То охири соли 2025 дар Тоҷикистон дар майдони беш аз 4 ҳазор гектар шинонидани 65 млн дарахту бутта ба нақша гирифта шудааст. Бештар дарахтони мевадиҳанда, хуч ва санавбар шинонида мешаванд.

Ин вазифа дар Барномаи миллии ҷумҳурӣ таҳти унвони "Кишвари сабз" барои солҳои 2023 - 2027 таъкид шудааст.

Солҳои ахир бо сабаби омилҳои табиӣ ва дахолати инсон вазъи муҳити зист бад шуда, он ба сифати муҳити зист ва солимии аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонад.

Ҳукумати Тоҷикистон бо назардошти тағйирёбии глобалии иқлим ва зарурати рушди энергетикаи сабз барномаи “Кишвари сабз”-ро қабул кард.

Маблағи умумии амалисозии барнома 129 млн 875 ҳазор сомонӣ (зиёда аз 11,8 млн доллар)-ро ташкил медиҳад.

Барнома дар ду марҳила амалӣ шуда, марҳилаи аввал солҳои 2023-2025 ва марҳилаи дуюм - солҳои 2026-2027-ро дар бар мегирад. Барои татбиқи марҳилаи аввал 67 млн 865 ҳазор сомонӣ (ҳудуди 6,2 млн доллар) ҷудо мешавад. Сарчашмаҳои маблағгузорӣ буҷети давлатӣ (3,1 млн доллар), маблағҳои худӣ (1,55 млн доллар) ва маблағҳо аз шарикони рушд (1,55 млн доллар) мебошанд.

Акси марбута

Чӣ гуна дараахтҳо шинонида мешаванд?

Дар барномаи “Кишвари сабз” шинонидани дарахтҳо дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ пешбинӣ шудааст.

Аз ҳама зиёдтар дарахтони мевадиҳанда (420 гектар), хуч (370 гектар) ва санавбар (325 гектар) шинонида хоҳад шуд.

Ҳамчунин боз ба 5 навъи дарахтон: сафедор, акатсияи сафед, павловния, сарвиноз ва саксавул афзалият дода шуда, барои онҳо аз 200 то 275 гектар замин ҷудо карда мешавад.

Бо назардошти иқлим дар қаламрави Душанбе дар майдони 20 гектар ва дар теппаҳои ноҳияҳои ҳамсарҳади пойтахт дар 275 гектар растаниҳои ороишӣ, ҳамешасабз ва сояафкан шинонида мешаванд.

Дар банди ҷудогонаи барнома шинонидани дарахт ва барқарор кардани мавзеи сабз дар қаламрави боғи “Ғалаба” дар майдони 15 га пешбинӣ шудааст.

Дар ВМКБ дар майдони 285 га шинонидани дарахтони сояафкан ва ҳамешасабз (110 га), бунёди хучзор (70 га) ва ангат (60 га), инчунин шинонидани дарахтони мевадиҳанда ва чормағз (45 га) ба нақша гирифта шудааст.

Дар ноҳияи Мурғоб дар 60 гектар замин бунёди хучзор, терескен, сафедору бед пешбинӣ шудааст.

Тибқи барнома дар вилояти Суғд шинонидани дарахтон дар 755 гектар дар назар аст: санавбар ва саксавул (125-гектарӣ), дарахтони гуногуни мевадиҳанда ва хуч (100 гектарӣ), инчунин бунёду боғу гулзорҳои иборат аз сафедор, акатсияи сафед, павловний ва ангат.

Акси марбута

Дар вилояти Хатлон бояд дар майдони 1 ҳазору 150 гектар дарахту буттаҳо, аз ҷумла санавбар, сарвиноз, сафедор, саксавул, акатсияи сафед, павловний ва хуч шинонида шаванд.

Дар гурӯҳи Ноҳияҳои тобеи марказ низ дар майдони 515 гектар замин шинонидани чунин навъи дарахтон ба нақша гирифта шудааст.

Дар доираи Барнома кабудизоркунӣ ва ободонии ҳамаи қитъаҳои роҳҳои автомобилгарди Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Дар Барнома ҳамчунин парвариши навъҳои чормағз, писта, олу, бодом ва дигар зироатҳои худрӯи ҷангал ва бунёди плантатсияҳои онҳо бо истифода аз дастовардҳои тухмипарварӣ пешбинӣ шудааст.

Дар доираи амалисозии барнома қаламрави мамнӯъгоҳи “Даштиҷум”, боғи табиии “Сари Хосор”,  боғи таърихиву табиии “Ширкент” ва боғи миллии Яғноб васеъ карда мешавад.

Ғайр аз ин, барқарор кардани ҷангалҳои табиии арча, тутзор ва чинорзорҳо ба нақша гирифта шудааст.

Дар назар аст, ки боғҳои парвариши терескен дар Мурғоб, арча дар Шаҳристон ва чинор дар Турсунзода, растаниҳои эндемикӣ дар назди Агентии хоҷагии ҷангал бунёд карда шаванд.

Ҳамаи гирду атроф сабзпӯш мешавад

Дар сурати пурра амалисозии Барнома, барои ташаккули захираҳои гуногунии биологӣ ва экологӣ, ландшафтҳои табиӣ, иншооти нодири комплекси табиӣ шароити мусоиди табиӣ фароҳам оварда мешавад.

Дар Барномаи миллии “Кишвари сабз” оид ба кабудизоркунии кишвар номинатсияҳои зерин зикр шудаанд:

«Хиёбони сабз», «Микрорайони сабз», «Оромгоҳи сабз», «Хатҳои махсуси сабзи муҳофизатӣ», «Корхонаи сабз», «Хатҳои сабзи наздисарҳадӣ», «Маркази савдои сабз», «Обанбори сабз», «Кӯлҳои сабз», «Дармонгоҳи сабз», «Кӯдакистони сабз», «Мактаби сабз», «Донишгоҳи сабз», «Соҳили сабз», «Истгоҳи сабз», «Партовгоҳи сабз», «Истироҳатгоҳи сабз», «Неругоҳи барқи обии сабз».

Онҳо барои коҳиш додани таъсири манфии гази карбон аз 25 то 35% ва 50% беҳтар кардани сифати ҳаво  пешбинӣ шудаанд.

Акси марбута

Акнун дигар хел мешавад?

Агар шумори дарахтонеро, ки давоми 10 соли ахир тибқи ҳисоботи мақомоти иҷроияи ҳокимиятҳои маҳаллӣ шинонида шудаанд, ҳисоб кунем, Тоҷикистон бояд сартосар ба ҷангали бузург табдил меёфт.

Аммо қисмати зиёди ниҳолҳо дар моҳҳои аввал хушк мешаванд, зеро кор бо усусли “шинонидам ва фаромӯш кардам” сурат мегирад.

Дар робита ба ин масъала президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паём ба парлумон рӯзи 28 декабри соли 2023 аз маъракаи шинонидани дарахт дар Тоҷикистон интиқод кард.

Ӯ таъкид дошт, ки барои шинонидан  интихоби ҷой ва навъи дурусти дарахт зарур аст, то ки онҳо хуб реша гирифта, парвариш ёбанд. Ва ба он таваҷҷуҳ зоҳир намуд, ки шинонидани дарахтон бояд зери раҳбарии мутахассисон сурат гирад.

Дар Барномаи “Кишвари сабз” натанҳо шинонидани дарахту буттаҳо пешбинӣ шудааст, балки он ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, коҳиши партобҳои гази карбон, беҳбуди вазъи муҳити зист, рушди деҳот, ҷалби сайёҳон ва ба сурати умум, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии тамоми аҳолии Тоҷикистон нигаронида шудааст.

Аз муаллиф: Дар мақола аз суратҳои саҳифаҳои ҳукумати шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ дар "Фейсбук" истифода шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.