Омбудсмен ё худ Ваколатдор оид ба ҳуқуқҳои соҳибкорони назди президенти Русия Борис Титов ба хабаргузории РИА Новости изҳор доштааст, ки ҳароси шаҳрвандони кишвар аз коргарони хориҷӣ беасос аст.

“Аз ҳароси шаҳрвандони Русия нисбат ба муҳоҷирон хуб огаҳам. Ҳарчанд он комилан беасос аст. Тибқи омори ВКД Русия, шаҳрвандони худи кишвар нисбат ба муҳоҷирон бамаротиб бештар ҷиноят содир мекунанд”, - гуфтааст ӯ.

Ба ақидаи Титов, муносибати манфии мардум ба муҳоҷирони корӣ боз дар он ифода меёбад, ки хориҷиён ҷойҳои кории русиягиҳоро мегирифтаанд. Омбудсмен таъкид доштааст, ки ин ҳам нодуруст аст.

“Барои русиягиҳо имрӯз тамоми имконият фароҳам оварда шудааст, ки вобаста ба дараҷаи маълумот ва ихтисосашон неру ва дониши худро дар ҳама гуна касбу соҳа ва бо ҳама гуна маош истифода баранд”, - иброз доштааст Омбудсмен.

Мувофиқи маълумоти омории ВКД Русия, давоми моҳҳои январ-ноябри соли 2023 дар Русия ба сурати умум 1,8 млн ҷиноят содир шудааст, аз ҷумла 36,6 ҳазор аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ (2% аз шумори умумии ҷиноятҳо).

Президенти Русия Владимир Путин дар нишасти матбуотии мустақим рӯзи 14 декабр мушкилоти марбут ба муҳоҷиронро на он қадр саҳлу осон арзёбӣ кард.

Ба гуфтаи ӯ, таъсиси мақоми махсусе лозим аст, ки мушкилоти муҳоҷиронро дар маҷмӯъ баррасӣ намуда, ҳалли саривақтии онҳоро пайдо кунад. Ӯ изҳор дошта буд, ки дар кишвар тақрибан 10 млн нафар муҳоҷирони корӣ қарор доранд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.