Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз шаҳрвандони кишвар хостааст, бо ирсоли навору хабар вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо ва риоя накардани ҳуқуқҳои шаҳрвандон аз ҷониби шахсони мансабдори давлатӣ маълумот диҳанд. Бо ин роҳ дар пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҳуқуқвайронкуниҳо саҳм гузошта, соҳиби тӯҳфаву мукофотҳои давлатӣ шаванд.
Дар эълони вазорат, ки дар сомонаи расмии ин ниҳод нашр шудааст, гуфта мешавад, ки шаҳрвандон метавонанд, вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ (ҷиноятҳои муташаккилона, терроризм-экстремизм, савдои одамон, қочоқ, гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, ҷойи пинҳоншавии ҷинояткорон ва ғайра), ҳуқуқвайронкуниҳо, мардумфиребӣ (машғул шудан ба сеҳру ҷодугарӣ, фолбинӣ, таълимоти ғайриқонунии динӣ, гузаронидани маросимҳои ба ном “ҳоҷиталбон”», “ҳоҷиошӣ”, “ҳоҷизиёрат”) тавассути Телеграмм навору хабар ирсол кунанд.
Ҳамчунин, оид ба вайрон намудан ва риоя накардани ҳуқуқҳои шаҳрвандон аз ҷониби шахсони мансабдори давлатӣ низ метавонед навору хабар фиристед.
Маълумотро тавассути Телеграмм бо рақами + 992 939 222 111 бо се забон - тоҷикӣ, русӣ, англисӣ метавонед фиристед.
ВКД ваъда додааст, ки тибқи талаботи моддаҳои 25 ва 26-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ” шахсоне, ки дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва муайяну ошкор намудани ҷиноятҳо мусоидат менамоянд, бо имтиёзҳо, мукофоти пулӣ, туҳфаҳои арзишманд, мукофотҳои давлатӣ ва намудҳои дигари ҳавасмандгардонӣ сарфароз гардонида мешаванд.
Ҳамчунин, мутобиқи муқаррароти моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ” ва моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ” таъмини амнияти шаҳрвандон ва ифшо нашудани шахсияти онҳо кафолат дода мешавад.
Шумо имкон доред чунин хабару маълумотро ҳам ба таври кушод тавассути мессенҷери шахсиатон ва ҳам ба таври пӯшида (анонимӣ) бе нишон додани ному насаби аслиатон ирсол кунед.
Муаллиф таҳти пайгирии мақомоти давлатӣ қарор дода намешавад.
Рушди ҳукумати электронӣ. Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ дар мақоми охир қарор дорад
Байни Хуҷанд ва Новосибирск боз ҳаракати автобусҳо оғоз мешавад
Душанбе: аввалин универмаг, автобус ва ҳайкал кай пайдо шуд?
Ваъдаи 200 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ аз сӯи мақомот барои кумак дар ошкор кардани ду ҳодисаи куштор
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Тавбаи насӯх”
Дар муқоиса бо моҳи январи соли 2024 нархи маҳсулоти хӯрокворӣ чӣ гуна тағйир ёфт?
Нурулло Алиев амрикоиро мағлуб карда, рекорди худро то 10-0 расонид
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 январи соли 2025
Коргар каму нафақахӯр зиёд. Ин чӣ хатар дорад ва чӣ бояд кард?
Сокинон дар бораи сохтмони метро дар Душанбе чӣ мегӯянд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста