Анонс
- Дар меҳмонхонаи «Хайят Реҷенси»-и шаҳри Душанбе дар доираи «Корвони тиҷоратии Покистон» форуми тиҷоратии доираҳои соҳибкории Тоҷикистону Покистон доир мегардад. Оғоз соати 09-30;
- Намояндагии Ислоҳоти байнулмилалии маҳбасҳо PRI дар Осиёи Марказӣ ва Фонди ҷамъиятии «Ташаббуси ҳуқуқӣ» дар ҳамдастӣ бо Эътилофи созмонҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон, бо кӯмаки молиявии Шуъбаи ташкилоти байнулмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон рӯзҳои 25-27 майи соли 2016 дар ш. Душанбе (толори конфронси меҳмонхонаи «Комфорт», кӯч. Толстой 59) оид ба пешгирии зӯроварӣ ва дигар муносибатҳои бераҳмона нисбат ба кӯдакон дар муассисаҳои пӯшидаю нимапӯшидаи Тоҷикистон давраи омӯзишӣ баргузор мекунанд;
- Дар шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Вазъи экологӣ дар Осиёи Марказӣ: мушкилот ва дурнамо» мизи гирд баргузор мешавад, ки дар кори он коршиносони бахши экологияи кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Русия иштирок мекунанд;
- Ба таъсиси Фонди байнидавлатии ҳамкориҳои гуманитарии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 10 сол пур мешавад.
Қ урби асъор
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА - 7.8690 сомонӣ;
1 евро – 8.7826 сомонӣ;
1 рубли русӣ - 0.1148 сомонӣ.
Як р ӯ зи таърих
1933 – Таъсиси ноҳияи Ванҷ.
1945 – Дар Душанбе корхонаи «Трактородеталь» ба кор оғоз кард.
1962 – Ифтитоҳи ҳафтаи адабиёти тоҷик дар шаҳри Киев.
1993 – Миёни Тоҷикистону Русия Шартнома дар бораи дӯстиву ҳамкорӣ ва ёрии байниҳамдигарӣ ба имзо расид.
2004 – Дар марзи Тоҷикистону Чин гузаргоҳи Қулма-Қарасу боз шуд. Бо ифтитоҳи он роҳи мошингарди Мурғоб-Қулма-Қарақорум расман ба фаъолият шурӯъ кард.
2010 — Дар яке аз зиндонҳои шаҳри Душанбе собиқ раиси вилояти Суғд Абдуҷалил Ҳомидов аз олам даргузашт.
2014 — Собиқ муовини раиси шаҳри Душанбе Абдулаҳад Оеви 51-сола бар асари садамаи нақлиёт дар километри 47-уми роҳи мошингарди Душанбе - Хуҷанд дар ноҳияи Варзоб ба ҳалокат расид.
1926 – Зодрӯзи доктори илмҳои таърих, Корманди шоистаи Тоҷикистон, академики Академияи илмҳои педагогӣ ва ҷамъиятии Федератсияи Россия Абдуҳамид Ҷалилов.
1929 – Мавлуди доктори илмҳои геолого-минералогӣ, Арбоби шоистаи илми Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи ба номи Абӯалӣ ибни Сино профессор Суннатулло Бобохоҷаев.
1937 – Зодрӯзи журналист Қадам Мӯъминшоев.
1946 – Мавлуди нависанда Сулаймон Эрматов.
1948 – Зодрӯзи Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон, овозхон Ҳабибулло Бекмуҳаммад.
1949 – Мавлуди журналист Турсунпӯлод Аминҷонов.
1965 – Зодрӯзи коргардони кино, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Бахтиёр Худоназаров.
1972 – Мавлуди журналист Самариддин Асозода.
Вазъи обуҳаво
Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +16+21, рӯзона +29+34, дар доманакӯҳҳо шабона +5+10, рӯзона +18+23.
Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +18+23, рӯзона +31+36, дар доманакӯҳҳо шабона +11+16, рӯзона +28+33.
Дар Вилояти Мухтори К ӯ ҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.
Ҳарорат: дар ғарб шабона +6+11, рӯзона +21+26; дар шарқ шабона-1+4, рӯзона +10+15.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +12+17 рӯзона +30+35, дар доманакӯҳҳо шабона +7+12, рӯзона +22+27.
Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +11+13, рӯзона +30+32.
Дар шаҳри Ху ҷ анд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +18+20, рӯзона +30+34.
Дар шаҳри Қ ӯ рғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +18+20, рӯзона +34+36.
Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.
Ҳарорат: шабона +8+10, рӯзона +26+28.




“Ба назди мардум меравам”. Раиси тозатаъини Кӯлоб кист ва чӣ нақша дорад?
Дар Хатлон як мардро барои бо барқ куштани ҳамсараш 21 сол зиндонӣ кардаанд
Дар ҳолати мастӣ, ташкили пойга ва бе ҳуҷҷати ронандагӣ. Барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ чӣ ҷарима таъин мешавад?
Ду ҳавопаймо дар Хуҷанд фуруд омада натавониста, дар фурудгоҳҳои Душанбе ва Самарқанд нишастаанд
Таъмиру навсозии агрегатҳои НБО “Қайроққум” пурра ба охир расидааст
Роҳбари Театри миллӣ муайян шуд. Манучеҳр Шарифзода кист ва Театри миллӣ чӣ вазифа дорад?
То $15 ҳазор гаравпулӣ. Шарти нави ИМА аз тоҷикистониҳо барои дарёфти “виза”-и Амрико
“Бо "селофан" буғӣ кардааст”. Як зан дар Хуросон барои куштори духтари сесолааш 18 сол равонаи зиндон шуд
Ба оилаи ду афсари зимни задухӯрд дар марз бо Афғонистон кушташуда хона доданд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста