Имрӯз, 6-уми март, аз боздошти Хуршед Фозилов, рӯзноманигори тоҷик, ки аз минтақаи Зарафшон барои расонаҳои кишвар мавод менавишт, як сол гузашт. Пас аз бештар аз ду моҳи боздошт, ӯ ба 7 соли зиндон маҳкум шуд. Наздиконаш мегӯянд, боздошту равонаи зиндон шудани Хуршед зиндагиашонро ба ҳам зад. Аммо бо ин ҳам бовар доранд, ки ӯ бегонаҳ аст ва “рӯзе аз дари хона медарояд”.

“Азия-Плюс” тасмим гирифт, ки баъди як соли боздошту зиндонӣ шудани ин рӯзноманигор ба суроғи хонаводааш равад, то аз рӯзгори онҳо пурсон шавад.

Чаро Хуршед боздошт шуд?

Кормандони мақомоти амниятии шаҳри Панҷакент Хуршед Фозиловро аз ҷои кораш, дохили Идораи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии шаҳр бо худ бурданд. Танҳо баъди се рӯз мақомот ба пайвандони рӯзноманигор иқрор шуданд, ки Хуршед дар идораи онҳо аст ва баъди бозпурсӣ озод мешавад.

Аммо Хуршед Фозилов озод нашуд ва ӯро баъди чаҳор рӯзи боздошт пинҳонӣ аз наздиконаш аз Панҷакент ба Боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд бурданд. Дар ин муддат танҳо як мароиба модараш барои чанд сония бо ӯ суҳбат карду халос.

Баъди як ҳафта маълум шуд, ки Фозилов бо моддаи 307, қисми 2, банди “г”-и Кодекси ҷиноятӣ (Даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ бо истифодаи воситаҳои ахбори омма ё шабакаи интернет) гумонбар аст.

Як моҳ пас Дилафрӯз Самадова, вакили дифои Хуршед Фозилов аз қавли ӯ навишт, ки ӯро маҷбур карданд, зидди худ гувоҳӣ диҳад.

Ҳамин тавр, 26-уми май Додгоҳи шаҳри Панҷакент Хуршед Фозиловро 7 сол равонаи зиндон кард.

Наздикон, худи Фозилов ва созмонҳои байналмилалии дифоъ ҳукми додгоҳро ноодилона хонда, аз мақомот талаб карданд, ӯро раҳо кунад. Талабе, ки аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон нодида гирифта шуд.

“Кори ғайриқонунӣ накардаам”

Хуршед Фозилов 39 сол дорад ва аз рӯи ихтисос ҳавошинос аст. Ӯ то боздошт дар пойгоҳи ҳавосанҷии Панҷакент кор мекард. Дар баробари ин, ба фаъолияти рӯзноманигорӣ машғул буд ва аз минтақаи Зарафшон барои расонаҳо хабару гузориш менавишт.

Вай оиладор ва соҳиби се кӯдак аст, ки охиринаш вақти боздошташ 1,5 сол дошт ва ҳоло дарк намекунад, ки падараш дар куҷост ва модару бибиаш ҳам ба суолҳои ботакрори ӯ дар бораи дар куҷо будани падараш посухе надоранд.

Хуршед Фозилов
шабкаҳои иҷтимоӣ

 

Наздикони Хуршед мегӯянд, боздошту ҳабси ӯ зиндагии онҳоро ба ҳадде ба ҳам зад, ки намедонанд, чӣ кор кунанд ва барои додхоҳӣ ба куҷо муроҷиат намоянд.

Фарзона Облоқулова, ҳамсари Хуршед гуфт, ӯ пеш аз боздошт ҳеҷ гоҳ дар бораи боздошти эҳтимолияш суҳбат намекард ва ҳамеша мегуфт, ҳеҷ кори ғайриқонуние намекунад.

Азиза Нуъмонова, модари Хуршед мегӯяд, бо вуҷуди ин ҳамеша фарзанадашро таъкид мекард, ки ҳушёр бошад ва худро эҳтиёт кунад.

“Бештар дар бораи камбудиҳои шаҳр менавишт. Мегуфтам, ки эҳтиёт кун, чунин корҳо ба ту чӣ лозим аст. Бо гуфтани ту чизе ислоҳ намешавад. Ӯ ҳамеша таъкид мекард, ки гапи нодуруст нагуфтааст, ҳеҷ гоҳ бар зидди давлату ҳукумат набуду нест”,- мегӯяд Нуъмонова.

Зану модари Хуршед то ҳол бовар надоранд, ки кор то ба ин ҳад расид.

“Бо гузашти як сол фикр мекунам, ки ин ҳодисаҳо дар хобам аст. То ҳол ба худ наомадаам”, - гуфт модари ин рӯзноманигор.

“Рӯзи наҳс, ки гуфтанаш душвор аст”

Хабари боздошти Хуршедро ба модару ҳамсараш додараш расонид. Ӯ ин хабарро аз дӯстонаш аз Душанбе шунидааст. Аҳли оила дар маросими ҷанозаи хешашон буданд ва вақте Хуршед ба зангҳояшон посух надод, фикр карданд, ӯ дар таъзия аст.

“Вақте додараш мошинро овард, ҷомааш дар пушти мошин буд. Ман пурсидам, ки Хуршед канӣ? Ӯ гуфт, ба Хуҷанд барои кадом семинаре рафтааст. Ман гуфтам, ӯ маро огоҳ накарда, ҳеҷ ҷо намерафт. Дилам хавотир шуд ва аз суханони додараш пай бурдам, ки чӣ иттифоқе рух додааст. Ба мошин нишастам ва гуфтам, маро пеши Хуршед бар. Ӯ маро ба бинои шуъбаи амнияти шаҳр овард ва гуфт, Хуршед инҷост”, - гуфт Азиза Нуъмонова.

Азиза Нуъмонова бо писараш
Колаж Азия-Плюс

Ҳамсараш мегӯяд, рӯзе ки хабари боздошти шаваҳарашро расониданд, рӯзи сахт буд ва хаёл кард, “осмон канда шуда, ба сараш афтод”.

Модараш мегӯяд, мақомот чаҳор рӯз ба онҳо ваъда карданд, ки телефонашро месанҷанд ва чанд савол дода, озод мекунанд. Вале бо гузашти чаҳор рӯз Хуршедро ба Хуҷанд фиристоданд ва онҳоро огоҳ накарданд.

“Вақте хӯрок бурдем, яке аз кормандони мақомот нохост гуфт, чунин шахс инҷо нест ва ӯро Хуҷанд бурданд”, - нақл кард Нуъманова.

Ӯ гуфт, дар шуъбаи амнияти Панҷакент ҳамагӣ 10 сония бо фарзандаш суҳбат кард ва фурсате барои пурсиши омили боздошт пайдо накард.

Дар сари кӯча ва дар интизори падар

Модару ҳамсари Хуршед Фозилов мегӯянд, то лаҳзаи эълони ҳукм бовар доштанд, ки ӯ озод мешавад, вале “ӯро беадолатона равонаи зиндон карданд ва саҳифаи тираву сиёҳи зиндагии онҳо оғоз шуд”.

Фарзона Облоқулова бо яке аз фарзандонаш
Радиои Озодӣ

“Баъд ҳабси Хуршед зиндагии мо пурра тағйир ёфт. Бе сардори оила мондем, хушдоманам бемор, набзи хунашон баланд мешавад, дилашон касал аст. Фарзандонам ҳар рӯз ба ман савол медиҳанд, ки падарамон дар куҷо аст. Махсусан фарзанди хурдиам, ки ин ҳама қазияҳоро дарк намекунад, ҳар рӯз падарашро суроғ мекунад, сари кӯча баромада роҳи падарашро мепояд”,-мегӯяд Фарзона Облоқулова.

“Модар, кӯдаконамро эҳтиёт кун!”

Модараш, ки вақти эълони ҳукм ҳузур дошт, гуфт, Хуршед зимни ирои сухани охиранаш гуфт, ки “ман муқобили давлат ҳеҷ кор накардаам, аз суд кардани ман фоида нест, маро ҷавоб диҳед, фоидаам ба ҷамъият бештар мерасад, кудакони хурдсол дорам”.

Наздикони Хуршед то охирин лаҳза бовар доштанд, ки ӯ озод мешавад.

Модари Хуршед мегӯяд, муҳокима чунон тез гузашт, ки чизеро пай набурд ва додрас баъди хондани ҳукм филвор толорро тарк кард ва Хуршед гуфт, “модар, бачаҳоямро эҳтиёт кун”.

Модару ҳамсараш мегӯянд, баъди эълони ҳукм, бовар ҳосил карданд, ки “адолати додгоҳӣ дар кишвар нест”.

“Хуршед ноновари хона буд”

Модару ҳамсари Хуршед гуфтанд, баъди ҳабси Хуршед зиндагии онҳо душвор шуд, чунки ӯ танҳо ноновари хона буд ва оилаи онҳо аз 6-7 нафар иборат асту таъмини он мушкил шудааст.

Ҳамсари Хуршед ҷое кор намекунад ва ба нигоҳубини кӯдакону модари Хуршед – хушдоманаш машғул аст. Ҳоло онҳо аз ҳисоби нафақаи модари Хуршед зиндагиашонро пеш мебаранд.

“Ӯро ҳам ҳар се моҳ хабар гирифтан лозим аст. Барои роҳ, хӯрду хӯрок маблағ лозим аст, ки бардошти он барои мо мушкил аст”,- гуфт ӯ.

Ба қавли ҳамсари Хуршед, ӯ дар ҳама мулоқотҳо таъкид мекунад, ки “маро ғайриқонунӣ ҳабс карданд, гуноҳ надорам. Маро барои фаъолияти журналистиам бархе нотавонбинон барқасд бо туҳмат ҳабс карданд”.

Нобоварӣ ба адолати додгоҳӣ

Дар ин давра наздиконаш ба ҳама мақомоти салоҳиятдор, аз Додситонии куллу Додгоҳи Олӣ то Дастгоҳи иҷроияи президент муроҷиат карда, аз ҳукми Хуршед шикоят кардаанд, аммо ин ниҳодҳо масъулиятро ба дӯши якдигар партофта, ба онҳо посухи мушаххас надоданд.

Наздикони Хуршед баъди бетағйир мондани шикоят аз сӯи додгоҳи вилояти Суғд ба зинаҳои болоии додгоҳӣ муроҷиат накарданд, чунки дигар ба адолати додгоҳӣ бовар надоранд.

“Вақте, ки шикоятро касе баррасӣ намекунад, дигар ба кӣ шикоят кунем? Касе ба доди мо нарасид, шикоятҳои қаблии мо бенатиҷа монд. Ба тақдир тан додем, вале бовар дорем, ӯ рӯзе озод мешавад. Ягона умедамон аз Худо аст”, - мегӯяд Фарзона Облоқулова.

Ӯ мегӯяд, Хуршед дар робитиа ба шарту шароити нигоҳдорӣ ба чизе намегӯяд, вале аз сабаби он ки бемории музмини бронхит дорад, саломатиаш ҳар вақт бад мешавад.

“Бовар дорам, ки ӯ гуноҳ надорад, вайро бегуноҳ туҳмат карда, ҳабс карданд. Хуршед журналисти иғвоангез набуд ва як рӯзноманигори оддӣ буд ва мо як зиндагии оддӣ доштем... Ёру дӯстон ва ҳамкорони зиёд дошт, ҳоло ба истиснои як ду нафар, касе аз ҳоли фарзандонаш намепурсад. Ҳамаашон ғайб заданд”, - гуфт ӯ.

Модари Хуршед мегӯяд, онҳо барои мубориза барои бегоуноҳии писараш таслим нашудаанд, вале вазъи саломатӣ ва сарсониҳои зиндагӣ имкон намедиҳад, ки онҳо ҳоло муборизаро идома диҳанд.

Ӯ гуфт, ба бегуноҳии писараш бовар дорад ва ӯ рӯзе аз дар даромада меояд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.