Дар Тоҷикистон қабули дархостҳо барои таҳсил тибқи квота дар макотиби олии Русия оғоз шуд, хабар дод дар саҳифаҳои расмии худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ намояндагии Россотрудничество дар Тоҷикистон.

Барои дарёфти квота ба қайд гузоштани худ дар сомонаи education-in-russia.com, интихоби мактаби олӣ ва барномаи таҳсил, пур кардани анкета дар шакли онлайн (гузошатни сурат, скан-нусхаи шиноснома, ҳуҷҷат дар бораи маълумот ё маълумотнома (справка) дар бораи таҳсил), гузаштани озмоишҳои фосилавии интихоб, инчунин гирифтани роҳхат ба мактаби олии афзалиятнок) лозим аст.

Дар сурати пайдо шудани саволҳои иловагӣ, метавонед ба рақамҳои зерин занг занед:   

- дар Душанбе (+992 37) 221-89-47 /  (+ 992 37) 221-89-85;

- дар Хуҷанд (+992 34) 226-02-22.

Ёдрас мекунем, ки соли хониши гузашта зиёда аз 28 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия таҳсил мекарданд.

Як сол пеш теъдоди онҳо 23 нафарро ташкил медод.

Квотаро чӣ гуна гирифтан мумкин аст?

Моҳи феврали соли равон роҳбари намояндагии Россотрудничество дар Тоҷикистон Иван Иванов дар барномаи радиои “Азия-Плюс” дар бораи гирифтани квота ва ба қайд гузоштан муфассал маълумот дода буд.

Қадами аввал бақайдгирӣ аст ва пас аз пур кардани саволнома, ҳолати он нишон медиҳад, ки он аз ҷониби РЗУ (Россотрудничество) санҷида мешавад, сипас довталаб рақами сабтро мегирад. Он чунин аст: TJ – маҷмӯи рақамҳо ва сипас / 23 – сол.

Зери ин рақам шумо минбаъд дар сомона муайян карда мешавед, аз санҷиш ва дигар расмиёт мегузаред.

Пас аз санҷиши Россотрудничество, агар ҳама чиз хуб бошад, ҳолати “Санҷида шуд” (Проверено) пайдо мешавад ва ба довталаб барои аз тест гузаштан иҷоза дода мешавад.

Дар омади гап, хубтар аст, ки на аз дастгоҳи мобилӣ, балки аз компютер сабти ном кунед. Ин осонтар хоҳад буд ва хатогиҳо камтар мешаванд. Тестигирӣ дар реҷаи онлайн гузаронида мешавад, ки соли гузашта ба таври тетсӣ роҳандозӣ гардида буд.

Имтиҳонҳо дар куҷо ва чӣ гуна супорида мешаванд?

Шумо бояд онҳоро дар компютер онлайн, беҳтараш дар хона супоред. Барои супоридани санҷишҳо, шумо бояд веб-камера барои низоми санҷиш (прокторинг) дошта бошед. Имтиҳонгирандагон аз ҷониби довталабон софдилона бе фиреб супурдани санҷиш ва истифода накардани варақаҳои кумак (шапаргалкаҳо)-ро пайгирӣ мекунанд.

Онҳо тавассути камера мушоҳида мекунанд, то ки ҳаракатҳои нолозими чашми субъекти санҷиш, садоҳои нолозим ва дигар омилҳое, ки аз беинсофона иҷро шудани супоришҳо шаҳодат медиҳанд, сурат нагиранд. Агар довталаб ногаҳон ба ҷунбидан дарояд, вай аввал хабари огоҳкунанда мегирад.

Дар навбати аввал, шумо бояд ба саволҳое, ки бо ситорача нишон дода шудаанд (ҳатмӣ) диққат диҳед. Инчунин хатогиҳо дар шакли акси каҷ насбшуда ё скани ҳуҷҷате, ки хондан мумкин нест, имкон дорад.

Аввал бояд номи шахсии худ ва баъдан номи падар яъне насаб (фамилия)-ро навиштан лозим аст. Агар ҳангоми супоридани санҷиш ҳолатҳои ғайричашмдошт ба монанди қатъи барқ ​​ё чизи дигар рух дода бошанд, шумо бояд ҳатман ба “Русский дом” муроҷиат кунед ва дар ин бора хабар диҳед. Скриншот метавонад ҳамчун далел хидмат кунад.

Кадом имтиҳонҳоро супоридан лозим аст?

Агар аз руи ихтисоси техникӣ бошад, пас физика ва математика.

Агар тиб бошад, пас аз химия ва биология.

Дар кластери бузурги гуманитарӣ метавонад таърих, иқтисод, ҷомеашиносӣ ва ғайраҳо бошад.

Лекин агар самт эҷодӣ бошад, пас имтиҳонҳо бояд на дар реҷаи тестӣ супорида шаванд, балки мебояд аз суҳбат гузашт.

Мактабҳои олӣ расмиёти худро доранд, ҳатто агар шумо аз санҷишҳо (тестҳо) гузашта бошед ҳам, муассисаҳои таълимии маъруф метавонанд хоҳиш намоянд, ки бо комиссия суҳбат кунед.

Россотрудничество дар саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ давра ба давра ҷавобҳо ба саволҳои бештар дохилшударо дар бораи маъракаи квота гирифтани довталабон нашр мекунад.

Тибқи квота аз мактаби олии Тоҷикистон ба мактаби олии Русия гузаштан имкон дорад?

Не. Лозим аст, ки дубора имтиҳон супоред ва ба курси 1-ум дохил шавед. Ҳамчунин тибқи квота ба таҳсили ғоибона дохил шудан мумкин нест.

Довталабони дорои душаҳрвандӣ метавонанд барои квота дархост диҳанд?

Бале. Дар сурати мавҷуд набудани қайди доимӣ дар Русия.

Пас аз он, ки «ПРОВЕРЕНО РЗУ» пайдо шуд, чӣ мебояд кард?

Муайян кардани рӯзи гирифтани тестро интизор шудан лозим аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.