Пас аз он ки Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар мусоҳибаи худ ба Радиои “Озодӣ” аз китобхонии худ тавсиф намуд, корбарони шабакаи иҷтимоии Фейсбук маъракаи “китобхонӣ”-ро роҳандозӣ намуданд. Онҳо акси китоби “Марги судхӯр”-и Садриддин Айниро дар саҳифаҳои худ нашр карда, навиштаанд, ки “асрори муваффақият дар тиҷоратро меомӯзанд”.

Ин вокуниши фаъолони шабакаи Фейсбук ба сухани ахири Бег Сабур аст, ки гуфт, “шабакаҳои телевизиониро тамошо намекунам ва бештар китобҳои бадеӣ мехонам”. Ӯ дар як мусоҳибаи кӯтоҳи худ ба хабарнигори Радиои “Озодӣ” зикр намудааст, ки “китоби “Нисо”, “Одина”, “Арбобкамол”, “Марги судхӯр”-ро, ки “хусусияти иқтисодӣ дошта бо тиҷорат робитаи ногусустанӣ доранд”, мутолиа намудааст”.

Баъзе аз корбарони Фейсбук ба ин суханони раиси Хадамоти алоқа ба таври танзомез вокуниш нишон додаанд. Баҳром Шарифзода навиштааст, ки “маълум шуд, чаро интернет нархаш боло меравад, ин таъсири китоби “Марги судхӯр” аст”. Сановбар Ваҳҳобова менависад, ки “мо ин китобҳоро дар синфи 4-5 хонда, иншо навишта будем”.

“Дар ҳақиқат ин китобҳо барои бизнесанд. “Нисо” - мардум бо роҳи ҳашар ба маҳалашон об оварданд (мардумро ба ҳашар барореду пули барои ободонӣ ҷудо шударо аз худ намоед), “Одина”- ба мисли қаҳрамони асар ба муҳоҷират раведу сатҳи зиндагии худро беҳтар намоед. “Марги судхӯр”- пули худро ба дигарон қарз диҳеду аз ҳисоби оши наҳору садақа шикаматонро сер намоед”,-навиштааст Муҳаммад Шарифзода.

Сиёвуш Наботов навистааст, ки “барои таблиғи китобхонӣ ба Бег Сабур ҷоизаи Лоҳутӣ ё Рӯдакӣ тақдим карда шавад”. Маҳмуди Ашӯрмаҳмад пешниҳод кардааст, ки Бег Зуҳуров “вазири фарҳанг ё раиси китобхона таъйин карда шавад”.


Аммо гуруҳи дигари корбарони Фейсбук раиси Хадамоти алоқаро барои надонистани забони давлатӣ танқид намуда, тавсия намудаанд, ки аз мансаби давлатӣ канор рафта, ба тиҷорат машғул шавад. Аз ҷумла Некрулло Бобохонов менависад, ки “агар вазир 2 ҷумла бо тоҷикӣ сухан гуфта натавонад, айб аст... Ҷаноби Бег Сабур, аз шумо хоҳиш мекунам, ки аз вазифа равед ва бо бизнес машғул шавед. Мумкин аз тиҷорат ягон фоидаатон расад!”. Хусрав Мирзоев менависад, ки “ин одам агар биснесмен мебуд гапи дигар буд, ӯ дар курсии вазорат нишастаасту вазири мо аст. Ба шумо суол мекардам, ки аз доштани чунин вазир шарм намедоред?”.


Дар ҳамин ҳол чанде аз корбарони Фейсбук аз Бег Сабур ҳимоят кардаанд. Масалан, Сироҷиддин Раҳимов менависад, ки “вазирону раисон ҳам одаманд ва бояд ба онҳо кӯмак кард, то Тоҷикистонро обод кунанд”. Ҳасан Шомирсаидов дар ҳимояи раиси Хадамоти алоқа менависад: “Дар ин замона роҳбар шуда фаъолият намудан осон нест. Ин мардро фаҳмидан лозим. Аз ҳама кори осон ин айб ёфтан ба ягон нафар аст... Пешниҳод мекунам, ки вақте камбудиро менависем, роҳи ҳаллашро пешниҳод намоем”.

Ба ин монанд шарҳҳо дар саҳифаҳои Фейсбук садҳо аст. Ва иқдоми “даъват ба китобхонӣ” дар шабакаҳои интернетӣ ҳам идома дорад.

Бояд гуфт, ин маротибаи аввал нест, ки раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон мавриди танз ва интиқоди фаъолони шабкаҳои иҷтимоӣ қарор мегирад. Соли 2012 низ як сухани Бег Сабур дар бораи қатъи алоқа дар Бадахшон мавҷи танзу интиқоди корбаронро ба миён оварда буд. Бег Зуҳуров гуфта буд, ки сабаби қатъи алоқаи телефонӣ дар Бадахшон “тири шикорчӣ аз Ваҳдат аст, ки сими телефонро кандааст”. Он замон баъзе аз фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ ба идораи Бег Сабур чанд метр сим ҳам бурда буданд, ки алоқаро барқарор намояд.

Баъдтар даъвати Бег Сабур аз муассиси Фейсбук Марк Сукерберг барои пардохти андоз ва ба қабули ӯ ташриф овардан, низ мавҷи танзи корбарони шабакаҳои иҷтимоиро ба миён оварда буд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.