Дар Форуми байнулмилалии иқтисодӣ рӯзи 29 март ӯ изҳор намуд, ки шумори дархостҳои ширкатҳои Русия ба қувваи корӣ аз Тоҷикистон кам нашуда, корҳо бо сохторҳои давлатӣ ва тиҷоратӣ ба таври муқаррарӣ ҷараён доранд.

Аммо ба ҷараёни ороми ҳамкорӣ матлабҳо дар фазои интернетӣ халал мерасонанд, ки байни миллатҳо адоват барангехта, миёни муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия тарсу ҳарос эҷод мекунанд.

Ба муҳоҷироне, ки қонунӣ кор мекунанд, ҳеҷ таҳдиде нест

Дар робита ба амали террористӣ дар Маскав Шаҳноза Нодирӣ изҳори итминон кард, ки “иҷрокунандагону дастандаркорон ва аз ҳама муҳимаш, фармоишгарони ин ҷинояти мудҳиш ба ҷавобгарӣ ҷалб ва муҷозот мешаванд”.

Ӯ зикр кард, ки мақомоти давлатӣ ва сохторҳои тиҷоратии Русия бо мақомоти давлатии Тоҷикистон фаъолона кор мекунанд.

- Танҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ талошҳои барангехтани ихтилоф байни миллатҳо ба назар мерасад, - мегӯяд ӯ.

Қобили зикр аст, ки чунин матолиб одамонро тарсонда, дар байни онҳо рӯҳияи тарсу ҳаросро ба вуҷуд меоранд. Мо бояд ин рӯҳияро пароканда сохта, нишон диҳем, ки нисбати ҳамаи шаҳрвандони ба таври қонунӣ дар Русия фаъолиятдошта  таҳдиде нест.

Бале, бо онҳое, ки ғайриқонунӣ кор мекунанд, мушкилот вуҷуд дорад – нисбат ба онҳо тибқи қонунгузорӣ чора меандешанд.

Аммо ин бори дигар аз он гувоҳӣ медиҳад, ки аввалан, механизмҳои ҷалби муташаккилона бояд пурра ба сифати яке аз шаклҳои ҳимояи шаҳрвандони мо ҷорӣ шаванд ва сониян, онҳо бо бастаи пурраи ҳуҷҷатҳо бо пешниҳоди кафолатҳои зарурии иҷтимоӣ дар қаламрави Русия, иқомат ва ғизои бепул таъмин карда шаванд.

Ба гуфтаи Нодирӣ, воҳидҳои сохтории вазорат, аз ҷумла Намояндагии Вазорати муҳоҷират дар Русия пайваста бо корфармоён дар тамос буда, вазъиятро пайгирӣ мекунанд.

“Муҳимаш ба иғвогариҳо дода нашуда, аз рӯйи қонун амал кардан лозим аст”

Нодирӣ даъват кард, ки бояд ба афзудани норозигиҳо байни ҳамдигар роҳ надиҳем:

- Дар вазъияти кунунӣ хеле муҳим аст, ки ба ин сенарияи дастандаркорон ва фармоишгарони ҳамлаи террористӣ дода нашавем ва нагузорем, ки дар ҷомеаи мо норозигиҳо байни ҳамдигар зиёд шаванд.

Ҳоло барои мо хеле муҳим аст тавре рафтор кунем, ки волидон ва бобою модаркалонамон амал мекарданд – дар сулҳ, ризоият ва дӯстӣ зиндагӣ кунем. Ва ба иғвоҳое, ки созмондиҳандагони ҳамлаи террористӣ ба мо таҳмил кардан мехоҳанд, дода нашавем, - мегӯяд вай.
Шаҳноза Нодирӣ
Сурат аз tajsohtmon.tj

Муҳим нест, ки шумо аз кадом миллатед, муҳим он аст, ки шумо чӣ гуна инсонед. Неруи кишварҳои узви ИДМ ва СҲШ ва халқҳои мо дар ваҳдат аст.

Бо фармоишгарони амали террористӣ мубориза бурдан лозим аст, на бо муҳоҷирони корӣ

Ба гуфтаи вай, якбора манъ кардани вуруд нодуруст буда, бояд ин соҳаро дақиқан танзим кард: масалан, қабули қарорҳо дар бораи муҳоҷирати ғайриқонунӣ, ҷорӣ кардани масъулияти шадид барои корфармоён, ки онҳоро қабул мекунанд, иҷрои қонунҳои донистани забон, таъсиси як маркази масъулият барои муҳоҷирон ва ғайра.

- Сарони давлатҳои мо ҳанӯз дар Изҳороти Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ оид ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷират аз 15 октябри соли 2021 зикр карда буданд, ки "онҳо дарк мекунанд, ки омили муҳиме, ки ба муваффақияти раванди мутобиқсозии шаҳрвандони хориҷӣ таъсир мерасонад, хусусияти муносибати аъзои ҷомеаи қабулкунанда ба онҳоро доранд ва нияти якҷоя андешидани чораҳоро оид ба тағйири назарҳои манфӣ ба муҳоҷирон изҳор мекунанд".

Дар робита ба ин, дар доираи формати мо баррасии ин масъалаҳо ва андешидани чораҳои зарурӣ барои пешгирии чунин далелҳо бо мақсади рушди минбаъдаи ҳамкории мутақобилан судманд ҷиҳати ташкили механизмҳои муҳоҷирати муназзам, қонунӣ ва бехатар, ки ба манфиатҳои давлатҳои мо ҷавобгӯ мебошанд, мувофиқи мақсад аст, - гуфт Шаҳноза Нодирӣ.

Бе воҳима: ҳамкорӣ бо Русия ба таври муқаррарӣ ҷараён дорад

Ба гуфтаи ӯ, ширкатҳоиРрусия ҳоло ҳам дар мавриди ҷалби муташаккилона дархостҳо мефиристанд ва омодаанд ҳатто шаҳрвандонеро, ки дар қаламрави Русия бекор мондаанд, қабул кунанд.

Нодирӣ хотиррасон мекунад, ки омодагии пеш аз сафар, дарёфти самтҳои нави муҳоҷират ва ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандон аз ҷумлаи афзалиятҳои сиёсати муҳоҷирати Тоҷикистон мебошанд.

- Дар ҷумҳурӣ низоми Марказҳои таълими калонсолон, Марказҳои омодагии пеш аз сафари муҳоҷирон пурсамар фаъолият мекунанд.

Дар доираи лоиҳаи Бонки осиёии рушд давоми моҳҳои апрел-июни соли ҷорӣ 6 маркази муосири омодагӣ ба ихтисосҳои корӣ ба истифода дода мешаванд. Аз ҷумла, 3-тои онҳо барои омодагии муҳоҷирони корӣ пешбинӣ шудаанд, - мегӯяд муовини вазир.

Дар ин марказҳо малакаҳои корӣ ва ихтисосҳои серталаб дар бозор тибқи меъёрҳои байнулмилалӣомӯзонида шуда, Гувоҳнома (Сертификат)-и намунаи байнулмилалӣ дода мешавад. Забонҳо (англисӣ, русӣ, кореягӣ), саводнокии молиявӣ, қонунгузорӣ, таърих ва фарҳанги кишваре, ки муҳоҷир ба он ҷо меравад, таълим дода мешаванд.
Акси марбута
Сурат аз "Парламентская газета"

Бо мақсади дарёфти самтҳои нави муҳоҷират Тоҷикистон дар ин соҳа бо Амороти Муттаҳидаи Араб, Британияи Кабир, Маҷористон (Венгрия), Руминия, Туркия, Қатар, Литва ва Латвия ҳамкории пурсамар ба роҳ мондааст. Тоҷикистон ба низоми шуғли Кореяи Ҷанубӣ шомил шуд, ки ҷиҳати кори қонунӣ ба шаҳрвандони мо дар ин кишвар ҳуқуқ медиҳад.

Масъалаҳои ба Белгия ва Нидерланд сафарбар намудани захираҳои корӣ бо назардошти манфиатҳои тарафайн мавриди баррасӣ қарор доранд.

Шаҳноза Нодирӣ гуфт, баъди суханронии онлайни ӯ дар Форуми байнулмилалии иқтисодии ИДМ, "тақрибан пас аз се соат намояндагони ширкати бузурги "Главстрой Регионы"-и Русия бо мо дар тамос шуда, ба масъалаи тайёр кардани шаҳрвандони мо дар марказҳои омодасозӣ, ки дар ин гузориш зикр шуда буданд, таваҷҷӯҳ зоҳир карданд.

Баъди шиносоӣ бо ин маълумот, ширкати «Главстрой Регионы» ният дорад, ки дар масъалаи ҷалби қувваи корӣ дар соҳаи сохтмон бо омӯзиш дар Тоҷикистон ва минбаъд бо кор таъмин намудан тибқи механизми ҷалби муташаккилона бо мо ҳамкорӣ кунад, - мегӯяд Шаҳноза Нодирӣ.

Илова бар ин, ба гуфтаи ӯ, дар Вазорати меҳнат корҳои тақвият бахшидан ҷиҳати баланд бардоштани огоҳии ҳуқуқии шаҳрвандоне, ки дар берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ кор мекунанд ва пешгирии ҷалби онҳо ба сафи созмонҳои ифротгароӣ, ҷоннок карда шудааст.

Бо ин мақсад рӯзи 23 март ба унвони намояндагии Вазорати меҳнат оид ба масоили муҳоҷират дар Русия ва Хадамоти муҳоҷират, ки дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ фаъоляит мекунанд, бо дастури вазир мактуб фиристода шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.