Имсол, сокинони Тоҷикистон бар иловаи ду рӯзи истироҳат ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон се рӯз пайиҳам– 4, 5 ва 6-уми ноябр истироҳат мекунанд. Дар ин бора аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

Мувофиқи меъёри қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон, ки ҳамасола 6-уми ноябр  таҷлил мешавад, ҳамчун рӯзи истироҳат муқаррар гардидааст.

Ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар тамоми шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ баргузории чорабиниҳои идонаи фарҳангӣ фароғатӣ ва илмиву таълимӣ дар назар аст.

Аз ҷумла, дар шаҳри Душанбе ба ифтихори ҷашн дар тамоми боғҳои фарҳангию фароғатӣ чорабиниҳои фарҳангӣ, консерти устодони санъат, намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор мешаванд.

Тасмими баргузории чорабиниҳоро қаблан Рустами Эмомалӣ, шаҳрдорӣ Душанбе тасвиб карда буд.

Ёдовар мешавем,  ки имсол аҳолии Тоҷикистон 29-умин солгарди қабули Конститусияи Тоҷикистонро таҷлил мекунанд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 дар натиҷаи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Баъдтар, вобаста ба тағйир ёфтани вазъи сиёсиву ҷамъиятии мамлакат дар натиҷаи райпурсии умумихалқӣ - 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағийроту иловаҳо ворид карда шудаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.