Ҳар ҳафта дар барномаи “Фурсати донистан”-и радиои “Азия-Плюс” мо бо ҳуқуқшиносон дар мавриди масоили расмиёти маъмурӣ мусоҳибаи ихтисосӣ анҷом медиҳем. Ин бор меҳмони барнома ҳуқуқшиноси маъруф ва вакили дифоъ Мадина Отабоева буд, ки бо Меҳрубон Зокирӣ мавзуи талабот ва ҳуқуқҳои молумулкии бегонашавандаи қарздор кадомҳояндро ба баҳс кашиданд.
Тартиби нигарониш ба ҳуқуқи талаботҳо чигуна аст?
Нигаронидани ситониш ба ҳуқуқи талаботҳо ва ҳуқуқҳои молумулкии бегонашавандаи қарздор бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи истеҳсолоти иҷро” ва қонунгузории дигари соҳавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.
Агар ситониш ба талаботи пулии мавҷудбудаи қарздор нигаронида шавад, иҷрочии мақомоти иҷро бе огоҳонидани қарздор дар бораи гузоштани ҳабс қарор қабул менамояд. Дар қарор дар бораи гузоштани ҳабс ба талаботи пулии қарздор бояд маълумот оид ба ситонанда, асос ва ҳаҷми ситониш, қарздор, талаботи пулии вай нисбати шахси сеюми уҳдадор, инчунин шахси сеюми ӯҳдадор нишон дода шаванд.
Иҷрочии мақомоти иҷро дар қарор дар бораи гузоштани ҳабс ба талаботи пулии қарздор шахси сеюми ӯҳдадорро ҷиҳати ба қарздор супоридани маблағ манъ мекунад. Ҳамзамон, иҷрочии мақомоти иҷро ба қарздори нисбати шахси сеюми ӯҳдадор қарздиҳанда ҳисобшаванда амр медиҳад, ки аз ҳама гуна ихтиёрдорӣ нисбати ин талабот, махсусан аз талаб карда гирифтани он худдорӣ намояд.
Нусхаи қарор дар бораи гузоштани ҳабс ба шахси сеюми ӯҳдадор супорида шуда, ба ситонанда ва қарздор ирсол карда мешавад. Гузоштани ҳабс ба талаботи зикршуда дар ҳаҷми талаби пулии ситонанда, аз лаҳзаи супоридани нусхаи қарор дар бораи гузоштани ҳабс ба шахси сеюми ӯҳдадор эътибори қонунӣ пайдо мекунад. Қарор дар бораи гузоштани ҳабс ба талаботи қарздор аз рӯи музди меҳнати ӯ ё дигар пардохтҳои давравӣ нисбат ба шахси сеюми ӯҳдадор, инчунин ба маблағҳое, ки бояд баъд аз гузоштани ҳабс то иҷрои пурраи ҳуҷҷати иҷро, аз он ҷумла хароҷот оид ба истеҳсолоти иҷро пардохта шаванд, паҳн мегардад.
Қарор оид ба гузоштани ҳабс ба ҳуқуқи талабкунии қарздорро розигии расмии қарздор оид ба гузашти ҳуқуқ ба талаботе, ки аз он тибқи қонуни соҳавӣ имконияти ихтиёрдории ҳуқуқи талабкунӣ вобаста аст, иваз менамояд. Қарор дар бораи гузоштани ҳабс ба ситонанда ҳуқуқ медиҳад, ки аз шахси сеюми уҳдадор қонеъ намудани талаботи қонунии ӯро дар ҳаҷми маблағи ба фоидаи ӯ ситонидашаванда бо назардошти хароҷоти амалӣ намудани иҷрои маҷбурӣ талаб намояд.
Дар мӯҳлати ду ҳафта аз рӯзи супоридани қарор дар бораи гузоштани ҳабс ба ҳуқуқи талаботи қарздор шахси сеюми ӯҳдадор бояд ба ситонанда аризаи худро доир ба инҳо пешниҳод намояд:
- оё ӯ асоснокии талаботро эътироф менамояд ва ба амалӣ намудани пардохт розӣ аст;
- оё дигар шахсон ба ҳамин талабот ҳуқуқи худро арз намудаанд;
- оё ба ҳамин ҳуқуқи талабкунӣ дар алоқамандӣ бо талаботи дигар ситонандаҳо ҳабс гузошта шудааст.
Ситонанда ҳуқуқ дорад ҳуқуқи талаботи ҳабсшударо ба қарздор гузашт намояд.
Тартиби ситониш вобаста ба масъалаи алимент ва нигаронидани ситониш аз музди меҳнати қарздор чигуна аст?
Намудҳои музди меҳнат ва даромадҳои дигаре, ки аз онҳо барои таъминоти кӯдакони ноболиғ алимент ситонида мешавад, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд. Қарздорӣ оид ба ҳамаи ӯҳдадориҳои алиментӣ аз молу мулки қарздор ба ғайр аз молу мулке, ки тибқи қонун ба он нигаронидани ситониш манъ аст, рӯёнида мешавад. Ҳаҷми қарздорӣ бо қарори иҷрочии мақомоти иҷро дар маҳалли иҷрои ҳуҷҷати иҷро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Дар сурати аз рӯи алимент ба вуқӯъ омадани қарздорӣ дар натиҷаи саркашии қарздор аз пардохти онҳо, тибқи талаботи Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи қарздорӣ ҷарима зам ва ҳисоб карда мешавад. Дар сурати халалдор гардидани манфиати яке аз тарафҳои истеҳсолоти иҷро ҳангоми муайян намудани ҳаҷми қарздории алиментӣ аз ҷониби иҷрочии мақомоти иҷро тарафе, ки манфиати ӯ халалдор гардидааст, ҳуқуқ дорад бо даъво оид ба муайян намудани ҳаҷми қарздорӣ ба суд муроҷиат намояд.
Ситониш ба музди меҳнат ва дигар намудҳои даромади қарздор дар мавридҳои зерин ба амал бароварда мешавад:
- ҳангоми иҷрои ҳалнома дар бораи ситонидани маблағҳои даврагӣ;
- ситонидани маблағе, ки аз андозаи даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд набошад;
- ҳангоми набудани имконияти ситониш аз маблағҳои пулӣ ва дигар молу мулки қарздор.
Ҳангоми нигаронидани ситониш ба музди меҳнат ва дигар намудҳои даромади қарздор бо назардошти талаботи қонуни болозикр иҷрочии мақомоти иҷро қарор қабул менамояд, ки дар он нишон медиҳад дар кадом ҳаҷм ҳар моҳ бояд ситониш рӯёнида шавад ва ҷуброни пурраи маблағи таъиншуда барои иҷро ба корфармое, ки қарздор бо вай муносибатҳои меҳнатӣ дорад ё аз ӯ ҳаққи меҳнат мегирад, равон менамояд.
Иҷрочии мақомоти иҷро ва ситонанда ӯҳдадоранд, ки мунтазам назоратро оид ба дурустӣ ва саривақтии истеҳсолоти ситониш аз музди меҳнат ва дигар намудҳои даромади қарздор, инчунин сари вақт ба ситонанда фиристодани маблағҳои ситонидашуда амалӣ намоянд.
Ҳангоми аз кор озод кардани қарздор корфармое, ки бо қарздор дар муносибатҳои меҳнатӣ қарор дошт, ӯҳдадор аст, ки дар муҳлати се рӯз оид ба қатъ шудани муносибатҳои меҳнатӣ ба иҷрочии мақомоти иҷро хабарномаро бо замимаи ҳуҷҷати иҷро ирсол намояд. Ҳангоми тағйири ҷои истиқомат қарздор ӯҳдадор аст, ки суроғаи нави худро ба иҷрочии мақомоти иҷро хабар диҳад.
Аз кадом намуди даромадҳо ситонидани қарз мумкин нест?
Нигаронидани ситониш ба даромадҳои зерин мумкин нест:
1) маблағҳое, ки қарздор ҷиҳати ҷуброни зарар барои маъюбӣ ва ё дигар зарари ба саломатӣ расонидашуда, инчунин бо сабаби фавти саробон гирифтааст;
2) маблағҳои суғуртавӣ ва кӯмакпулии яквақтаинае, ки ҳангоми гирифтани маъюбӣ (латхӯрӣ, садама) дар давраи адои вазифаи хизматӣ ва маблағҳое, ки барои фавти (ҳалоки) онҳо ба аъзои оила дода мешаванд;
3) маблағи алимент, кумакпулӣ ба модарони серфарзанд ва модарони танҳо бо сабаби таваллуди фарзанд, барои нигоҳубини кӯдакони ноболиғ дар давраи кофтукови падару модари онҳо ва маблағе, ки барои нигоҳубини нафақагирон ва маъюбони гурӯҳи I ва II дода мешаванд;
4) маблағе, ки ба ҷабрдидагон барои ғизои иловагӣ, табобатҳои истироҳатию шифобахшӣ ва гузоштани узви сунъӣ, инчунин барои хароҷоти нигоҳубини онҳо дар ҳолатҳои расонидани зарар ва ё дигар зарари ба саломатӣ расонидашуда, пардохт карда мешаванд;
5) ҷубронпулӣ барои меҳнате, ки дар шароитҳои зараровар ва ғайриоддӣ, ҳамчунин маблағе, ки ба шаҳрвандон, дар натиҷаи офатҳои экологӣ ё таъсири радиатсионӣ, ки дар натиҷаи бартараф намудани оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодаи хусусияти табиӣ ва техногенидошта расонида шудааст;
6) аз мукофотпулӣ ва ёрдампулиҳои яквақтаина, новобаста аз манбаи пардохти онҳо;
7) кумакпулӣ ҳангоми аз кор рафтан ё истеъфои корманд;
8) аз ҷубронпулӣ барои рухсатии меҳнатии истифоданашуда (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки рухсатии меҳнатии якчандсолаи истифоданашуда якҷоя карда шудаанд);
9) кумакпулӣ барои дафн;
10) дигар пардохтҳое, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусияти доимӣ надоранд.
Ин матлаб дар ҳамкорӣ бо Ҷамъиятӣ олмонии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи лоиҳаи "Шаҳрванд дар расмиёти маъмурӣ ва истеҳсолоти иҷро" омода шудааст.
Норасоии кадрҳо, набудани идея ва “рӯйхати сиёҳ” дар ТВ. Раиси нави Кумитаи телевизион ва радио мушкилиҳои соҳаро гуфт
Вазорати фарҳанг дастурамали тавсиявии либосҳои миллӣ барои мардону занонро омода кардааст
Чӣ гуна Русия дари мактабҳоро ба рӯйи кӯдакони муҳоҷир баст?
Ба Омбудсмени Тоҷикистон иҷозат надодаанд, ки бо гумонбарони ҳодисаи "Крокус" вохӯрад
Номзади нав ба мансаби раиси Додгоҳи олии иқтисодӣ. Ӯ кист?
Афзоиши содироти молу маҳсулот аз вилояти Суғди Тоҷикистон ба Қирғизистон
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Канизи зебо ва подшоҳи тарсу”
“Пайвандонашон ба мо муроҷиат накарданд”. Вокуниши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба боздошти чеҳраҳои шинохтаи сиёсат
Боздошти зани серфарзанди тоҷик дар Русия баъди тақдими хона ба ӯ
Ҷаъфар Осимов, бунёдгузори дастаи "ДайДушки" зери тарма монда, ҳалок шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста