Дирӯз, 15-уми май, дар Душанбе шаби эҷодии Ҳунарпешаи халқии СССР Ҳошим Гадо баргузор шуд, вале худи ҳунарманд дар он ширкат наварзид. Ҳошим Гадо дар ин хусус ҳарфе намезанад, аммо манобеъ мегӯянд, ки “барои аз рӯи сенарияаш кор накардан ба шаби эҷодӣ наомад”. Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ин иддаоро рад мекунад.

Шаби эҷодӣ чӣ гуна гузашт?

Шоми дирӯз ҳунармандон ва ҳаводорони ҳунар бо гулу гулдаста дар Театри Лоҳутӣ ҷамъ омаданд ва шаби эҷодии Ҳошим Гадоро баргузор карданд.

Ин чорабиниро Вазорати фарҳанг ва Театри Лоҳутӣ ба ифтихори 60 - солагии фаъолияти эҷодии Ҳунарпешаи халқии СССР Ҳошим Гадо ба роҳ монданд.

Шаби эҷодӣ бо намоиши филми мустанад аз рӯзгор ва корномаи Ҳошим Гадоев оғоз шуд ва дар он ҳунармандону фарҳангшиносон перомуни зодгоҳ, таҳсил, ҳунарварӣ, коргардонӣ ва нависандагии мавсуф ҳарф заданд.

Баъдан ҳунармандони театрҳои пойтахт аз беҳтарин намоишномаҳои офаридаи Ҳошим Гадо, аз ҷумла аз “Эдип”, “Гамлет” ва “Рустам ва Сӯҳроб” саҳначаҳо ба намоиш гузоштанд.

Аҳли толор ва ҳаводорони театр то охири шаби эҷодӣ мунтазири баромади ҳунарманди шаҳир Ҳошим Гадо буданд, вале мавсуф дар ин чорабинӣ ширкат накард ва курсии пур аз гули ӯ холӣ боқӣ монд.

Тахте, ки барои нишастани Ҳошим Гадо омода кардаанд
Акс аз муаллиф

“Аз рӯи сенарияи Ҳошим Гадо коргардонӣ нашуд”

Ҳунарпешаи халқии СССР Ҳошим Гадо чандест, ки аз суҳбат бо рӯзноманигорон худдорӣ мекунад. Имсол ҳам дар моварои зодрӯзаш “Азия-Плюс” хост, ки бо Ҳошим Гадо мусоҳиба орояд, вале ӯ ба суҳбат розӣ нашуд.

Дар шаби эҷодии худ ширкат накардани Ҳошим Гадо суолоти зиёдеро ба миён овардааст ва худи ӯ ҳозир нест, ки дар ин бора ҳарф занад.

Дар ҳамин ҳол, ду манбаъи мо аз Театри Лоҳутӣ гуфтанд, ки сабаби дар шаби эҷодии худ ширкат накардани Ҳошим Гадо аз рӯи сенарияаш коргардонӣ нашудани ин чорабинӣ аст.

Ба гуфтаи як манбаъ, Ҳошим Гадо перомуни ин шаби эҷодӣ сенария таҳия карда ва онро ба Вазорати фарҳанг пешниҳод кардааст.

“Устод аз рӯи сенарияи омодакардаашон мехостанд, ки худашон ин шаби эҷодиро коргардонӣ кунанд, вале ба ин кори Ҳошим Гадо маҳдудият гузоштанд. Аз рӯи сенарияи омодакардаи он кас шаби эҷодӣ баргузор нагардид ва барои ҳамин саркашӣ кардаву дар чорабинӣ ширкат накарданд”, - гуфт ҳамсуҳбати мо.

Як манбаъи дигар низ тасдиқ кард, ки сабаби дар шаби эҷодӣ ширкат накардани Ҳошим Гадо аз рӯи сенарияаш кор накардани масъулин мебошад. Дар ин чорабинӣ интизор мерафт, ки Матлубахон Сатториён, вазири фарҳанг ҳам ширкат кунад, вале шояд бо сабаби ҳузур надоштани Ҳошим Гадо вазир низ ширкат наварзид.

Аммо манобеъ ҷузъиёти дар сенария пешбинишударо ошкор накарданд.

1/19

“Аз рӯи сенарияи дастрасшуда барномаро таҳия кардем”

Дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон гуфтанд, ки барномаи шаби эҷодӣ аз рӯи сенарияи пешниҳодкардаи Ҳошим Гадо таҳия шуд ва мушкиле пеш наомадааст.

Тоҳири Маҳмадризо, мутахассиси Раёсати санъати Вазорати фарҳанг дар суҳбат бо “Азия-Плюс” сенария пешниҳод кардани Ҳошим Гадоро тасдиқ кард ва таъкид намуд, ки “як ҳафта аз рӯи сенарияи мазкур аҳли театр кор карданд ва басо заҳмат кашиданд, ки саҳнаҳое аз намоишномаҳои беҳтарини устодро ба таври арзанда рӯи саҳна гузоранд”.

Ӯ гуфт, Ҳошим Гадо аз баргузории ин чорабинӣ хабар дошт, қаблан ваъда дода буд, ки ба шаби эҷодӣ меояд, вале “рӯзи баргузорӣ ба телефонҳои паёпайи мо посух надод ва ҳатто дари хонаашро боз накард”.

“Дар таҳияи барнома мушкиле пеш наомадааст. Шаби эҷодӣ хуб гузашт. Устод бояд омада фақат дар тахт нишаста ва барномаро тамошо мекарданд. Сабаби наомадани Ҳошим Гадоро аз худаш пурсед”, - гуфт Тоҳири Маҳмадризо.

Абдукарими Машраб, директори Театри Лоҳутӣ, дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, “мо аз рӯи сенарияи дастрасшуда барномаро таҳия кардем ва сабаби ҳозир нашудани устод Ҳошим Гадоро намедонем”.

“Аҳли Театри Лоҳутӣ рӯзи зодрӯзи устод барои табрик ба хонааш рафтем. Устод ба мо гуфт, ки ба шаби эҷодӣ меояд. Вале наомад. Вазорати фарҳанг ташаббускори баргузории ин шаби эҷодӣ буд ва Театри Лоҳутӣ роҳандозкунандаи ин чорабинӣ. Устод Ҳошим Гадоро бояд Вазорати фарҳанг ба ин чорабинӣ меовард ва Театри Лоҳутӣ ба ин кор масъул набуд”, - гуфт Абдукарими Машраб.
Абдукарими Машраб
Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳаёту эҷодиёти Ҳошим Гадо

Ҳошим Гадо - ҳунарпешаи театру синамо, коргардони театр ва нависанда, Ҳунарпешаи мардумии ҶШС Тоҷикистон (1979), Ҳунарпешаи мардумии ИҶШС (1988), дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ (1973). Арбоби ҳунари Тоҷикистон (2017).

Ҳошим Гадо 10-уми майи соли 1937 дар шаҳри Кӯлоб зода шудааст. Дастпарвари Институти давлатии санъати театрии ба номи А. В. Луначарский (ГИТИС) (1960) ва Курсҳои олии коргардонии ГИТИС (1965) аст.

Аз соли 1961 то кунун ҳунарпеша ва коргардони Театри академи- драмавии Лоҳутӣ аст. Ҳунарнамоӣ дар киноро аз соли 1963 оғоз карда ва то кунун чандин нақш, аз ҷумла нақши Сӯҳроб, Фердинан, Гамлет, Хлестаков, Исмоили Сомонӣ, Эдип ва дигар нақшҳоро офаридааст.

Ҳошим Гадо ҳамчунин коргардони бисёре аз намоишҳост ки маъруфтаринашон намоиши «Эдип» аст, ки беш аз сад бор иҷро шудааст. Вай соли 2008 дар чорчӯби ҷашнҳои бузургдошти Абу Абдуллоҳ Рӯдакӣ намоишномае дар бораи зиндагии сардафтари адабиёти порсӣ офарида ва намоиш дод. Вай ҳамчунин дар беш аз 50 филми коргардонони тоҷик ва хориҷӣ нақш иҷро кардааст. Ҳафтаномаи «Чархи гардун» беш аз 10 сол аст, ки ҳикоёти фалсафии ӯро чоп мекунад.

Ҳошим Гадо муаллифи 750 китоб бо номҳои зерин аст: «Розҳо», «Асо», «Танҳо», «Андешаҳо», «Я!?», «Кунҷ», «Кометы», «Ҷонбуз», «Ку», «Думы», «Мой Сухроб», «О Сократе» ва ғ.

Ҳошим Гадо барои офариниши нақши Сӯҳроб дар театр дар адабиёти порсӣ, меъморӣ, пайкарнигорӣ, ториху фарҳанги асри Фирдавсӣ, тангашиносӣ ва тарроҳии пӯшок пажӯҳиш бурд ва варзишу бадансозӣ карду тану дасту бозуяшро обутоб дод.

Ин ҳама сахткӯшии вай натиҷаи бисёр хубе ба бор овард - мунаққидон ин намоиш ва бозии ӯро чунон хуш пазируфтанд ки аз он замон то кунун филми «Рустам ва Сӯҳроб» яке аз беҳтарин филмҳои сохтаи замони шуравии Тоҷикистон ба шумор меравад.

1/6

Ҳошим Гадо дар саҳна беш аз 150 нақшро бозӣ карда, намоишҳои зиёдеро ба саҳна гузоштааст. Муҳимтарини онҳо "Шоҳи Эдип" -и Софокл мебошад, ки  беш аз сад маротиба дар саҳна гузошта шудааст. Барои солгарди Рӯдакӣ дар соли 2008, ӯ дар бораи ҳаёт ва фаъолияти ин шоир ва мутафаккир намоише ба саҳна гузоштааст.

Номбурда  дар беш аз 50 филми коргардонҳои тоҷик ва хориҷӣ дар киностудияҳои "Тоҷикфилм", "Узбекфилм", "Озарбойҷонфилм", "Беларусфилм" нақш офаридааст. Дар бештар аз 100 нақш дар филмҳои бадеӣ ба забони тоҷикӣ овоз додааст.

Гуфтан ба маврид аст, ки ду соли пеш ду сол пеш дар Кинотеатри Зебунисо 85-солагии Ҳошим Гадо таҷлил шуда буд ва ин ҳунарманди шаҳирро басо гарм истиқбол гирифтанд ва юбилейи варо хотирмон гузарониданд.

Аҳли ҳунару фарҳанг Ҳошим Гадоро хӯҷаини ҳаёти худ меноманд ва дунёи варо мураккаб ва барои худаш хос мепиндоранд ва мегӯянд, ки “мо устодро дар ҳар вазъе ҳаст, эҳтиром дорем ва қадрашро медонем”.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.