Марямбонуи Фарғонӣ, нависанда ва рӯзноманигори шинохтаи тоҷик рӯзи 11-уми ноябр зодрӯзи худро ҷашн гирифт. Ӯ умри худро ба тарғиби фарҳангу таърихи тоҷикон ва таҳкими ҳувияти миллӣ сарф кардааст.

Мавсуф яке аз мудофиони забону фарҳанги тоҷикӣ дар Ӯзбекистон мебошад. Ӯ мегӯяд, ки дар Ӯзбекистон беш аз 15 млн нафар тоҷикон зиндагӣ мекунанд, вале дар омори расмӣ бо сабабҳои гуногун қариб 10 маротиба камтар нишон дода шудааст.

Марямбону таъкид мекунад, ки солҳо тоҷикони Ӯзбекистон дар зери тоҷикситезии мақомдорони кишварашон зиндагӣ карданд, ҳоло бояд ҳаққи конститутсионии онҳо риоя карда шавад: номи миллати аслиашон дар ҳуҷҷатҳо зикр гардида, таълиму тарбият дар кӯдакистонҳову мактабҳо бо забони модариашон ба роҳ монда шавад.

“Азия-Плюс” ба ин муносибат бо Марямбонуи Фарғонӣ дар бораи зиндагии имрӯза, корнома ва вазъи забону ҳувияти тоҷикон дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мусоҳиба орост.

“...на шоираму на нависанда.”

- Чӣ ҳолу ҳаво доред ва бо чӣ корҳо машғулед?

- Кори хосе надорам, бознишаста ҳастам. Кам менависам, мехоҳам як навиштаам аз аввалааш фарқ кунад. Сари ҳар ҷумла ва мисраъ амиқ фикр мекунам. Ҳар вақт чизи наве гуфтан осон нест...

Кори эҷодиро бидуни илҳом хубу дилписанд анҷом додан душвор аст. Аммо парии илҳоми ман басе серноз буда, баъзан моҳҳо сӯям тоб намехӯрад. Дар чунин авқот ман на шоираму на нависанда. Бар замми ин синну сол ба ҷое расидаву вазъи саломатиам низ таърифӣ нест.


“Ба Душанбе омаданам зарур буд”

- Шумо бо тасодуфе аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон омадед. Аз таваккал кардан натарсидед?

- Мегӯянд, зери ҳар тасодуф зарурате ҳаст. Пас, ба Тоҷикистон омадани ман ҳам барои эҷодам, ҳам барои ояндаам зарурате доштааст.

- Зарурат ба кадом маъно?

- Аслан, ба Душанбе омадан бароям орзуи чандинсола буд. Аз муҳити адабии Душанбе огаҳӣ доштам, китобҳои шоирону нависандагони тоҷикро мутолиа мекардам, рӯзномаву маҷаллаҳоро пайгирӣ менамудам. Дар андешаи худ фазои Душанберо тасаввур мекардам ва бароям ҳаяҷоновар буд.

Бинобар вазъи номусоиди ҳаво чун парвози ҳавопаймои мо аз Хӯканд ба Тошканд ба таъхир афтод, аз имконияти пешомада истифода карда, азми тамошои шаҳри орзуҳоям кардам. Билети дастамро иваз кардаму ба тайёраи Хӯканд - Душанбе нишастам. Дар пойтахти Тоҷикистон саргум назадам, балки худро ёфтам. Бо устодони соҳибқаламу худогоҳ шиносоӣ пайдо кардам, чунон ки мегӯянд, бо гули миллат шину хез кардам.


Корномаи рӯзноманигории Марямбонуи Фарғонӣ

- Дар рӯзноманигорӣ корро аз “Паёми Душанбе” оғоз кардед ва баъдтар дар “Садои мардум” идома додед. Аз ин марҳилаи умри худ чӣ хотираҳо доред?

Справка по теме

Марямбонуи Фарғонӣ 11-уми ноябри соли 1956 дар деҳаи Ровони ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон ба дунё омадааст. Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Самарқанд (1977) мебошад. Фаъолияти меҳнатиаш аз мактаби деҳа шурӯъ гардида, то соли 1984-ум омӯзгори фанҳои забон ва адабиёти тоҷик буд. Соли 1984 ба Тоҷикистон омада, то соли 1989 дар Маркази методии назди Вазорати маориф кор карда ва баъдан ба кори рӯзноманигорӣ пардохт: дар нашрияҳои “Паёми Душанбе”, “Садои мардум”, “Адабиёт ва санъат”, “Омӯзгор”, “Истиқбол”, “Фирӯза” ва радиои эронии “Садои Хуросон” кор кард. Марямбонуи Фарғонӣ муаллифи 10 китоб иборат аз назму наср аст ва дорандаи Ҷоизаи адабии байналмилалии ба номи Б.Пастернак, “Нишони сухан”, Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ ва Аълочии матбуот, фарҳанг ва маорифи Тоҷикистон мебошад.

- Соли 1984 ба Душанбе омадам ва 5 сол методисти калони Маркази методии Вазорати маорифи Тоҷикистон будам. Аммо дар ин баробар ман бо нашрияҳои гуногун ҳамкорӣ доштам. Охири соли 1989 нашрияи “Паёми Душанбе” таъсис ёфт ва барои ҷалби хабарнигорон озмун эълон кард. Ҳамин тавр, чун шореҳ дар ”ПД” ба кор оғоз кардам. Ин нашрия ҳанӯз аз шумораи аввалинаш, ки якуми январи соли 1990 интишор ёфт, маҳбуби мардум гардид. Дар воқеъ, дар обрӯ ёфтани нашрия саҳми сармуҳаррири он - адиб ва рӯзноманигори чирадаст Додохон Эгамзод ниҳоят бузург буд.

Соле баъд ба рӯзномаи “Садои мардум” ба кор даъват шудам. Аз рӯзи аввали таъсиси рӯзномаи “Садои мардум” (1991) то соли 1994 он ҷо кор кардам. Устод Муродулло Шерализода, сармуҳаррири нашрия инсони комил, олими шинохта ва дипломати кордон буданд. Ба қадри заҳмати қаламкашон мерасиданд, соҳибистеъдодҳоро эҳтиром мекарданд. Эшон дар шароити хеле вазнин - айёми майдоншиниҳо кори рӯзномаро хуб пеш мебурданд. Матлаберо якҷониба ба нашр намерасониданд, маҳалгаро набуданд. Дардо, ки аввалин тири замони пурошӯб синаи он марди наҷибро шикофт...

- Шумо низ таҳдид мешунидед?

- Аз ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хонадоне набуд, ки осоиш гум накарда бошад. Тару хушк баробар месӯхт. Бародар ба бародари худ бовар намекард. Бисере аз шиносҳоям, ҳамкоронам, ҳамсоягонам ба чор тарафи дунё рафтанд. Борҳо таҳдид шунидам, пушти дари хонаам мактубҳои сиёҳ мегузоштанд, ки аз Душанбе рав, вагарна оқибат надорӣ.

Фарзандонамро чанд моҳ ба Фарғона фиристодам, вале худам дар Душанбе мондам. Хешу табор ҷангам мекарданд, аммо ман ба худ мегуфтам: “Марямбону, дар рӯзи вазнинаш Тоҷикистонро тарк кунӣ, нону намаки ин диёр  кӯрат мекунад!”.

- Кор дар замони ҷанги шаҳрвандӣ чӣ гуна буд?

- Принсипи кори раҳбарони нави редаксия дигар шуда буд. Ман лозим шуморидам, ки ба маҷаллаи “Фирӯза” гузарам. Дар он ҷо низ моҳҳо маоши кормандон пардохт намешуд. Ҳарчанд вазъи молии маҷалла бад буд, боз заҳмат мекашидем. Вақтҳое мешуд, ки аз хона то бинои “Шарқи Озод” пиёда рафта меомадам, роҳирое дар киса надоштам.

Ҳанӯз кашмакашиҳои сиёсӣ комилан поён наёфта буд, ки устод Гулназар Келдӣ маро ба ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” даъват карданд. Нашрия моҳе як бор рӯйи чопро медид. Ҳайати рӯзноманигорони “АС” қариб ҳама пароканда шуда буданд, чанд муддат ману устод Гулназар танҳо газета баровардем. Оҳиста-оҳиста як-ду нафар ба кор ҷалб шуданд. Аммо кори каммузд дили ҳамкоронро хунук карда буд. Дар ин миён пул беқурб ва маоши ман 9 сомонӣ шуд.

Шавҳарам бекор монда буд, вазъи зиндагӣ тоққатфарсо шуд. Болои ин, як силоҳбадасти бегонамиллат, ки дар ҳамсоягии мо мезисту мактубҳои беимзоро ба хонаи ман мепартофт, оқибат кафид: “Кай дафъ мешавӣ!”. Гуфтам: “Баъди марги ту!”. Беибо зери лагат гирифт. Нотарсона ба додгоҳ кашидамаш. Ҳама мегуфтанд, ки ӯ силоҳбадаст аст, ту коре карда наметавонӣ. Аммо ҳақ бар ҷониби ман буд, аз ин рӯ, он нохалаф 3 сол ҳабс шуд.


- Ба “Садои Хуросон” чӣ гуна роҳ ёфтед ва ин радиои эронӣ ба кадом мавзӯъҳои Тоҷикистон таваҷҷӯҳ дошт?

- Соли 1997 “Садои Хуросон” озмуни рӯзноманигори минтақавиро эълон кард. Як хабар навиштам, онро сабт кардам ва барои озмун фиристодам. Муддате нагузашта аз Машҳад телефон шуд: “Шумо ба кор пазируфта шудед ва метавонед аз моҳи оянда корро оғоз кунед”.

Раҳбарияти радио бароям ягон самти хосе муайян накарда буданд. Боре ҳам супориши махсус надодаанд. Ман ба “Садои Хуросон” аз саросари Тоҷикистон хабар медодам. Ҳар гаҳ ки хабари тозае дастрасам намешуд, ба тафсирнависӣ (шарҳи матбуот) мегузаштам. Ҳамзамон, барои телевизиони “Садои Хуросон” гузоришҳои ӯзбекиро ба форсӣ тарҷумаи синхронӣ мекардам.

Беш аз 7 сол дар ин расона фаъолият кардам. Ҷанбаи иқтисодии рӯзгорам ҳам беҳтар шуд. Пас аз таваллуди набераам беҳтар донистам, ки дигар дар хона нишинам ва ба тарбияти ӯ машғул шавам.

Аммо боз ҳам дар хона дилам ба танг омад ва то синни нафақа дар маҷаллаи “Фирӯза” ва ҳафтаномаи “Омӯзгор” кор кардам.

Мушкили забону ҳувияти тоҷикон дар Ӯзбекистон

- Талошҳои Шумо барои зинда нигоҳ доштани забони тоҷикӣ дар Ӯзбекистон, ба вижа дар водии Фарғона зиёд аст. Аслан чӣ шуморо ба ин кор таҳрик медиҳад?

- Бархеҳо маро насиҳат мекунанд: “Ҳикоя навишта намешинӣ? Чаро худатро ба азоб мемонӣ? Ба ҳамтаборонат, ки хӯйи ғуломӣ доранд, ҳамин тарзи зист маъқул, баъзеашон кӯшиш мекунанд, ки миллаташонро дигар кунанд, то мақому мартаба ёбанд. Ту Самарқанд мегӯйӣ, Бухоро мегӯйӣ, Сӯху Риштон мегӯйӣ, аз дарду доғашон мегӯйӣ, худатро пеши мақомдорони аввалватанат шумрӯ мекунӣ, осоиши хешу таборатро барҳам мезанӣ, аз ин чӣ фоида? Киро миннатдор мекунӣ?”.

Аммо “зарби дасти кӯҳканро теша медонад, ки чист!”. Аз он зарбаҳои ноадолатӣ ҷисму ҷони ҳамдиёрони тоҷиктабори ман ба дард омадааст. Ман ҳолати онҳоро дарк мекунам, дардашонро дар ҷисму ҷонам, дар мағзи устухонам ҳис мекунам, месӯзам, алам мекунам. Ва бо алам мегӯям: “Аламкаш не, аламбардорӣ бояд!”. Парчами ман сухан аст. Рисолати қалами нависандагӣ чунин бояд бошад. Ман нагӯям, ту нагӯйӣ, ӯ нагӯяд, кӣ гӯяд?

Марямбонуи Фарғонӣ ва Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ

Ба забони тоҷикӣ бояд мақоми давлатӣ дода шавад

- Солҳои роҳбарии Ислом Каримов вазъи тоҷикони муқими Ӯзбекистон чӣ гуна буд?

- Нигаронкунанда буд. Бо ҳар роҳу восита ба тоҷикон фишор меоварданд. Махсусан, шумори мактабҳои миллӣ барои ҳамтаборони мо ба таври чашмрас кам шуд.

Агар ба факту далоили таърихӣ нигоҳ кунем ва раванди табиии афзоиши аҳолиро ба ҳисоб гирем, дар қаламрави Ӯзбекистон ҳоло беш аз 15 миллион тоҷик зиндагӣ мекунад! Ва бояд таъкид кунем, ки тоҷикон дар Ӯзбекистон ҷамъият нестанд, яъне, қавми муҳоҷире нестанд, ки он ҷо паноҳ бурда бошанду ба таври пароканда зиндагӣ мекарда бошанд. Онҳо дар хоки аҷдодии худ умр ба сар мебаранд.

Аз ин рӯ, бояд ҳаммиллатони ӯзекистонии мо ҳуқуқи конститутсионии худро талаб кунанд, то забони модариашон мақоми забони дуюми давлатиро бигирад. То ин кори савоб дар амал татбиқ нашавад, раванди ӯзбекгардонии тоҷикон давом ёфтан мегирад. Чаро ман ба чунин хулоса омадаам? Мо хоҳему нахоҳем, мардуми тоҷики он хитта бар онанд: забони тоҷикӣ, ки забони бемақом аст, барои рушд ёфтани фарзандон кӯмаки зиёд намекунад, ояндаи насли нав норӯшан мемонад, чунки бо ин забон дар донишгоҳҳои ба истилоҳ бонуфуз факултаҳо амал намекунанд...

Тоҷикон дар вилоятҳои Самарқанд, Бухоро, Сурхондарё, Қашқадарё, Тошканд, Фарғона, Андиҷон, Намангон, Хоразм ва ҳатто Қароқалпоқистон ҷое бештар аз ӯзбекон, ҷое камтар аз онҳо зиндагӣ мекунанд. Аммо дар аксарияти шаҳру навоҳӣ ё рустоҳои тоҷикнишин мактабҳои тоҷикӣ ё нестанд, ё ками дар кам вуҷуд доранд ва ё ангуштшумор мактабҳои дузабона доранд.

Марямбонуи Фарғонӣ бо Сафар Абдуллоҳ

Тоҷикистони кӯчаке дар банди Ӯзбекистону Қирғизистон

- Дар зодгоҳи Шумо – ноҳияи Сӯх низ вазъ чунин аст?

- Зодгоҳи ман бо зиёда аз 80 ҳазор аҳолии бумиаш, ки 99,99 дарсад тоҷиконанд, як ноҳияи истисноист. Бисёриҳо бо лабханд мегӯянд, ки Сӯх Тоҷикистони кӯчак дар маъмурияти Ӯзбекистону дар иҳотаи Қирғизистон аст. Ин ноҳияи кӯҳӣ баъди пошхӯрии ИҶШС чун як ҷазирақаламрав дар банди рустоҳои вилояти Бодканди Қирғизистон дармондааст. Сӯх ба мисли Ворух дардҳои худашро дорад.

Хушбахтона, худшиносии нисбие, ки мардуми мағрури мо доранд, имкон додааст, ки дар он минтақа қариб 30 мактаб бо забони тоҷикӣ амал кунад. Аммо дар баъзеи он мактабҳо синфҳои ӯзбекӣ ҳам ба чашм мерасанд, ки ба хотири таҳсили фарзандони роҳбарони аз берун омадаю сарҳадбонон, инчунин барои ба кор таъмин кардани занҳои дипломдори онҳо боз кардаанд.

- Ба фикри шумо чаро тоҷикон барои ҳуқуқҳои худ мубориза намебаранд?

- Миёни ҳаммиллатони мо тарғибгарони забону фарҳанг ва ҳувияти тоҷикӣ буданду ҳастанд. Бадбахтӣ дар он аст, ки онҳо байни худ муттаҳид нестанд. Он ҷо аксари фаъолони ҷомеа зудшикананд...

Ҳоло ҳам мактабу боғчаи тоҷикӣ кам аст

- Мегӯянд, ки баъди Ислом Каримов вазъи тоҷикон беҳ шудааст...

- Чунон ки гуфтем, дар замони роҳбарии Ислом Каримов дар кишвар қисми зиёди мактабҳои тоҷикӣ баста шуданд. Дар давраи президентии Шавкат Мирзиёев бошад, дар донишгоҳҳои омӯзгории вилоятҳо факултаҳо бо забони тоҷикӣ ифтитоҳ ёфтанд, аммо ҳамоно шумораи аввалаи мактабҳои тоҷикӣ ҳанӯз барқарор нашудаанд. Боғча низ.

Аз ин рӯ, ҷойи кор барои омӯзгорони тоҷикӣ таҳсилкарда намерасад, бар замми ин  соатҳои дарси забони тоҷикӣ хеле кам шуд, аз китоби адабиёт таълими ҳаёту фаъолияти Саъдиву Ҳофизро бардоштанд, дар дарсҳои таърихи мактабҳои тоҷикӣ тарҷумаи таърихи ӯзбекон дарс дода мешавад... Росташ, маънии ин бозии духӯраро ман ҳеч нафаҳмидам.

-  Ба фикри шумо, оё тоҷикони Тоҷикистон барои тоҷикони Ӯзбекистон намунаи ибрат шуда метавонанд: худшиносиву ҳувиятталабӣ дар Тоҷикистон чӣ гуна аст?

- Дар ин самт, мутаассифона, мо барои тоҷикони Ӯзбекистон намунаи ибрат шуда натавонистем. Дар интернет сару садоҳое мешунавам, ки дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон ба хотири дар оянда мақом ёфтани фарзандон ӯзбектаборон фарзандонашонро ба синфҳои тоҷикӣ месупоранд. Ин амал мутлақо нодуруст аст. Падару модар ҳуқуқи фарзандони ноболиғро набояд поймол кунанд.


Бигзор дар Тоҷикистон ӯзбекбачагон ӯзбекӣ хонанду тоҷикбачагон дар Ӯзбекистон бо забони модариашон таҳсил гиранд, ки ин барои ҳарду миллат беҳтар аст.

Дар воқеъ, шумораи тоҷикони Ӯзбекистон ва ӯзбекони Тоҷикистон муқоисашаванда нест. Бо гуфте, ин куҷову он куҷо?

- Ба зиндагии гузашта чӣ нигоҳе доред ва аз худ розӣ ҳастед?

- Ман натавонистам кулли орзуву ормонҳоямро рӯйи об барорам. Шояд нерӯи зеҳниву тавоноии ҷисмониам кофӣ набуд.

- Шиоратон дар зиндагӣ чист?

- Одам мондан ва одамвор зиндагӣ кардан аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.