тоҷикистон намунаи ҳамкорӣ миёни бахши Сафорати ИМА оид ба равобит бо ҷомеъа ва муасиссаҳои таълимӣ дар қаламравӣ ҷумҳурӣ ба ҳисоб мераванд. Онҳо дастрасиро ба маълумоти муосир ва эътимоднок аз ИМА ва дар бораи ин кишвар таввасути маҷмуъи китобҳо, интернет ва барномаҳои мухталиф барои ҷомеаи маҳаллӣ таъмин менамоянд.




Аз мубориза бо ифротгароӣ то бозшавии сарҳад. 15 маводи пурхонандаи бахши тоҷикии “Азия-Плюс” дар соли 2025
Масоили иҷтимоӣ ё дасти хориҷӣ? Талаби эътирозгарон дар Эрон ва посухи роҳбарони ин кишвар ба онҳо
16 сол пеш фурӯши саҳмияҳои “Роғун” оғоз гардид. Чӣ қадар маблағ ҷамъ шуд ва саҳмияҳо кай фоида меоранд?
Ҷаримаи ду корманди шабакаҳои тақсимоти барқ дар Ҳамадонӣ ва Ваҳдат барои “дуздӣ”-и барқ
Маҳмурод Ашӯров баъди нашри гузориши “Азия-Плюс” Назурбибиро пайдо кард
Шаби Соли нав дар Тоҷикистон наздики 700 кӯдак таваллуд шудааст
18 довар аз Тоҷикистон ба рӯйхати доварони ФИФА дар соли 2026 ворид шуданд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хоб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Соли 2026 дар Тоҷикистон кадом роҳҳо сохта мешаванд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 январи соли 2026
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста