Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоишгоҳи байналмилалии санъати тасвирӣ барои наврасону ҷавонон, таҳти унвони “Ҷаҳони оянда” баргузор шуд. Он ду рӯз идома карда, беш аз 200 асари рассомони ҷавони Тоҷикистон ва Чин ба намоиш гузошта шуд.

Мақсад аз баргузории намоишгоҳ ҷалби ҷавонону наврасон ба санъати тасвирӣ, ҳайкалтарошӣ, санъати ороишӣ ва амалӣ, сафолӣ, заргарӣ, наққошӣ, инчунин таблиғ, ҳавасмандӣ ва дастгирии истеъдодҳои ҷавонон, фароҳам овардани заминаи мусоид барои рушди минбаъдаи инкишофи маданият ва санъати Тоҷикистон ва Чин мебошад.

Дар ифтитоҳи расмии намоишгоҳ, намояндагони расмии ду кишвар, аз ҷумла  Зулфиқор Гулаҳмадзода раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон ва Ҷи Шумин, сафири Чин дар Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ кардандд.

1/7

Зимни суханрониҳо таъкид шуд, Чин яке аз шарикони сиёсии Тоҷикистон маҳсуб шуда, муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории бисёрҷонибаи Тоҷикистону Чин дар формати бисёрҷониба инкишоф меёбанд.

Дар идома, байни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, маркази Коммуникатсионии Вуҷов ва ширкати байналмилалии намоишгоҳи Шанхай созишномаи ҳамкории стратегӣ ба имзо расонида шуд.

Ёдрас мешавем, ки лоиҳаи намоишгоҳи байналмилалии “Ҷаҳони оянда” соли 2023 аз ҷониби Маркази иртибототи Вучжоуи дафтари иттилоотии Шӯрои Давлатӣ таъсис ёфтааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.