Маросими анҷоми лоиҳаи дастрас кардани таҷҳизот барои Маркази тиббии шаҳри Душанбе ба номи Карим Аҳмадов 10-уми феврал баргузор шуд. Дар он сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Такаюки Мияшита суханронӣ карда, иттилоъ дод, ки аз тарафи ҳукумати Ҷопон барои татбиқи ин лоиҳа беш аз 89 ҳазор доллари ИМА ҳамчун грант ҷудо гардид.
Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, беморхонаи мазкур ва шуъбаи акушерӣ барои нигоҳубини кӯдакони навзод ба таҷҳизоти ҳозиразамони тиббӣ ниёз дошт. Пас аз анҷом ёфтани лоиҳа, акнун дар шуъба таҷҳизоти зарурӣ, аз қабили дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ, мониторҳои тиббӣ, инкубатор, лампаи фототерапевтӣ, катҳои кӯдакона ва ғайра насб карда шуданд.
Такаюки Мияшита изҳор дошт, ки лоиҳаҳои ҳукумати Ҷопон дар рушди соҳаҳои гуногун, аз ҷумла, иншооти инфрасохторӣ, маориф, кишоварзӣ, тандурустӣ ва рушди иҷтимоӣ мусоидат карда, барои тақвияти ҳамкории дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Ҷопон нақши муҳим мебозанд.
Лоиҳаи мазкур дар чаҳорчӯбаи Барномаи кумакҳои бебозгашти ҳукумати Ҷопон барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ (GGP) амалӣ шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 январи соли 2026
Аз мубориза бо ифротгароӣ то бозшавии сарҳад. 15 маводи пурхонандаи бахши тоҷикии “Азия-Плюс” дар соли 2025
Масоили иҷтимоӣ ё дасти хориҷӣ? Талаби эътирозгарон дар Эрон ва посухи роҳбарони ин кишвар ба онҳо
16 сол пеш фурӯши саҳмияҳои “Роғун” оғоз гардид. Чӣ қадар маблағ ҷамъ шуд ва саҳмияҳо кай фоида меоранд?
Ҷаримаи ду корманди шабакаҳои тақсимоти барқ дар Ҳамадонӣ ва Ваҳдат барои “дуздӣ”-и барқ
Маҳмурод Ашӯров баъди нашри гузориши “Азия-Плюс” Назурбибиро пайдо кард
Шаби Соли нав дар Тоҷикистон наздики 700 кӯдак таваллуд шудааст
18 довар аз Тоҷикистон ба рӯйхати доварони ФИФА дар соли 2026 ворид шуданд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хоб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Соли 2026 дар Тоҷикистон кадом роҳҳо сохта мешаванд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста