Дар озмуни байналмилалии “Мақом”, ки имсол дар Ӯзбекистон баргузор гардид, Хуршед Иброҳимзода, шашмақомсарои тоҷик сазовори ҷойи аввал  шуд. Ба ӯ диплому ҷоиза ва 10 ҳазор доллари ИМА тақдим карданд.

Хуршед Иброҳимзода мақомсаро ва солисти Консерваторияи миллӣ аз номи Тоҷикистон дар конкурси мазкур баромад намуд. Ӯ дар муддати 30 дақиқа панҷ сурудро иҷро кард ва аз рӯйи номинаи “Иҷроиши якка” ғолиби ҷойи аввал гардид.

“Ман ғолибиятро интизор набудам. Вақте маро сазовори ҷойи якум эълон намуданд, ҳаяҷон маро фаро гирифт. Ифтихор менамоям, ки дар ин ҷашнвораи бузург санъату фарҳанги Тоҷикистонро муаррифӣ кардам”,‑ гуфт Хуршед Иброҳимзода.


Ӯ илова намуд, ки вақте аз номи Тоҷкистон ба форуми мазкур роҳ ёфт, мақсад гузошт, ҷойи ифтихориро соҳиб шавад.

“Аз рӯйи талаботи озмун ҳар як иштирокчии конкурс як силсилаасар аз сурудаҳои шашмақом бояд иҷро мекард. Мо якчанд сурудҳои навро бо номи силсилаи “савти ушшоқ”, “фурӯғи савти ушшоқ”, “ушшоқи Содирхон”, “соқиномаи савти ушшоқ”,  “тавқинчаи савти ушшоқ” барои озмун омода кардем ва манзури тамошобинон ва ҳайяти ҳакамон намудем. Иҷро ва ҳунари мо аз тарафи ҳакамони озмун баҳои баланд гирифт”, ‑ нақл намуд мақомсарои тоҷик.

Рӯзи 30‑юми июн озмуни мазкур ҷамбаст шуда, ба ғолибон диплому ҷоиза ва маблағҳои пулӣ супорида шуд.


“Гран-при”-и ҷашнвораро Алӣ Асғар, солисти ансамбли “Форс” аз давлати Эрон соҳиб шуд.

Ёдрас мешавем, ки Озмуни байналмилалии “Мақом” дар доираи Конфренсияи II байналмилалии мақом аз 26 то 30‑юми июн дар ноҳияи Зомини вилояти Ҷиззахи Ӯзбекистон баргузор шуд.  Дар форуми мазкур 95 сароянда аз 16 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, Эрон, Қирғизистон, Чин, Марокаш, Туркманистон, Урдун, Ҷопон, Тунис, Ҳиндустон, Миср, Индонезия, Туркия, Қатар, Ӯзбакистон ва ғайра ширкат доштанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.