Чор узви як оила дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд баъди истеъмоли хӯриш (консерваи худсохт) заҳролуд (бемории ботулизм) шуда, ба беморхона интиқол ёфтаанд. Ҳодиса рӯзи 9-уми декабр рух додааст.
Тибқи иттилои Муродҷон Ҷӯраев, сардухтури беморхонаи марказии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, келини заҳролудшудаи ин оила ҳомиладор будааст.
Айни ҳол келин ва хушдоман дар шуъбаи эҳёи беморхона бистарӣ гардидаанд. Ҳолати ду нафари дигар нисбатан муътадил арзёбӣ мешавад, аммо онҳо ҳам дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Заҳролудшавии чор узви як хонавода дар ҳоле, ки як рӯз пеш аз ин ҳодиса, 8-уми декабри соли 2023, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд барои пешгирӣ аз заҳролудшавии сокинон огоҳинома нашр ва паҳн карда буд.
Дар огоҳиномаи марказ тавсия дода мешавад, ки “аз истеъмоли маҳсулоти пастсифат, бахусус, консерваҳои хонагие, ки шубҳаноканд, худдорӣ намоед”.
Таъкид мегардад, ки дар ҳолати пайдо шудани аломатҳои заҳролудшавӣ дарҳол “ба духтурон муроҷиат кунанд, зеро ягона роҳи табобат ин воридгардонии зардобаҳои зиддиботулизм аст”.
Таъкиди марказ низ беҳуда нест, зеро чанде пештар як сокини ноҳияи Ашти вилояти Суғд баъди истеъмоли хӯриш (бодиринги консервашудаи худсохт) заҳролуд шудааст, аммо 4 рӯз ба табибон муроҷиат накардааст ва ҳамчунин, баъди интиқол ба беморхона, истеъмоли хӯришро зикр накардааст.
Фаррух Усмонов, масъули дафтари матбуоти Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд, гуфт, ки марди заҳролудшуда сокини 33-солаи деҳаи Сари ҳавзи ҷамоати Пунук буда, 26-уми ноябр, баъди истеъмоли ош бо хӯриш худро нороҳат ҳис кардааст.
“Ҳарчанд ин мард чанд рӯз худро нороҳат ҳис карда бошад ҳам, танҳо 30-юми ноябр, баъди ниҳоят бад шудани вазъи саломатиаш, ба Беморхонаи марказии ноҳияи Ашт муроҷиат кардааст, аммо дар оғоз истеъмоли хӯришро нагуфтааст”, - гуфт Фаррух Усмонов.
Баъди ташхис муайян гардидааст, ки ӯ заҳролуд шудааст. Баъди ин, ӯро дар шуъбаи эҳё бистарӣ кардаанд.
Айни ҳол ҳолати бемор қаноатбахш буда, 5 вояи зардобаи зидди ботулизм гирифтааст.
Ёдовар мешавем, ки аз оғози сол дар вилояти Суғд, аллакай, се ҳолати гирифторӣ ба ботулизм ба қайд гирифта шуда, дар натиҷа 9 нафар бо гумони заҳролудшавӣ бистарӣ гардидаанд. Ҳамчунин, 3 тан фавтидаанд.
Сокини Конибодом ба ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба Украина гумонбар мешавад
Далер Назаров: “Агар шеър менавиштам, мехостам чун Лоиқ нависам...”
Ато Мирхоҷа: “Адибони тунуквиҷдон сабаби пайдоиши “шоирону нависандагон”-и қаллоб шуданд”
Кор дар Қатар. Вазорати меҳнат бори дигар рӯйхати касбу ихтисосҳои зарурро нашр кард
Рушди ҳукумати электронӣ. Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ дар мақоми охир қарор дорад
Байни Хуҷанд ва Новосибирск боз ҳаракати автобусҳо оғоз мешавад
Душанбе: аввалин универмаг, автобус ва ҳайкал кай пайдо шуд?
Ваъдаи 200 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ аз сӯи мақомот барои кумак дар ошкор кардани ду ҳодисаи куштор
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Тавбаи насӯх”
Дар муқоиса бо моҳи январи соли 2024 нархи маҳсулоти хӯрокворӣ чӣ гуна тағйир ёфт?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста