Алиматова Екатерина Андреевна 72-сол дошта, дар шӯъбаи фарҳанги ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 27 сол боз ба ҳайси муҳосиб кор мекунад. Ӯ 50 сол пеш, дар синни 22 солагӣ бо Мухторалӣ Алиматов, ки зодаи Тоҷикистон, вале шаҳрванди Ӯзбекистон аст, оила барпо кардааст.
Екатерина Андреевна мегӯяд, давоми ин солҳо ҳамеша бо шавҳараш ҳамдигарфаҳмӣ карда, хушбахтона зистаанд ва ҳеҷ гоҳ бар пояи тафовути эътиқодиву нажодӣ ихтилофи назар надоштаанд.
“Муҳаббат ва самимияти шавҳар бароям муҳимтар аз дину миллату нажодаш аст. Ӯ ҳам ҳеҷ гоҳ ба эътиқоди ман дахолат накардааст. Рус ва масеҳӣ будани ман ҳам ҳеҷ гоҳ боиси ихтилоф нашудааст. Мо ҳамдигарро ҳамон тавре, ки ҳастем, дӯст доштаем ва қабул кардаем”, - мегӯяд Екатерина Андреевна.
Волидони Екатерина зодаи шаҳри Саратови Русия ва пайрави дини масеҳӣ будаанд. Вале солҳои Ҷанги бузурги ватанӣ ба шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистони вилояти Суғд омадаанд.
Екатерина дар оила фарзанди ҷаҳорум буда, додару хоҳаронаш низ бо парвайрони динҳои гуногун оила барпо кардаанд. Зеро дар оилаи онҳо озодии динӣ ҳукфармо будааст. Ва ҳамин озодии эътиқод барояш имкон додааст, ки шавҳари ӯзбек кунад ва анъанаҳои тоҷиконро пос дорад.
“Ин аст, ки ба 3 фарзандам озодӣ додаам. Писарам ҳамсари рус гирифт, ду духтарам ба оилаҳои тоҷик келин шуданд”, - гуфт Екатерина Андреевна.
Ӯ мегӯяд, дар зиндагӣ муҳимтар аз ҳама оилаи солим бунёд кардан аст, атрофиён чӣ мегӯянд, аҳамият надорад.
Сокини Конибодом ба ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба Украина гумонбар мешавад
Далер Назаров: “Агар шеър менавиштам, мехостам чун Лоиқ нависам...”
Ато Мирхоҷа: “Адибони тунуквиҷдон сабаби пайдоиши “шоирону нависандагон”-и қаллоб шуданд”
Кор дар Қатар. Вазорати меҳнат бори дигар рӯйхати касбу ихтисосҳои зарурро нашр кард
Рушди ҳукумати электронӣ. Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ дар мақоми охир қарор дорад
Байни Хуҷанд ва Новосибирск боз ҳаракати автобусҳо оғоз мешавад
Душанбе: аввалин универмаг, автобус ва ҳайкал кай пайдо шуд?
Ваъдаи 200 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ аз сӯи мақомот барои кумак дар ошкор кардани ду ҳодисаи куштор
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Тавбаи насӯх”
Дар муқоиса бо моҳи январи соли 2024 нархи маҳсулоти хӯрокворӣ чӣ гуна тағйир ёфт?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста