Дар Тоҷикистон пас аз зиёд расонаӣ шудани хабарҳо дар бораи озордиҳӣ миёни хонандагон барои маъмурияти мактабҳо, роҳбарони синфҳо ва омӯзгорон дастурамали методӣ перомуни пешгирӣ аз озордиҳӣ ё киберозордиҳӣ таҳия шуд.

Муаллифони дастурамал муътақиданд, ки ҷилавгирӣ аз таҳқир тавассути тадбирҳо ва механизмҳои андешидашуда метавонад сатҳи зӯроварӣ дар байни хонандагон, барангехтани бадбинӣ, ҷинояткорӣ, инчунин пешгирӣ аз мушкилоти ҷиддии иҷтимоӣ, аз қабили хушунати хонаводагӣ, шиканҷа, табъиз, тамғагузорӣ ва маҳалгароиро коҳиш диҳад.

“Бо омӯзиши таҳаммулпазирӣ, ҳуқуқи инсон, ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ мо насли нави масъулиятшиносро ба воя мерасонем. Тавассути пешгирии саривақтии озордиҳӣ мо метавонем дар хонандагони худ рафтори бехатар ва арзишҳои умумиинсониро инкишоф диҳем”, - гуфта мешавад дар дастурамал.

Ин дастурамал бо фармоиши вазири маориф ва илми Тоҷикистон таҳия ва рӯзи 3-юми майи соли 2024 таҳти №509 тасдиқ гардид, ки нусхаи он дастраси “Азия-Плюс” гардид.

Зӯроварӣ чист?

Роҳнамо мафҳумҳои озордиҳӣ ё киберозордиҳиро ба таври возеҳ муайян мекунанд. Дар дастурамал омадааст, ки калимаи озордиҳиро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ “буллинг” меноманд.

“Буллинг калимаи англисии “bully” - зӯроварӣ, дағалӣ, нописандӣ ва табъизнамоӣ мебошад. Озордиҳӣ дар муносибатҳои байни одамон, дар муассисаҳои таълимӣ байни хонандагон, дар артиш дар байни сарбозон, дар коллективи корӣ байни кормандон ва дар ҷойҳои маҳрум аз озодӣ метавонад сар занад”, - шарҳ ёфтааст дар дастурамал.

Инчунин, таъкид гардидааст, ки “озордиҳӣ ҳамчун иғвоандозӣ дар байни одамон низ буда метавонад”.

Таснифбандии озордиҳӣ

Чуноне дар дастурамал зикр мегардад, озордиҳӣ метавонад зӯроварии ҷисмонӣ, равонӣ, шаҳвонӣ, иқтисодӣ ва киберозордиҳӣ бошад.

Озордиҳии ҷисмонӣ – расонидани зарар ба ҷисми инсон ба монанди теладиҳӣ, латту кӯб, ба пушти сар задан, пешпой додан, бо ягон ашё задан, харошидан ва ғайраҳо.

Озордиҳии равонӣ – зарар ба ҳолати равонии шахс бо роҳи таҳдид, туҳмат ва ғайбаткунӣ, тамғагузорӣ, гузоштани лақабҳои шаъну шарафро пастзананда, эродгирии беохир, баҳогузории ғайриобъективона, шӯхиву масхара, маҷбуркунӣ ба ягон амал ва ғайраҳо.

Озордиҳии иқтисодӣ – озордиҳӣ бо роҳи гирифтан, азхудкардан ё зарар расонидан ба ашёи хонанда аз ҷониби ҳамсинфон ё дигар хонандагон. Ин амалҳо танҳо дар ҳолати ба таври мунтаззам содир шуданашон ё дар баробари содиршавии дигар намудҳои озордиҳӣ ҳамчун озордиҳии иқтисодӣ баҳо дода мешавад.

Озордиҳии хусусияти шаҳвонидошта ё зӯроварии ҷинсӣ – истифодаи кӯдак (писар ё духтар) аз ҷониби калонсолон, хонандагон, омӯзгор ё дигар корманди муассисаи таълимӣ барои қонеъ кардани талаботҳои ҷинсӣ ё барои гирифтани дигар фоида.

Киберозордиҳӣ – ҳама намуди зӯроварӣ, ки тавассути телефони мобилӣ, сомонаҳои иҷтимоӣ, мессенҷерҳо, чатҳо, суроғаи электронӣ ва тавассути видео - порталҳо сурат мегирад.

Ғайр аз ин, мафҳумҳои озордиҳанда ва ҷабрдидаи озордиҳӣ ҳам шарҳи худро ёфтаанд:

Озордиҳанда - шахсе, ки ба дигар шахсон зӯроварии ҷисмонӣ, равонӣ, шаҳвонӣ ё иқтисодиро раво мебинад.

Ҷабрдидаи озордиҳӣ - шахсе, ки аз ҷониби озордиҳанда мунтаззам, гоҳ-гоҳ ё якдафъаина зери азобу уқубати ҷисмонӣ, равонӣ, шаҳвонӣ ё иқтисодӣ қарор мегирад.

Муноқишаи хонандагони мактаби №8-и шаҳри Душанбе
Акс аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

“Қарзи касбӣ”-и омӯзгорон?​​​​​​​

Ҳангоми мушоҳида намудани озордиҳӣ ё киберозордиҳӣ, тибқи ин дастурамал, ба омӯзгорон лозим аст, ки ба хонандагон ҳуқуқи инсон ба баробарӣ ва манъи табъизро омӯзонида, таҳаммулпазириро дар онҳо инкишоф диҳанд.

Гуфта мешавад, ки агар дар синф хонандаи маъюбиятдошта ё имконияташ маҳдуд таҳсил намояд, омӯзгорон бояд ба рафтори худи хонанда, муоширати ӯ бо ҳамсинфон ва ба муносибати дигар хонандагон нисбат ба ӯ аҳамияти махсус диҳанд.

“Ҳангоми ҷашнгирии 1-уми июн “Рӯзи ҳуқуқҳои кӯдак”, 10-уми декабр “Рӯзи ҳуқуқи инсон” ва ташкил намудани Ҳафтаи ҳуқуқи инсон ба хонандагон оид ба баробарҳуқуқӣ ва баробарии имкониятҳо фаҳмонида шаванд”, - таъкид гардидааст дар дастурамал.

Мавзӯи озордиҳӣ аз ҷониби муаллимон ҳам дар дастурамали мазкур баррасӣ гардида, гуфта шудааст, ки “дар ҳолати таҳаммулпазир набудани омӯзгор ё дар ҳолати ба табъиз роҳ додани омӯзгор бархе аз хонандагон метавонанд аз таҷрибаи онҳо истифода намоянд ва муносибати худро нисбат ба хонандае, ки рафтораш ба омӯзгор писанд нест иваз намоянд”.

Дастурамал чиро пешбинӣ мекунад?​​​​​​​

Барои пешгирии озордиҳӣ омӯзгорон, равоншиносу маъмурияти мактабҳо, волидон ва худи хонандагон ҷалб мешаванд ва тибқи дастурамал бар ҳар яки зикргардидагон вазифаҳои мушаххас пешбинӣ гардидааст.

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳо барои риояи ҳуқуқҳои кӯдак дастуру меъёрҳои умумӣ қабул кардаанд, ки ҳар яки онҳо ҳамчун механизми муассир барои пешгирӣ ва вокуниш ба озордиҳӣ ва киберозордиҳӣ амал мекунанд.

Ҳар як корманди муассисаи таълимӣ бояд бо ин дастуру меъёрҳо шинос буда, дар асоси онҳо оинномаи муассиса ва дигар ҳуҷҷатҳои дохилии худро барои вокуниш ба озордиҳӣ ва киберозордиҳӣ таҳия намоянд.

Пеш аз ҳама бояд омӯзгорони муассиса бо оиннома, низомномаҳо ва қоидаҳои дохилии муассисаи таълимӣ, ҳуҷҷатҳои асосии соҳаи маориф ва ҳуқуқҳои кӯдак шинос бошанд.

Дар дастурамал чораҳои интизомӣ нисбат ба вайронкорон ва механизмҳои ислоҳи рафтори онҳо муқаррар карда шудаанд. Ин тадбирҳо метавонанд сӯҳбатҳои тарбиявӣ, иштирок дар чорабиниҳои мавзӯӣ ва дигар шаклҳои таъсиррасониро, ки ба тағйир додани рафтори хашмгин равона шудаанд, дарбар гиранд.

Дастурамал инчунин перомуни ҳифзи маълумоти шахсии хонандагон ва кормандон, бахусус дар заминаи тафтишоти киберозордиҳӣ чораҳо пешбинӣ кардааст. Ғайр аз ин, ҳамкории масъулини макобитро бо созмонҳои ҳуқуқи башар, мутахассисон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ зарур донистааст.

Тухмшикании хонандагони як мактаби Душанбе
Акс аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Ба куҷо метавон шикоят кард?​​​​​​​

Дар сурати бо озордиҳӣ ва киберозордиҳӣ дар макобити миёна мувоҷеҳ шудан омӯзгорон, директоро, омӯзгорон ва волидон метавонанд ба мақомоти масъул муроҷиат кунанд.

Тамос бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсмен):

Суроға: шаҳри Душанбе, кӯчаи Бохтар, 10

Телефонҳо: 221 79 89, 221 79 69

Почтаи электронӣ: [email protected]

Намояндагӣ дар минтақаҳо:

Хоруғ (ВМКБ): к. Ленин, 25, + (8) 3522-2-32-84, [email protected]

Хуҷанд (Суғд): к. Фирдавсӣ, 120, ошёнаи 4, + (8) 3422-6-28-68, [email protected]

Бохтар (Хатлон): к. Б.Ғафуров, 11, + (8) 3222-2-79-32, [email protected]

Кӯлоб (Хатлон): хиёбони И. Сомонӣ, 36, ошёнаи 4, ҳуҷраи 42, + (8) 3322-2-22-93, [email protected]

Турсунзода (НТҶ): к. И.Сомонӣ, 37, + (8) 3130-2-85-10, [email protected]

Исфара (Суғд): к. Марказӣ, 10, + (8) 3462-2-78-82, [email protected]

Айнӣ (Суғд): к. Рӯдакӣ, 37, (ошёнаи 2), + (992) 92-707-06-65, [email protected]

Рашт (НТҶ): шаҳраки Ғарм, к. И.Сомонӣ, 42, + (8) 3131-2-14-13, [email protected]

Қабодиён (Хатлон): к. И.Сомонӣ, 36, + (8) 3251-2-26-35, [email protected]

Вазорати корҳои дохилӣ:

(+992 37) 221-87-20; (+992 37) 227-67-00; (+992 37) 221-86-76, почтаи электронии [email protected]

Телефонҳои боварии Вазорати корҳои дохилӣ - 1919, 102, 221-21-21.

Ёдовар мешавем, ки чанд муддат паёпай ҳолатҳои озордиҳӣ дар макотиби Тоҷикистон зиёд расонаӣ гардид ва чанде пештар “Азия-Плюс” дар мақолаи “Мансаби падар набояд пуштибони писар шавад!”. Дар латукӯби омӯзгорон дар мактабҳо кӣ гунаҳкор аст?” баррасӣ кард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.