Роҳи пиёдагарди назди собиқ бозори Шоҳмансур (Зелёний) дар Душанбе, рӯбарӯи бинои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон - ба истилоҳ бозори мардикорон аст.

Дар майдони назди бозор мардон рӯйи алаф давра нишаста, суҳбат мекунанд. Онҳо мардикорон аз ноҳияҳои наздики шаҳранд. Барои дарёфти кор омадаанд.

Сурат: Asia-Plus

То омадани “харидор”, ба гуфтаи калонсоли онҳо Саид, "аз бекорӣ кадукорӣ”, яъне суҳбат мекунанд. Мавзӯи асосии онҳо роҳҳои пеш бурдани рӯзгор дар шароити нав ва вазъият дар Русия аст.

Миёни онҳо “шореҳони сиёсӣ” низ ҳастанд, ки бо гуфтаҳои худ доир ба чӣ гуна душвор шудани ҳаёти тоҷикон дар Русия пас аз амали террористӣ ҳамроҳони худро метарсонанд.

“Беҳтараш то ором шудани вазъият интизор шудан лозим аст, баъд метавон коркунӣ рафт”, - маслиҳат медиҳанд онҳо.
Сурат: Asia-Plus

Лекин бисёре аз онҳо аллакай тақдири худро ба муҳоҷират вобаста намедонанд. Мегӯянд, дар ҳамин ҷо ҳам кор кардан мумкин аст.

Миёни коргарон ҷавоне бо номи Нуриддин фарқ мекунад. Ӯ аз ҳама ҷавонтару боқуваттар буда, - қадаш қариб ба ду метр мерасад. Бардоштани сад кило барои ӯ душвор нест. Ин ҷо ӯро “паҳлавон” ном мебаранд.

Нуриддин моҳи январ, то ҳамла ба “Крокус” аз Русия омада, дар анбор ба сифати боркаш кор мекард ва пули хуб меёфт. Акнун нигоҳубини модари бемор, зани хонашин бо чор фарзанд ба дӯшаш аст. Дар навбати аввал пул барои муолиҷаи модараш лозим аст:

“Худо бемориро нишон надиҳад. Барои ҳар як давраи муолиҷа пули бисёр харҷ мешавад, ба кор карданаш фурсат намеёбам”, - мегӯяд ӯ.

Миёни мардикорон ҷавонон қариб дида намешаванд. Синни аксари онҳо аз 40-сола боло аст. Ҳар кадоме касб доранд: бинкор, кафшергар, сафолчин, андовагар, рангмол ва ғайра.

Сурат: Asia-Plus

Асбобу лавозимоти кориашонро ҳам ҳамроҳашон мегиранд. Дар сумкаҳо либоси корӣ ва хӯрок ҳам ҳаст. Тановули ғизо дар ошхонаҳои Душанбе барояшон хеле қимат аст.

Ҳамин ки мошини фаромишгари эҳтимолӣ таваққуф мекунад, онҳо мисли селаи кабӯтарҳо хеле зуд мошинро иҳота мекунад.

Соҳиби мошин Нуридини бақувватро бо чор мардикори дигар ба мошин мегирад. Барои онҳо кори бетонрезӣ пешниҳод шудааст.

1/2

Мардикорони ботаҷриба

Бобои Саид ба ин кор намеравад, зеро бетонрезӣ бо ин синнусол барояш душвор аст. Ӯ корҳои сабукро мегирад, устогӣ аз дасташ меояд. Ӯ мегӯяд, ҳамааш дар дасти Худо аст ва барои ӯ ҳам кор пайдо мешавад.

Шарики ӯ Абдурашид дар хона аст ва агар бобои Саид кор ёбад, ҳатман ба ӯ занг зада, ҳамроҳаш мегирад. Ҳамин хел ҳам мешавад, ки кори фармоишгар як ҳафта давом мекунад, лекин бештар корҳои якрӯза пайдо мешаванд, масалан корҳои сабук дар қитъаҳои наздиҳавлигӣ.

Сурат: Asia-Plus

Аксари мардикорон дар гузашта дар муассисаҳои гуногун кор мекарданд, лекин бо сабаби маоши ночиз корро тарк кардаанд. Ин ҷо одамоне ҳастанд, ки аз Русия ихроҷ шудаанд ва касоне ҳам, ки ба онҷо рафта метавонанд, лекин ҳарос доранд. Ба ҷуз Русия, онҳо дигар самти муҳоҷирати кориро намедонанд.

Пулкоркунии тасодуфӣ аз кори расмӣ беҳтар аст

Лекин кор хеле кам аст. Абдуназар, мардикорест, ки маълумоти касбӣ надорад. Ӯ мегӯяд, ду рӯз аст, ки кор намеёбад.

“Андовакунӣ пешниҳод карданд, лекин нарафтам, зеро кам пул медиҳанд - 20 сомонӣ барои метри мураббаъ. Ман танҳо ба 30 сомонӣ розиам”, - мегӯяд ӯ.

Сурат: Asia-Plus

Як марди дар паҳлӯи ӯ нишаста бо срулибоси корӣ ва халта дар пушт изҳор мекунад, ки “натанҳо пули кам медиҳанд, балки ҳатто бо хӯрок ҳам таъмин намекунанд”.

Ба бисёре аз онҳо баъди анҷоми пурраи як кори муайян маблағашонро медиҳанд. Боз барои рӯзи корӣ пул медиҳанд, вобаста ба душвории он метавонад аз 80 то 200 сомониро ташкил диҳад. Инчунин маъмулан корфармо бояд бо хӯроки нисфирӯзӣ таъмин кунад.

Меҳнати мардикор ҳамеша хавф дорад. Бо онҳо касе қарордод намебандад, ҳамааш шифоҳӣ ҳал мешавад. Баъзан чунин ҳам мешавад, ки фармоишгар баъди ба охир расидани кор камтар пул медиҳад ва ин ҷо наметавонӣ ба касе шикоят барӣ.

1/4

Фармоишгарон маъмулан миёнаравоне мебошанд, ки барои шахсони сарватманду пулдор коргар меҷӯянд. Ва маҳз ҳамин миёнаравон аз соҳиби кор пули зиёдтар гирифта, ба коргарон камтар маблағ пардохт мекунанд.

Чанде аз мусоҳибони “Азия-Плюс” кӯшиш кардаанд, дар Тоҷикистон ҷойи кори доимӣ ёбад, аммо музди меҳнат қонеъкунанда набудааст.

“Эълонҳоро дар бораи ҷойҳои кории холӣ мебинем, дар ярмаркаҳои Вазорати меҳнат ҳам будем, лекин дар ҳама ҷо кам пул дода, талаботашон зиёд аст”, - мегӯянд онҳо.

Дар давоми рӯз ҳамагӣ якчанд корфармо ба мардикорон, ки теъдодашон садҳо нафар аст, муроҷиат карданд. Ин маънои онро дорад, ки имрӯз бисёре аз онҳо бо дасти холӣ ба хонаҳояшон бармегарданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.