Мақсади лоиҳаи «Муҳоҷирони меҳнатӣ ва аҳли оилаи онҳо: васеънамоии имкониятҳои ташкилотҳо – ҳуқуқҳои ҳимояшуда» таҳким ва ҳимояи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатии тоҷикистонӣ ва аҳли оилаи онҳо (ММваАО) тавассути баланд бардоштани иқтидори муассисаҳои давлатӣ ва ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар заминаи густариши ҳамкорӣ миёни ин муассисаҳо арзёбӣ мешавад.
Аксари муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон дар кишварҳои қабулкунанда дар ҷойҳое кор мекунанд, ки маоши паст дошта, талабот нисбат ба касбият онҳо чандон баланд нест. Онҳо нисбат ба ҳуқуқҳои худ дар кишваре, ки одатан кор мекунанд, маълумоти зарурӣ надоранд, ҳамчунин дастрасии онҳо ба машваратҳои ҳуқуқӣ маҳдуд аст ва бинобар ин, дар бештар маврид муҳоҷирони меҳнатии тоҷикистонӣ ба муносибатҳои ғайриинсонӣ ва таҷовузкорона рӯ ба рӯ мешаванд. Бо мақсади мусоидат ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва аҳли оилаи онҳо лоиҳаи мазкур иқтидори 25 гурӯҳи ташаббускор ва гурӯҳҳои худёрирасонро барои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои ММ ва АО тариқи бунёди муколама бо сохторҳои давлатӣ тавассути тренингҳои таълимӣ баланд бардошт.
«Лоиҳа дар ҳаёти мо дигаргунӣ ворид кард. Дар раванди лоиҳа мо аниқ кардем, ки дигар ҳангоми мушкилот ба куҷо муроҷиат бояд кард. То ин дам, мо ҳамеша фикр мекардем, ки ба куҷо равему додамонро ба кӣ гӯем, чунки на ҳама кормандони сохторҳои давлатӣ дақиқ медонистанд, ки дар ин маврид кӣ бояд ба мо ёрӣ расонад. Баъди иштирок дар тренингҳо бо иштироки кормандони давлатии маҳаллӣ мо оид ба самтҳои хизматрасонии онҳо бохабар шудем ва боварӣ ба кӯмак бештар гардид», -мегӯяд С. Каримов, узви гуруҳи ташаббускори ҷамоати Машъали ноҳияи Вахш.
Дастовардҳои дигари лоиҳа – паҳн намудани иттилоот оид ба ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва аҳли оилаи онҳо, воситаҳои ҳуқуқии дастрас, хизматрасонӣ ва низоми роҳхат ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва аҳли оилаи онҳо дар Тоҷикистон ва Федератсияи Русия ба воситаи технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ (телефон, SMS, почтаи электронӣ, сомона) таъмин карда мешавад. Ҳамчунин дар доираи лоиҳа донишу малакаи 160 намояндаи ҳукуматӣ, ки дар самти танзим ва ҷараёни муҳоҷиратӣ меҳнатӣ ва бевосита бо ММ ва АО кору фаъолият мекунанд, тариқи тренингҳо бо ҷалби коршиносони байналмилалӣ ва маҳаллӣ, баланд бардошта шуд. Лоиҳа ҳамчунин иқтидори ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандиро оид ба идоракунии молиявӣ тавассути барномаҳои таълимӣ такмил дод.
Лоиҳа аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо (ИА) маблағгузорӣ гардида, тавассути DCA Central Asia дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятии "Марказ оид ба ҳуқуқҳои инсон», «Ғамхорӣ» ва «Иқдомҳои шахрвандӣ дар рушд" дар Тоҷикистон амалӣ шуд. Буҷаи лоиҳа 300,000 евро аз тарафи Иттиҳоди Аврупо ва 160,000 евро аз ҷониби DCA Central Asia маблағгузорӣ шуд. Лоиҳа дар доираи барномаи «Дастгоҳи аврупоӣ барои демократия ва ҳуқуқҳои инсон (EIDHR)» аз моҳи феврали соли 2014 оғоз шуда, моҳи декабри соли 2015 ба анҷом мерасад. Минтақаҳои фарогирифтаи лоиҳа шаҳри Душанбе, ноҳияи Ҳисор, вилояти Хатлон (Вахш, Бохтар, Ҷомӣ) буд.



“Ба назди мардум меравам”. Раиси тозатаъини Кӯлоб кист ва чӣ нақша дорад?
Дар Хатлон як мардро барои бо барқ куштани ҳамсараш 21 сол зиндонӣ кардаанд
Дар ҳолати мастӣ, ташкили пойга ва бе ҳуҷҷати ронандагӣ. Барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ чӣ ҷарима таъин мешавад?
Ду ҳавопаймо дар Хуҷанд фуруд омада натавониста, дар фурудгоҳҳои Душанбе ва Самарқанд нишастаанд
Таъмиру навсозии агрегатҳои НБО “Қайроққум” пурра ба охир расидааст
Роҳбари Театри миллӣ муайян шуд. Манучеҳр Шарифзода кист ва Театри миллӣ чӣ вазифа дорад?
То $15 ҳазор гаравпулӣ. Шарти нави ИМА аз тоҷикистониҳо барои дарёфти “виза”-и Амрико
“Бо "селофан" буғӣ кардааст”. Як зан дар Хуросон барои куштори духтари сесолааш 18 сол равонаи зиндон шуд
Ба оилаи ду афсари зимни задухӯрд дар марз бо Афғонистон кушташуда хона доданд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста