Рӯзи 19 октябр дар доираи амалисозии лоиҳаи муштараки “Тақвияти низоми тандурустӣ дар Тоҷикистон”маросими супоридани 9 адад автомашинаҳои Toyota Hilux ба МД «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика» доир гардид.

Тавре ки маркази матбуоти Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, лоиҳа аз ҷониби Барномаи Рушди СММ ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон бо маблағгузории Алянси Глобалии ваксинаҳо ва иммунизатсия татбиқ мешавад.

Гуфта мешавад, автомашинаҳои дастрасшуда байни филиалҳои Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика» дар минтақаҳои ҷумҳурӣ тақсим шуда, ҳазорҳо нафар аҳолии кишвар имконияти дастрасии беҳтар ба ваксинаҳоро пайдо хоҳанд кард.

Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз ин Марказ хабар доданд, автомашинаҳо барои интиқоли ваксинаҳо ва маводи тиббӣ ба ноҳияҳо дурдасти кишвар: Панҷакент, Кӯҳистони Мастчоҳ, Балҷувон, Ховалинг, Шамсиддини Шоҳин, Сангвор, Тоҷикобод, Лахш, Дӯстӣ, Ванҷ, Мурғоб, Ишкошим, Рӯшон, Шуғнон, Дарвоз ва Роштқалъа истифода бурда мешаванд.

Ҳамчунин дар Марказ зикр карданд, ки ин автомашинаҳо ба кумаки расида аз ҷониби Барномаи рушди СММ дар доираи лоиҳаи “Устувор намудани соҳаи тандурустӣ дар Тоҷикистон” илова мешаванд.

Дар чаҳорчӯби Барномаи рушди СММ бо ҳамоҳангсозии Вазорати тандурустӣ ва Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика 64 муассисаи тиббӣ ва 8 анбори нигаҳдории ваксина ва дорувории тиббӣ дар ноҳияҳои ҳадафнок бунёду таъмир шудааст, ки ба беҳбуди дастрасӣ ба хидматрасонии тиббӣ ва ваксинаҳо барои зиёда аз 280 ҳазор нафар одамони дар ин ноҳияҳо мусоидат мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.