Дар натиҷаи садамаи нақлиёт, ки дар қаламрави деҳаи Офтоблиқои канори шаҳри Кӯлоб рух дод, якбора 7 нафар ҳалок шуданд. Ин ҳодисаи фоҷеабор ҳанӯз шоми рӯзи 27 июн рух дода, лекин ВКД акнун аз ҷузъиёташ хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, ронандаи автомашинаи Opel-Astra Бобоҷон Зоирови 27-сола аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, бо мошини сабукрави дигари ҳамин тамға зери идораи Умарҷон Латифови 24-сола бармехӯрад.

“Бар асари садама ронанда Латифов, мусофирони он - Рамазон Алиеви 25-сола,  Бунафша Шариповаи 38-сола ва 3 фарзанди ӯ - Аминҷон 5-сола, Алиҷони 10-сола ва Сабринаи 13-сола дар ҷойи ҳодиса ҳалок шудаанд, - омадааст дар хабари Вазорат. - Боз як мусофири ин мошин Насимҷон Рамазонии 18-сола аз ҷароҳатҳои бардоштааш дар бемористон фавтидааст”.

Гуфта мешавад, ронадаи автомашинаи дигар Бобоҷон Зоиров ва мусофирони он: Нуралишои Қурбони 18-сола, Мадина Гуловаи 15-сола ва Панҷшери Муҳаммадзодаи 19-сола ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар бемористон бистарӣ шудаанд.

Маркази матбуоти ВКД хабар медиҳад, ки тайи 4 рӯзи ахир бар асари ҳодисаҳои садамаи нақлиёт дар роҳҳои ҷумҳурӣ 13 нафар ҳалок шудаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.